COVID-19: Сатҳи баланди сироят ва фавт дар Тоҷикистон

Shared to Facebook

Дар давраи хуруҷи навбатии коронавируси COVID-19 дар Тоҷикистон сатҳи баландтарини сироятёбӣ ва фавт аз ин беморӣ ба қайд гирифта шудааст. дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ гузориш дод.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти Вазорат, давоми шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон  43 ҳолати нави сироят ва 3 ҳолати фавт аз ин беморӣ сабт шудааст.

Ҳамчунин, 28 нафар пас аз муоилиҷа солим гардонида шудаанд.

Дар маҷмӯъ, бино ба маълумоти расмӣ, аз аввали бақайдгирӣ то 13 июл дар Тоҷикистон 13911 нафар гирифторони сирояти коронавируси COVID-19 сабт шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 13581 нафар (97,6{7fae7d3210038c923b19efe3ba7d28d4385a99b0ff0db68682322141649f6360}) шифо ёфтаанд. Бар асари ин беморӣ 107 нафар фавтидаанд.

Вобаста ба ин аз сокинони кишвар дархост шудааст, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, то субҳи 13 июл дар ҷаҳон 187 млн нафар мубталои ин беморӣ шуда, аз ин наздик ба 4,1 млн нафар фавтидаанд.

Аз ҳисоби сатҳи баланди сироятёбӣ ИМА (34,8 млн), Ҳиндустон (30,9 млн) ва Бразилия (19,1 млн) дар се ҷойи аввал қарор доранд.

Аз ҳисоби сатҳи баланди фавт бошад, дар се ҷойи аввал ИМА (623,4 ҳазор), Бразилия (535,9 ҳазор) ва Ҳиндустон (411,4 нафар) ҷойгиранд.

Бино ба омори пойгоҳи маълумотдиҳии Ourworldindata.org, то 13 июл дар ҷаҳон 3,4 млрд воя ваксинаи зидди коронавирус истифода шудааст.