Бино ба маълумоти расмӣ, наздик ба 90 дарсад аҳолии Тоҷикистон ба зидди коронавируси COVID-19 ваксина карда шудаанд. Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ хабар дод:
“То 23 феврал 5 миллиону 8 ҳазору 284 нафар ё 89,4 фоиз шаҳрвандони мамлакат ба ваксинатсия бар зидди бемории коронавируси COVID-19 фаро гирифта шуданд. Инчунин вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида 4 миллиону 288 ҳазору 826 нафар ё 76,6 фоиз шаҳрвандони мамлакат гирифтаанд”, — омадааст дар иттилоияи Вазорат.
Дар айни замон вояи сеюми ваксинаро, ки маъракаи гузаронидани он моҳи январ оғоз гардид, то кунун 315 ҳазору 476 нафар гирифтаанд.
Бино ба маълумоти Вазорат, ҷиҳати ба иммунизатсия фаро гирифтани аҳолии Тоҷикистон тавассути механизми байналмилалии COVAX ва кумакҳои башарӣ 11 269 920 воя ваксинаҳои “АстраЗенека”, “КоронаВак”, “Модерна”, “Спутник V” ва “Пфайзер” ворид карда ва мавриди истифодаи самаранок қарор дода шуданд.
Бино ба маълумоти расмӣ, аз аввали бақайдгирӣ то 23 феврали имсол дар Тоҷикистон 17388 нафар гирифторони сирояти COVID-19 ба қайд гирифта, аз ин шумора 17263 нафар (99,2{71e3f139ddb7d3693c5e6ac9bc14887c7a7ddbde000887efff05120848d0251e}) шифо ёфтаанд. Аз ин беморӣ дар Тоҷикистон 124 нафар фавтидаанд.