Ҳалокати боз ду кӯдак аз бепарвоии волидон

Shared to Facebook

Ҳафтаи сипаригардида боз ду ҳолати фавти кӯдакон ба қайд гирифта шудааст — яке дар натиҷаи ғарқшавӣ фавтида, дуввумӣ танҳо ба кӯҳ рафтаву сарозер шудааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии Тоҷикистон бо нашри ин маълумот гуфт, ин ҳодисаҳо дар натиҷаи бепарвоии волидон рух додааст, ки кӯдаконро беназорат гузоштаанд.

Ҳодисаи аввал рӯзи 7 май дар ҳоле рух додааст, ки ду писари 9-солаи сокини шаҳри Ваҳдат дар дарёи Кофарниҳон оббозӣ карда, ғарқ шудаанд. Сокинон, онҳое, ки дар наздикии ҷойи ҳодиса қарор доштанд, якеро наҷот додааанд.

“Мутаассифона, мавҷи тӯфонии дарё дар як чашм задан кӯдаки дигарро аз назарҳо ғоиб кард. Кормандони наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба ҷойи ҳодиса расиданд ва корҳои ҷустуҷӯ ва наҷотро оғоз намуданд. Вале ин ҷустуҷӯҳо натиҷа надоданд”, — хабар дод маркази матбуоти КҲФ Тоҷикистон.

Ҳодисаи нохӯши дигар, ки боз ҳам бар асари бепарвоии волидон рух додааст, дар ноҳияи Лахш ба қайд гирифта шудааст. Як писарбачаи 11-солаи сокини деҳаи Тилбон танҳо барои ғунучини туршӣ ба кӯҳ рафтаву аз баландӣ афтодааст: 

“Ҳангоми ғунучини ин рустании доруворӣ аз риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ аз баландии тақрибан 30-40 метр сарнагун шуд ва дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид. Баъди ҷустуҷӯҳои зиёд сокинони деҳа ҷасади ӯро пайдо карданд”, — хабар дод манбаъ. 

Вобаста ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандӣ аз волидон хостааст, ки талаботи Қонун “Дар бораи мсъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд”-ро иҷро кунанд.

“Хеле бомасъулият бошед, нагузоред, ки фарзандони шумо аз беназоратӣ дучори фалокатҳо шаванд.

Дар бораи бехатариву амнияти онҳо пайваста бияндешед!” – таъкид кардааст КҲФ.