Сафири Чин дар Тоҷикистон: Принсипи “Чини ягона” хатти сурхест, ки набояд убур кард

Shared to Facebook

Сафари Раиси палатаи намояндагони Конгресси ИМА Нэнси Пелоси ба Тайван, ки аввали ин моҳ сурат гирифт, сиёсати байналмилалиро тағйир дод. Аз ҷумла, гуфтугуҳое ба миён омаданд, ки ин қазия метавонад оғози таъсиси фронти “Украинаи дуюм” дар Осиё шавад. Ҳамакнун аксар коршиносони байналмилалӣ “масъалаи Тайван”-ро ба ду марҳила то ва баъди сафари Пелоси ҷудо мекунанд.

Чин дар вокунишҳои шадиди худ нишон дод, ки аз мавқеъгириҳои Вашингтон дар масъалаи Тайван хеле нохушоянд аст. Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тзи Шумин зимни як суҳбат муфассал ин қазияро шарҳ дод:

“Раиси Маҷлиси намояндагони Конгресси ИМА Нэнси Пелоси бо вуҷуди мухолифати шадид ва изҳороти қатъии Чин ба минтақаи Тайвани Чин як сафари ошкоро анҷом дод. Дар ин робита ҷониби Чин хашму эътирози шадид баён мекунад.

Қайд кардан мехоҳам, ки Тайван қисми ҷудонашавандаи ҳудуди Чин буда, ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин ягона ҳукумати қонунӣ ва намояндаи тамоми Чин мебошад. Чин ба ҳар гуна табодули расмии байни Тайван ва кишварҳое, ки бо Чин муносибатҳои дипломатӣ барқарор кардаанд, шадидан мухолиф аст. Ҳамчун мақоми сеюми ИМА, раиси Палатаи намояндагони Конгресси Амрико, Пелоси бо ҳавопаймои низомии ИМА ба Тайван сафар кард, ки на танҳо принсипи “Чини ягона” ва муқаррароти се изҳороти муштараки Чину Амрикоро ҷиддан вайрон намуд, балки тааҳҳудоти ИМА-ро, ки “истиқлолияти Тайван”-ро дастгирӣ намекунад, ошкоро зери по кард. Ҳамзамон, ин дахолати дағалона ба корҳои дохилии Чин, поймолкунии ҷиддии соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии Чин мебошад. Ин амал сулҳу суботро дар минтақаи Тайван ба таври ҷиддӣ халалдор карда, ба асосҳои сиёсии муносибатҳои Чин ва Амрико таъсири ҷиддӣ мерасонад. Принсипи “Чини ягона” тавофуқ ва ризоияти умумии ҷомеаи ҷаҳонӣ, заминаи сиёсии табодули Чин бо кишварҳои дигар, меҳвари манфиатҳои аслии Чин ва хатти сурхест, ки набояд убур кард.

Дар “Баёнияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни ҶМЧ ва ИМА”, аз соли 1979, Вашингтон ваъдаи қатъӣ додааст: “Иёлоти Муттаҳида эътироф мекунад, ки ҳукумати Чин ягона ҳукумати қонунии Чин аст ва дар ин замина мардуми Иёлоти Муттаҳида бо мардуми Тайван робитаҳои фарҳангӣ, тиҷоратӣ ва дигар робитаҳои ғайрирасмиро нигоҳ медорад”. Конгресси ИМА ҳамчун як қисми ҳукумат бояд уҳдадории ҳукумати ИМА-ро дар бораи сиёсати Чини ягона қатъиян риоя намуда ва тамосҳои расмиро бо Тайбэй қатъ кунад. Бо ин ҳол, ҳукумати ИМА доиман соҳибихтиёрии Чинро оид ба масъалаи Тайван ба чолиш кашида, аз сиёсати Чини ягона канорагирӣ мекунад ва дидаю дониста, дар гулугоҳи Тайван мушкилот ба вуҷуд меоварад. Мардуми Чин бо ин ҳаргиз муросо намекунад, ҷомеаи ҷаҳонӣ ба иғвогариҳо механдад. Мавқеи ҳукумати Чин ва мардуми Чин дар масъалаи Тайван мувофиқ аст ва беш аз як миллиарду 400 миллион нафар хитойӣ азму иродаи қавӣ доранд, ки соҳибихтиёрии миллӣ ва тамомияти арзии Чинро қатъан муҳофизат кунанд. Афкори ҷамъиятиро поймол кардан мумкин нест, бо оташ бозӣ кардан метавонад боиси худсӯзӣ гардад.

Аз замони барқарории равобити дипломатӣ байни Чин ва Тоҷикистон дар 30 соли пеш, Чин ва Тоҷикистон дар масоили марбут ба манофеъи аслии ҳамдигар, аз қабили истиқлолият ва тамомияти арзӣ аз ҳамдигар қотеъона пуштибонӣ мекунанд. Тоҷикистон ҳамеша ба принсипи Чини ягона пойбанд аст. Муносибатҳои Чину Тоҷикистон имтиҳони тағйирёбии вазъи байналмилалиро таҳаммул мекунанд, ҳам Чин ва ҳам Тоҷикистон мушкилоти гуногунро паси сар карда, ба дӯсти “оҳанин”-и дорои сарнавишти муштарак табдил ёфтанд. Рӯзи 1 август узви Шӯрои давлатӣ ва вазири корҳои хориҷӣ Ван И дар Тоҷикистон сафари муваффақе анҷом дод. Дар ҷараёни ин сафар Тоҷикистон пойбандии қатъии худро ба принсипи Чини ягона таъйид карда, Тайванро ҷузъи ҷудонашавандаи қаламрави Чин ҳисобид ва мухолифи мудохилаи беруна ба умури дохилии Чин дар масъалаи Тайван шуд.

Амалия нишон медиҳад, ки принсипи “Чини ягона”, — ин иродаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва тамоюли умумии замон мебошад. Симои гегемонистии ИМА комилан фош карда шуд. Одамон дар тамоми ҷаҳон торафт равшантар мебинанд, ки ИМА имрӯз бузургтарин вайронкунандаи сулҳ дар тамоми ҷаҳон мебошад”, — гуфт Сафир.