“Ислом бояд ҳамеша некӣ кунад. Мусалмон набояд бо сухан ё амал ба касе зарар расонад, ислом ба ваҳдат даъват мекунад, на ба ҷудоӣ, ба оромӣ ва сулҳ даъват мекунад. Агар дар байни мусалмонон ягон зуҳуроти манфӣ ба вуҷуд ояд, ин ба дини ҳақиқӣ дахл надорад, ба он бояд комилан дигар хел нигоҳ кард”.
Ин суханони Элбаси Нурсултон Назарбоев замоне садо доданд, ки силсилаи террорҳои тундгароён аз номи дини ислом амалҳои хунин анҷом дода, дар мафкураи ҷаҳониён исломситезиро бедор карданд.
Назарбоев, ки ҳанӯз дар замони диктатураи зиддидинии Шӯравӣ ба дину оин ба назари нек бархӯрд менамуд, ин аъмоли ғайрибашарии исломгароёну бадномкунандагони ин динро ба ҳеч ваҷҳ қабул надошт. Зеро медонист, ки дин мисли гушту нохун аз рӯзгор, зиндагӣ ва маънавиёти мардум ҷудонопазир аст. Беш аз 2 ҳазор сол мардум аз насл ба насл кешу оинҳои мазҳабиро нигоҳ доштанд. Дин меҳвар, ақрабак ва ченеки зиндагии мардум гардидааст. Аз ин рӯ, аз ибтидои Истиқлолияти давлатии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ин муҳаррики маънавии зиндагии мардумро таҷдид намуд. Он вақт барои Элбаси дар давраи гузариш ба шакли нави идоракунии иқтисодӣ ва маънавӣ, авҷи гуногунандешӣ, аз сангар баромадани милатгароён… ислоҳоти динӣ осон набуд. Вале Нурсултон Назарбоев аз кори амалӣ — рушди исломи воқеӣ шурӯъ кард.
Бо иқдоми ӯ як қатор давлатҳои исломӣ дар Қазоқистон шабакаи пурраи муассисаҳои таълимии исломӣ таъсис доданд. Аз соли 1991 инҷониб дар назди Идораи рӯҳонии мусалмонони Қазоқистон Донишкадаи олии исломии имом-хатибҳо, аз соли 2001 Донишгоҳи фарҳанги исломии Миср “Нур-Муборак” бо омӯзгорони мисрӣ (аз соли 2012 Донишгоҳи исломии Қазоқистон-Миср “Нур”) фаъол гардиданд. Бино ба маълумоти расмӣ, охирин донишгоҳ танҳо дар солҳои 2004-2011 беш аз 260 мутахассиси исломшиносиро омода кардааст. Аксари зиёди онҳо дар масҷидҳои Қазоқистон ба ҳайси имом ва ноиби имом шуда кор мекунанд.
Элбасӣ ба хубӣ дарк карда буд, ки мусулмони босавод ва оқил исломи покро ҳифз хоҳад кард. Ба ин хотир соли 2002 Институти исломии такмили ихтисоси имомхатибони Ҷумҳурии Қазоқистон кушода шуд. Имрӯз аз рӯи шумораи ҳар як ҳоҷӣ ба ҳазор нафар мусулмон Қазоқистон дар ИДМ дар ҷойи авал меистад.
Дастовард ва хизмати шоёни Нурсултон Назарбоев дар рушди анъанаҳои исломӣ маҳз дар он аст, ки ӯ дини мубини исломро ҳамқадам, шарик ва ҳамкори ҳамаи дину оинҳои ғайриисломии Қазоқистон медонад.
Элбаси Назарбоев нахустин Президенти давлати исломӣ мебошад, ки бо Ватикан ҳамкорӣ ва ҳамгироиро оғоз кард. Мутаассифона, бештари сарони давлатҳо ва ё роҳбароне, ки давлаташонро ба дин асос додаанд, ба муқаддасот ва ёдгориҳои ғайриисломӣ ва дигар мазҳабҳо аз тундравӣ даст намекашанд. Масалан, ҳаракати радикалии “Толибон”, ки ҳоло даъвои давлатдорӣ дар Афғонистнро дорад, ёдгориҳои нодири Буддоро дар Бомиён, тундгароён Сурия Палмираро нобуд карданд. Ба ҳамин монанд, соли 2019 Раҷаб Тайиб Эрдуғон осорхонаи масеҳии Ҳарами муқаддаси Софияро ба масҷид табдил дод.
