Калимаи олмонӣ – фаронсавии “souveranitet – souverainete” имрӯз дар бисёр забонҳои халқҳои олам шаклан ё мазмунан ворид шуда, истиқлоли давлатиро ифода мекунад. Таърихан ин истилоҳ нисбат ба давлат истифода шуда, ба сифати яке аз нишонаҳои асосии давлат эътироф мешавад. Дар умум, истиқлоли давлатӣ мустақилии давлатро дар дохили давлат ва берун аз он дар муносибатҳои байналмилалӣ ифода мекунад. Дар таърихи давлатдории навини худ мо низ дар сатҳи Конститутсия (қонунгузорӣ) ва муоширати сиёсӣ ин истилоҳро ворид намудем, ки барои ташаккули давлатдории мустақили мо мусоидат менамояд.
Эълони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (9 сентябри соли 1991) ба як давраи бисёр мушкили ҷомеа рост омад. Душманони миллат бо дастгирии хоҷагони хориҷии худ ва роҳбарии ҳизби террористӣ – экстремистии наҳзати ислом барои ноил шудан ба мақсадҳои ғаразнок ҷомеаро ба гирдоби даҳшат тела доданд. Дар натиҷа, дар Тоҷикистон муноқишаҳои сиёсӣ оғоз шуда, баъдан ба ҷанги шаҳрвандӣ мубаддал гардид, ки ин мавҷудияти Тоҷикистон ва Истиқлолияти давлатиро зери хатари воқеӣ қарор дод. Муҳим ва зарур буд, ки ҳар чи зудтар пеши роҳи ҷанги шаҳрвандӣ гирифта шуда, давлат ва кишвари мустақили тоҷикон нигоҳ дошта шавад.
Албатта, ин кори саҳлу осон набуд. Аммо хираду фарҳанги азалии халқи тоҷик, одату анъанаҳои демократию инсонпарваронаи он, ки дар тули таърихи дароз ташаккул ёфта буданд, мусоидат намуданд, ки ин кор анҷом дода шавад.
Бо ин мақсад, вакилони халқи Тоҷикистон дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд ҷамъ омада, ҳокимияти конститутсиониро барқарор, роҳбарияти нави давлатро интихоб, мақсаду мароми ҷомеа ва давлати мустақилро муайян намуда, роҳу воситаҳои расидан ба онҳоро тарҳрезӣ карданд.
Яке аз масъалаҳои муҳимтарину аввалин-дараҷа — ҳар чи тезтар барқарор намудани ҳокимияти конститутсионӣ ба шумор мерафт. Зеро фаъолияти мақомоти давлатӣ, пеш аз ҳама, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ фалаҷ гардида, қисме аз кормандони онҳо мавқеи бетарафиро интихоб карда буданд, ки ин хатари воқеӣ барои аз байн рафтани давлати соҳибистиқлол ва парокандашавии миллати тоҷик буд. Чунин вазъият талаб мекард, ки ҳар чи зудтар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратӣ барқарор гардад, то Истиқлолияти давлатӣ, ягонагии миллат ва як¬порчагии мамлакат нигоҳ дошта шавад.
Пас аз иҷлосияи тақдирсоз, бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии роҳбарияти нави ҷумҳурӣ фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратӣ, инчунин, фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар минтақаҳои даргир барқарор карда шуданд. Бунёди Қувваҳои Мусаллаҳ аз сифр оғоз ёфт. Вобаста ба ин масъала Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин зикр карда буданд: “Аввалин коре, ки роҳбарияти нав ба он даст зад… эҳёи мақомоти қонунии ҳокимият, риоя ва назму низоми қонун, амнияти шаҳрвандон, фароҳам овардани шароити мусоиди зисту зиндагӣ ва кори пурсамари онҳо мебошад”.
Новобаста аз вазъияти мураккабу муташанниҷи ҳамонвақта, мақомоту сохторҳои номбурда ва ҷузъу томҳои онҳо тавонистанд истиқлолу озодӣ ва ягонагию тамомияти арзии Тоҷикистонро ҳифз намоянд, ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшанд, душманони миллатро саркӯб намоянд, амнияти одамонро таъмин карда, барои ба ҳаёти осоишта машғул шудани халқ шароити заруриро муҳайё созанд. Хизмати содиқона ва ҷонфидоёнаи кормандони ин сохтору мақомот буд, ки миллати тоҷик аз парокандашавӣ ва давлати тоҷик аз нобудшавӣ раҳо ёфт.
Ҳамин тариқ, хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ ва ба даст овардани ваҳдати миллӣ яке аз дастоварди муҳими таърихӣ ва тақдирсоз барои таъмини сулҳу субот, озодиву истиқлол ва рушду нумӯи ҷомеа мебошад.
