Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон тасдиқ кард, ки дар натиҷаи гирдиҳамоии ғайриқонунии рӯзи 16 май дар шаҳри Хоруғ — маркази маъмурии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, як сокини вилоят фавтида, се корманди мақомот захмӣ шуданд.
Маркази матбуоти ВКД дар изҳороте гуфт, 16 май, соати 18:30 “саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ Мамадбоқир Мамадбоқиров таҳти роҳбарӣ ва сарпарастии Улфатхоним Мамадшоева ва шахси дар ҷустуҷӯй қарордошта Алим Шерзамонов дар маҳаллаи Хоруғи болои шаҳри Хоруғ бо мақсади халалдор намудани амнияти ҷамъиятӣ, монеъ шудан ба фаъолияти мақомоти давлатӣ, тарсонидани аҳолӣ ва таъсиррасонӣ ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ барои қабули қарор ба манфиати ашхоси ҷиноятпеша гирдиҳамоии ғайриқонунӣ ташкил намуданд”.
Соати 20:40-и ҳамон рӯз бо супориши Мамадбоқир Мамадбоқиров як гурӯҳ ҷавонони ноогоҳ бо роҳбарии сокини 29-солаи маҳаллаи Ш.Шоҳтемури шаҳри Хоруғ Замир Назришоев ба хизматчиёни Раёсати ВКД дар ВМКБ, ки дар бинои Суди вилоят вазифаҳои хизматии худро иҷро мекарданд, ҳамлаи мусаллаҳона намуда, норинҷаки дастиро тарконидаанд.
Дар натиҷаи ин амалҳои ғайриқонунии номбурдагон муовини аввали Сардори Раёсати ВКД дар ВМКБ, полковники милитсия Ғайратшо Муборакшозода, корманди шуъбаи оперативии РҚД ВКД, капитан Шуҳрат Қамишев ва командири взводи таъйиноти махсуси Қисми ҳарбии 3503 ҚД ВКД, лейтенанти калон Абубакр Файзуллозода ҷароҳат бардошта, дар бемористон бистарӣ шудаанд.
Ҳангоми зада гардонидани ҳамлаи мусаллаҳона З. Назришоев захмӣ гардида, дар бемористон ба ҳалокат расидааст.
Дар ҷараёни амалиёт маводи махсуси зиддигирдиҳамоӣ истифода карда шудааст.
Мақомот мегӯянд, барои муайян кардани дигар аъзои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, ки дар ҳамлаи мусаллаҳона иштирок карданд, чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ идома доранд.
ВКД гуфт, нисбат ба саркардагони ин ҳодиса аз тарафи Прокуратураи ВМКБ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.