Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода дастаи “Ҳосилот”-и Фархорро бо ҳисоби бузурги 4:0 шикаст дода, ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон гардид. Ин дидор рӯзи 26 феврал дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо ҳузури 2 ҳазор тамошобин баргузор шуда, ҳамин тавр, марҳилаи финалии 11-ум Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон ба анҷом расид.
Муваффақияти дастаи Турсунзода тавассути ду голи Артур Фозилов ва голҳои Шуҳрат Элмуродов ва Фатҳулло Фатҳуллоев муяссар гардид.
Ҳамлагари дастаи “Регар-ТадАЗ” Артур Фозилов, ки ба дарвозаи “Ҳосилот” ду гол зад, беҳтарин бозигари бозии ниҳоии Ҷоми ФФТ-2022 эълон шуд.
Ҳамин тариқ, тими “Регар ТадАЗ” маротибаи сеюм соҳиби Ҷоми ФФТ шуд. Ин даста қаблан солҳои 2012 ва 2016 ҷомро ба даст оварда буд.
Дар бозӣ барои ҷойи сеюм “Файзканд”-и ноҳияи Восеъ “Хатлон”-и Бохтарро шикаст дод – 3:1. Дар ҳайати тими ғолиб Амирҷон Сафаров ду гол зад. Як голи дигарро Оятулло Сафаров ба номаш навишт.
Дар марҳилаи финалии Ҷоми ФФТ, ки 16-26 феврал доир гашт, 8 даста дар ду гурӯҳ бозӣ карданд: гурӯҳи “А”: “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода), КМВА (Душанбе), “Ҳосилот” (Фархор), “Истаравшан” (Истаравшан); гурӯҳи “Б”: “Куктош” (Рӯдакӣ), “Файзканд” (Восеъ), “Хатлон” (Бохтар), “Спитамен” (Спитамен).
Ҷоми ФФТ-2022
Бозӣ барои ҷойи 3-юм
“Хатлон” – “Файзканд” – 1:3
Голҳо: Амирҷон Сафаров, 15 (0:1). Тоҳирҷон Тағойзода, 26 (1:1). Амирҷон Сафаров, 42 (1:2). Оятулло Сафаров, 85 (1:3).
Бозигари беҳтарини дидор: Амирҷон Сафаров (“Файзканд”).
Довари асосӣ: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).
26 феврал. Майдони марказии шаҳри Ҳисор. 150 тамошобин.
Финал
“Ҳосилот” – “Регар-ТадАЗ” – 0:4
Голҳо: Артур Фозилов, 65 (0:1). Артур Фозилов, 70 (0:2). Шуҳрат Элмуродов, 79 (0:3). Фатҳулло Фатҳуллоев, 88 (0:4).
Пеналтии иҷронашуда: Фирӯз Бобиев (“Регар-ТадАЗ”), 44 – дарвозабон.
Бозигари беҳтарини дидор: Артур Фозилов (“Регар-ТадАЗ”).
Довари асосӣ: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).
26 феврал. Варзишгоҳи марказии Душанбе. 2000 тамошобин.
Вохӯриҳои финали Ҷоми ФФТ (2012-2022):
2012 – “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) – “Хайр” (Ваҳдат) – 1:0
2013 – “Хайр” (Ваҳдат) – КМВА “Помир” (Душанбе) – 1:1. Пеналтӣ – 6:5
2014 – “Истиқлол” (Душанбе) – “Хайр” (Ваҳдат) – 2:0
2015 – “Истиқлол” (Душанбе) – “Хайр” (Ваҳдат) – 5:1
2016 – “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) – “Хуҷанд” (Хуҷанд) – 1:0
2017 – “Истиқлол” (Душанбе) – “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) – 2:1
2018 – “Истиқлол” (Душанбе) – “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) – 3:1
2019 – “Куктош” (Рӯдакӣ) – “Истиқлол” (Душанбе) – 2:5
2020 – “Равшан” (Кӯлоб) – “Куктош” (Рӯдакӣ) – 1:2
2021 – “Хатлон” (Бохтар) – “Истиқлол” (Душанбе) – 0:1
2022 – “Ҳосилот” (Фархор) – “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) – 0:4