Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз густариши сирояти коронавирус низоми QR-кодро барои афроди ваксинашуда роҳандозӣ мекунад.
Сардори Раёсати Хадамоти санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров бо таъйиди ин маълумот ба “Спутник Тоҷикистон” гуфтааст, додани QR-кодҳо ба аҳолӣ дар наздиктарин фурсат амалӣ мегардад:
“Ҳоло таҷҳизоти фаннии лозима пурра ворид шудааст ва корҳо барои фаъол кардани он идома дорад. Ҳамин ки он ба кор омода гашт, додани QR-кодҳоро оғоз мекунем”, — гуфтааст вай.
Пешбинӣ шудааст, ки дар Тоҷикистон низ мисли дигар кишварҳо QR-кодҳо дар асоси пешниҳоди шаҳодатнома оид ба гирифтани ваксина дода шавад.
Ба иттилои манбаъ, дар асоси созишномаҳои марбута, QR-кодҳое, ки дар Тоҷикистон дода мешаванд, дар дигар кишварҳо, аз ҷумла, дар ҳудуди ИДМ ба кор мераванд.
Ин хабар дар ҳолест, ки айни замон Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон масъалаи гирифтани ваксинаи сеюми зидди коронавирусро баррасӣ мекунад. Аммо қабл аз он бояд на камтар аз 6 млн аҳолии кишвар ду ваксинаи заруриро бигиранд, иттилоъ додааст ба “Азия-Плюс” Наврӯз Ҷаъфаров.
Ба гуфтаи ӯ, гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ваксиназании сеюм байни гурӯҳҳои осебпазири аҳолиро ба нақша гирифта, баррасии он идома дорад.
Бино ба маълумоти расмӣ, Тоҷикистон ба 12 млн воя ваксина эҳтиёҷ дошта, то ҳол беш аз 8,4 млн воя ворид карда шудааст.
Тибқи маълумоти охири Вазорат, беш аз 58,1 дарсади шаҳрвандони ҷумҳурӣ зидди бемории коронавирус ваксина гирифтаанд.
Дар Тоҷикистон тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявии пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ҷиҳати пешгирии паҳншавии сирояти коронавирус, ки аз 3 июли соли ҷорӣ нашр шуд, эмгузаронии зидди COVID-19 барои шаҳрвандони аз 18-сола боло ҳатмӣ мебошад. Ваксина ройгон гузаронида мешавад.