Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор мегардад

Shared to Facebook

17 июл дар шаҳри Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Тавре Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар додааст, дар форум соҳибкорони Амороти Муттаҳидаи Араб бо роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва сайёҳии Амороти Муттаҳидаи Араб Абдулло ибни Тавқ Ал-Маррӣ иштирок менамоянд.

Дар доираи форум баимзорасонии санадҳои дуҷониба дар назар дошта шудааст.