Баръакси инҳо Нурсултон Назарбоев ибодатгоҳҳо ва осори христиании ҳудуди Қазоқистонро ҳифз намуд. Бо ибтикори ӯ як қатор қонунҳои муҳими ҳифз ва риоя ҳуқуқи озодии дин дар Қазоқистон ба тасвиб расиданд. Аз ин рӯ, 14 декабри соли 2001 бо мукофоти олии Ватикан қадр гардид.
Ордени “Пия” ва шаҳодатномаи рисарии ин орденро дар Остона ба Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев Апостол дар ҷумҳурӣ Мариан Олес супорид. Намояндаи Ватикан аз номи Поп ба Президенти Қазоқистон супоридани ҷоизаи Паёми Иоанн Павели II-ро қироат кард. Қаблан ин ҷоиза ба шоҳи Испания, президенти пешини ИМА Ҷорҷ Буш дода шуда буд.
Барои ҳифзи тавозуни озодии виҷдон, рушди равобити байнимазҳабӣ ва эҳтиром ба мардуми масеҳӣ ва католикии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев Сарвари Ватикан Иоҳан Павел-2-ро ба Қазоқистон даъват намуд. Дар шароити пас аз террори 11 сентябри соли 2001 ва исёни ниқорталабони масеҳии Аврупо ин даъват муъҷизаи маънавии давр гардид. Моҳияти ин сафар ва таъсири он ба тафаккури Қазоқистон ба дину оин мухталиф буд. Лекин Нурсултон Назарбоев тавонист мардуми кишварашро ба таҳаммулпазирӣ водор намояд. Бо вуҷуди он ки роҳбарияти Идораи маҳаллии рӯҳонии мусалмонон ва Калисои православии рус ба ин боздид хеле оромона вокуниш нишон доданд.
Ва ниҳоят баъди рӯзи ҳодисаҳои мудҳиши сентябри соли 2001 ташрифи сарвари Калисои католикии Рим Папа Иоҳан Павел II аз Қазоқистон оғоз гардид. Поп бори аввал аз Осиёи Марказӣ дидан кард. Ин ҳодиса дар олами ислом бесобиқа дониста мешавад. Тибқи омори расмӣ, ба зиёрати Поп 320 ҳазор зоирин аз 30 кишвар ширкат намуданд. Қатораи махсус аз Алмаато ташкил карда шуда, ба пойтахт зиёда аз 200 нафар католикҳои маҳаллӣ, коҳинон ва онҳое, ки мехостанд иштирокчии ин сафари таърихӣ шаванд, оварда шуданд. Шореҳони сиёсӣ ва динии дунё сафари Иоҳан Павели II ба Қазоқистонро сиёсати баробарии динӣ, таҳаммулпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ба дину оини мухталиф аз сӯйи Нурсултон Назарбоев маънидод намуданд.
Ташрифи сарвари Калисои католикӣ ягон манфиат ё ғарази динӣ ё сиёсӣ надошт. Дар дидор бо Назарбоев ва мулоқотҳо бо донишҷӯёни Донишгоҳи Авруосиёи Лев Гумилев сухан танҳо аз ҷаҳонсозӣ, рушди имконоти инсонӣ, таъмини зиндагии шоиста ва ҳамгироӣ ва ҳамзистии дину оинҳои ҷаҳон гуфта шуд.
Президенти Қазоқистон Элбаси Нурсултон Назарбоев пеш аз сафари Поп гуфт: “Қазоқистон на танҳо як пули ҷуғрофӣ, иқтисодӣ ва сиёсии байни Fарб ва Шарқ, балки як пули байни динҳо ва тамаддунҳо хоҳад шуд”.
Ин иқдоми ҷасуронаи бист сол қабл дар Қазоқистон ба рушди муносибатҳои байни кешу оинҳо таҳкурсии қавӣ гузошт. Аз ин лиҳоз имрӯз Қазоқистон ба як минтақаи озодии дину оин, баробарии дину оин ва рушди фарҳанг ва тамаддуни динҳои гуногун табдил ёфтааст.
Дар солҳои Истиқлолият дар Қазоқистон эҳёи воқеии дин ба амал омад. Бино ба маълумоти расмӣ, дар 30 сол шумораи иттиҳодияҳои динӣ 12 маротиба афзоиш ёфт, аз 671 дар соли 1991 ҳоло ба қариб 5200 адад расид.
Дар Қазоқистон 105 миллату халқиятҳо ба 9 кешу оину дин ибодат мекунанд. Қазоқистон ҳамзамон қаламрави каноникии Калисои православии русии Патриархати Маскав аст. Он аз ҷомеаи епархии Остона, Алмаато, Чимкент ва Акмола, Урал, Гурев, Қарағанда ва Шахтин, Костанай ва Петропавловск, Павлодар ва Уст-Каменогорск иборат буда, беш аз 900 сол дар паҳлӯи 7 мазҳаби дигари ин кишвар дар фазои ваҳдати куллӣ мавҷуданд.
