Рӯнамоӣ аз нимпайкараи Одина Ҳошим дар шаҳри Душанбе

Shared to Facebook

10 апрел дар ноҳияи Сино парда аз рӯи нимпайкараи навбунёди овозхони маъруф, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Одина Ҳошим бардошта шуд.

Дар маросими ифтитоҳи он роҳбарони Вазорати фарҳанг, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ҳаводорон ва пайвандони овозхони шинохта ҳузур доштанд.