Масъалаи дигар, ки барои ҷомеа ва давлат хеле муҳим ҳисобида мешуд, ин муайян намудани мақсаду мароми ҷомеа ва роҳи рушди минбаъдаи он буд.
Қобил ба зикр аст, ки баъд аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ ва соҳибистиқлол шудани ҷумҳуриҳои он, вазъияте ба амал омад, ки ҳар як давлат бояд мустақилона роҳу равиши минбаъдаи худро муайян мекард, зеро “бозсозӣ”-и горбачёвӣ ҷомеаи шуравиро ба як самти номуайяни сарбаста равона карда буд. Ба замми ин, дар арафа ва пас аз эълони Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон қувваҳои навзуҳуре ба майдон омаданд, ки мехостанд давлати исломиро барпо намоянд.
Ҳамаи ин омилҳоро ба инобат гирифта, Роҳбари давлати тоҷикон ҳанӯз дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ ба таври қатъӣ иброз намуданд: “Мақсади мо бунёди давлати демократии дунявӣ ва ҳуқуқбунёд аст. Ин мақсаду мароми аксарияти аҳолии ҷумҳурӣ мебошад. Ин роҳи мост ва мо ҳеҷ вақт аз ин роҳ намегардем”. Ин ягона роҳе буд, ки барои Тоҷикистон, миллати тоҷик имкон медод, ба ҷомеаи мутамаддин ва давлатдории муосир ҳамсафу ҳамқадам бошад, ояндаи дурахшони фарзандони худро таъмин намояд.
Албатта, барпо кардани чунин давлат кори саҳлу осон ва зудамалишаванда нест. Ин мақсад муддати тулониро талаб мекард, зеро ҷомеа бояд аз нигоҳи мафкуравӣ ва руҳиву равонӣ ба зиндагиву фаъолият тибқи талаботи арзишҳои демокративу ҳуқуқбунёдӣ ва дунявию иҷтимоӣ омода бошад. Зарур буд, ки ин арзишҳо аз ҷониби аъзои ҷомеа дарку ҳазм гардида, дар зиндагӣ ва фаъолияти ҳаррӯзаи онҳо амалӣ шаванд. Барои дар зиндагии одамон иҷро шудани онҳо як давраи муайян лозим аст. Дар ин муддат одамон низ тағйир ёфта, ба арзишҳои зикргардида мутобиқ мешаванд. Бинобар ин, зарурати давраи гузариш аз як давра ба давраи дигари ҷомеа (дар воқеияти мо гузариш аз як сохти ҷамъиятӣ ба дигар сохти ҷамъиятӣ) ба вуҷуд омад.
Ҳолати баамаломада танзими конститутсионии Истиқлолияти давлатӣ, мақсаду маром ва арзишҳои бунёдии ҷомеа, асосҳои ташкилӣ-ҳуқуқии сохтани (барпо кардани) давлатдории навинро талаб мекард. Бинобар ин, зарур буд, ки Конститутсияи давлати соҳибистиқлол ҳарчи зудтар таҳия ва қабул карда шавад. Бо назардошти ин зарурат, Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид.
Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ эълон кард. Дар ин ҷо хусусиятҳои хос ва асосии давлат номбар шудаанд. Ин хусусиятҳо дар як вақт арзишҳои асосии ҷомеа низ мебошанд, зеро давлат (мақомоту сохторҳои он) ниҳоди асосии таъминкунандаи фаъолият, қонуният ва тартибот, озодиву амният ва дар маҷмуъ, масъули фаъ-олияти муътадил ва самараноки ҷомеа мебошад.
Қобили зикр аст, ки дар зарфи 30 соли Истиқлолияти давлатӣ, сарфи назар аз мушкилоти мавҷудбуда (буҳрони иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа дар оғози истиқлолият, ҷанги шаҳрвандӣ ва оқибатҳои он) бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо ба дастовардҳои азими иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ, илмию фарҳангӣ мушарраф шуд. Пеш аз ҳама, заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангии ҷомеа ва давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ гузошта шуда, устувории онҳо таъмин гардиданд. Ба замми ин, Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 амалӣ шуда истодааст (марҳалаи якуми он иҷро гардид) ва он дигаргуниҳои куллиро дар рушди соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ таъмин намуда, омили пешрафти бузург дар Тоҷикистони муосир мешавад.
Хулоса, дар тули 30 соли Истиқлолияти давлатӣ, сарфи назар аз мушкилиҳои мавҷуда, заминаҳои устувори сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва ҳуқуқӣ гузошта шуданд ва онҳо имкон медиҳанд, ки рушди босуръати ҷомеа минбаъд низ таъмин гардад.
Зариф Ализода
ҳуқуқшинос