Ҳамзамон бояд ба таҳаммулпазирии мардуми қазоқ аҳсан бояд гуфт: дар ин Қазоқситон 110 ҳазор нафар даҳриён (атеистон) низ озод зиндагӣ мекунанд. Усули сиёсати “Исо бо роҳи худ, Мӯсо ба роҳи худ”-и Нурсултон Назарбоевро бояд чун собиқаи ваҳдати динӣ дастраси умум гардонд.
Аз як далели таърихӣ набояд чашм пӯшид. Аллакай пас аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ, баъди заиф шудани сиёсат нисбат ба халқҳову фирориёни маҷбурӣ аз Олмону Қафқоз, аз миёнаҳои солҳои 1950-ум ягона дар Иттиҳоди Шӯравӣ дар Қазоқистон ҷамоатҳои калисои лютеранӣ, насронӣ-баптистҳо, адвентистҳо, меннонитҳо ташкил гардиданд. Дар муддати тӯлонӣ онҳо ғайриқонунӣ фаъолият мекарданд. Мардуми мусулмони Қазоқистон дар таърих ягон бор ба хушунати динӣ роҳ надодааст. Ташаккули ин равияҳо ва мазҳабҳо пайваста аз ҷониби ҳуқумати Қазоқистон пуштибонӣ мешуд.
Назарбоев ба ҳайси сарвари ҳизбӣ низ сиёсати эҳтироми куллӣ ба ҳами дину оинро тарғиб мекард. Ӯ имон ва динро сарчашмаи муҳими маънавият, ахлоқ ва рукни таҳаммулпазирӣ медонад.
Шеваи сарварии Назарбоев сиёсатмадорони Аврупоро ба ҳайрат гузоштааст. Пас аз воқеаҳои 11 сентябри соли 2001 дар байни зиёиён ва руҳониёни Fарб тундгароии мазҳабӣ ва исломситезӣ аз нав авҷ гирифта буд. Нурсултон Назарбоев дар мубориза бо ин зуҳуроти манфӣ аз минбарҳои СММ, САҲА, ИДМ роҳу усулҳои муборизаро пешниҳод намуд.
Иқдоми бист сол қабли Нурсултон Назарбоев маҳз ҳамзистӣ ва ҳамгироии диниро дар Осиёи Марказӣ асос гузошт. Аммо иқдому ташаббусҳои ӯ дар самти ваҳдати дину мазҳабҳо ва таҳаммулазирӣ бо ҳамин хотима намеёбад. Соли 2003 бо ташаббуси Назарбоев Анҷумани пешвоёни динҳои ҷаҳонӣ ва анъанавӣ таъсис ёфт, ки яке аз дигар иқдомоти ваҳдатофарини ӯ арзёбӣ мешавад. Бори аввал Анҷумани пешвоёни динҳои ҷаҳонӣ ва анъанавӣ 23-24 сентябри соли 2003 даъват карда шуд. Аз ин қабл, 13 феврали ҳамон сол, Элбаси дар Конфронси байналмилалии сулҳ ва ризоият, ки дар наздикшавии динҳо, фарҳангҳо ва халқҳо нақши муҳим дошт ва дар он намояндагони созмонҳои насронӣ, мусулмонӣ, яҳудӣ иштирок доштанд, суханронӣ карда, ташаббуси баргузории Анҷумани пешвоёни динҳои ҷаҳонӣ ва анъанавиро дар Қазоқистон пешниҳод кард. Ҳангоми сафари ӯ ба Ватикан аввалин шуда, намояндагони калисои католикӣ идеяи мазкурро дастгирӣ намуданд. Ҷустуҷӯи самтҳои умумиинсонӣ дар шаклҳои ҷаҳонӣ ва анъанавии динҳо ва фаъолияти як ниҳоди доимии байналмилалии динҳо барои муколамаи динҳо ва қабули қарорҳои мувофиқашуда аз ҷумлаи вазифаҳои асосӣ ва истиқрори сулҳ, ҳамоҳангӣ ва таҳаммулпазирӣ ҳамчун принсипҳои ҷовидонаи мавҷудияти инсон, расидан ба эҳтиром ва таҳаммулпазирии байни динҳо, конфессияҳо, миллатҳо ва қавмҳо ва пешгирии истифодаи эҳсосоти мазҳабии одамон ба ҳайси абзори низоъ ва ҷанг аз ҷумлаи афзалиятҳои ин Анҷуман ҳастанд.
Наҷмиддин Шоҳинбод
Боймуҳаммад Содиқов