Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Субраҳманям Ҷайшанкар дар мусоҳиба бо нашрияи олмонии Handelsblatt бо ишора ба равобити устувор ва дӯстонаи кишвараш бо Русия гуфтааст, Ҳиндустон нақши эҳтимолии худро ҳамчун миёнарав байни Украина ва Русия истисно намекунад. Ҷайшанкар истисно накардааст, ки Ҳиндустон метавонад аз ҷиҳати назариявӣ нақши миёнарав дар муноқишаи Украинаро бозад.
“Мо ҳамеша хурсандем, ки кӯмак кунем, ба он ҷое, ки метавонем. Вақте ки ба мо муроҷиат мекунанд, мо боз ҳастем. Аммо мо чунин намешуморем, ки мо бояд дар ин самт кореро оғоз кунем”, — таъкид кардааст ӯ.
Ҷайшанкар ёдовар шудааст, ки кишвараш аллакай ба ҳайси ёвар баромад кард, вақте ки Туркия оид ба долон тавассути Баҳри Сиёҳ гуфтушунид мебурд. Ҳамчунин, Ҳиндустон аз бозрасии МАГАТЭ дар нерӯгоҳи атомии Запороже пуштибонӣ кард.
“Мо бо Русия равобити мӯътадил ва ҳамеша хеле дӯстона доштем. Ва равобити кунунии мо бо Русия бар асоси ин таҷриба аст”, — гуфтааст вай.
Ба гуфтаи ӯ, Русия ҳеч гоҳ ба манофеъи Ҳиндустон зарар нарасондааст. Ҷайшанкар ёдовар шудааст, ки Русия барои Ҳиндустон яке аз муҳимтарин таъминкунандагони маҳсулоти дифоъӣ боқӣ мемонад, зеро кишварҳои ғарбӣ муддати тӯлонӣ нисбат ба Ҳиндустон ба Покистон бартарӣ медоданд.
Вазъият дар соҳаи таъминоти энергия низ ҳамин тавр аст, шарҳ дод Ҷайшанкар. Ҳамин тариқ, пас аз сар задани низоъ дар Украина, Ҳиндустон ба харидани нафт ва дигар захираҳои энергетикӣ аз Русия шурӯъ кард, зеро кишварҳои ғарбӣ ба харидани тамоми захираҳои энергетикии Шарқи Наздик шурӯъ карданд.
“Дар бисёр ҳолатҳо таъминкунандагони мо аз Ховари Миёна ба Аврупо бартарӣ доданд, зеро Аврупо нархҳои баландтар пардохт мекард”, — гуфтааст ӯ.
Дипломат таъкид кардааст, ки агар Ҳиндустон ба харид аз Русия шурӯъ намекард, хатари бе захираҳои энергетикӣ мондан ё пардохти қимати гарон ба Ҳиндустон таҳдид мекард.
“Агар ҳеҷ кас нафти хомро аз Русия намехарид ва ҳама онро аз кишварҳои дигар мехариданд, нарх дар бозори энергетика боз ҳам гаронтар мешуданд. Таваррум дар ҷаҳон ба маротиб боло мерафт ва ин барои кишварҳои камдаромад ба як мушкили бузурги сиёсӣ табдил меёфт”, — илова кардааст ӯ.
Бино ба гузоришҳо, дар ҳоли ҳозир Ҳиндустон ягона абарқудрат дар ҷаҳон аст, ки танҳо нақши миёнаравро дар сесад муноқишаи асри 21 пешниҳод кардааст. Масалан, Ҳиндустон 25 сол боз барои сулҳ дар Афғонистон мубориза мебарад. Дар Ҳиндустон бовар доранд, ки сулҳу субот дар Афғонистон шарти мубориза бо терроризм аст.
Мардуми Ҳиндустон даҳшати соли 2008-ро фаромӯш накардаанд. 7 июли соли 2008 дар Кобул як ҳамлаи террористӣ ба вуқӯъ пайваст, ки ҳадафи он сафорати Ҳиндустон буд. Дар ин ҳамла 58 нафар кушта ва беш аз 100 нафари дигар ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд. 8 октябри соли 2009 террористон боз ба сафорати Ҳиндустон дар Кобул ҳамла карданд. Дар ин ҳамла 17 нафар кушта ва 63 тани дигар ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд. Масъулияти ҳарду ҳамларо гурӯҳи тундрави “Толибон” бар ӯҳда гирифт.
Дар пайи ин ҳодисаҳо вазорати корҳои хориҷии Афғонистон изҳорот пахш кард, ки Ҳиндустон кишвари бародар аст ва ҳеҷ як душман наметавонад равобити бани онҳоро вайрон кунад. Дар соли 2011 равобити Афғонистону Ҳиндустон бо имзои Созишномаи шарикии стратегӣ, ки аввалин созишномаи дуҷонибаи Афғонистон пас аз вуруди Шӯравӣ дар соли 1979 гардид, густариш ёфт.
Дар соли 2010 Gallup маълумотеро нашр кард, ки нишон медиҳад, 75% афғонҳо ба Ҳиндустон нисбат ба Иёлоти Муттаҳида ва Чин ақидаи беҳтар доранд. Ҳамчунин, 50% афғонҳо аз сиёсати Ҳиндустон комилан қаноатмандӣ изҳор кардаанд, ки баландтарин рейтинги мусбат барои Ҳиндустон дар байни ҳамаи кишварҳои минтақаи Осиё-Уқёнуси Ором аст.
Шоҳинбодов Н.
Н. Хваронина