Тоҷикистону Эрон раводидро бекор мекунанд

Shared to Facebook

Дар ҷараёни сафари расмии Президенти Эрон Сайид Иброҳими Раисӣ ба Тоҷикистон, ки 8-уми ноябр сурат гирифт, байни ду кишвар Ёддошти тафоҳум оид ба лағви раводид имзо гардид. Ёддошти тафоҳумро вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Эрон Сироҷиддин Муҳриддин ва Ҳусейн Амирабдуллоҳиён имзо кардаанд. Дар маҷмуъ, дар ҷараёни ин сафар байни ду кишвар 19 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

Ёдрас мекунем, ки то ин замон байни Тоҷикистон ва Эрон низоми раводид ҷорӣ буд ва шаҳрвандони ду кишвар танҳо бо дастрас кардани он ба давлатҳои ҳамдигар сафар карда метавонистанд.

Президенти Эрон Сайид Иброҳими Раисӣ имрӯз, 8 ноябр, бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард. Музокироти сатҳи олии ду кишвар ҳамин рӯз баргузор гардид. Дидору гуфтугуҳо аз мулоқоти хосаи президентҳои Тоҷикистону Эрон Эмомалӣ Раҳмон ва Сайид Иброҳим Раисӣ оғоз гардида, бо иштироки ҳайатҳои расмии ҷонибҳо идома ёфтанд.

Ба иттилоъи хадамоти матбуоти Сарвари давлат, дар доираи барномаи сафар зимни мулоқоту гуфтушунидҳо, ки дар фазои ҳусни тафоҳум баргузор гардиданд, доираи васеи масъалаҳои мубрами муносибат ва ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Изҳори боварӣ карда шудааст, ки муштаракоти зиёди таърихиву фарҳангии ду мардуми бародар минбаъд низ барои таҳкими фазои ҳусни тафоҳум, эътимод ва эҳтироми ҳамдигарӣ дар муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманд заминаи мусоид хоҳанд буд.   

Ҷонибҳо аз фазои созанда ва тамоюли мусбати муносибатҳои ду кишвар ва тавсеаи муҳтавои онҳо изҳори қаноатмандӣ кардаанд.

Дар ин зимн мавҷудияти имконоти фаровони Тоҷикистону Эрон барои густариш ва рушду таҳкими минбаъдаи робитаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун мавриди таъкид қарор гирифтааст.

Бо дарназардошти аҳаммият ва нақши муколамаи сиёсии сатҳҳои олӣ ва баланд дар раванди густариши ҳамкориҳои гуногунҷанба аз идомаи пурсамар ва мунтазами он ҷонибдорӣ сурат гирифтааст. Дар баробари ин, бештар фаъол гардонидани абзорҳои дуҷониба, иҷрои фарогири санадҳои ҳамкорӣ ва мувофиқаҳои гуногунсатҳ дар ҷодаи дастрасӣ ба ҳадафҳои волои ҷавобгӯ ба манфиатҳои мардумони Тоҷикистону Эрон шарти муҳим дониста шудааст.

Президенти Тоҷикистон тавсеаи равобити байнипарламентӣ ва фаъолияти босамари гурӯҳҳои дӯстии ин ниҳодҳоро аз ҷумлаи омилҳои муҳими рушди муносибатҳо арзёбӣ кардаанд.

Нақши муҳими Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангӣ ва ҷаласаи навбатии он, ки дар назар аст ояндаи наздик дар Душанбе баргузор гардад, дар густариши минбаъдаи равобити байни ду кишвар мавриди зикр қарор гирифтааст.

Ҳамчунин, зарурати талошҳои муштарак ҷиҳати амалӣ намудани Барномаи дарозмуддати ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷории ду кишвар то соли 2030  таъкид гардидааст.

Гузашта аз ин, роҳандозии тарҳҳои муҳим дар ҳавзаҳои саноат, энергетика, нақлиёт, коркарди маъдан, кишоварзӣ ва сайёҳӣ бо ҷалби сармоягузориҳои муштарак ба нафъи ду ҷониб дониста шудааст.

Фаъолияти мунтазами Кумитаи муштараки сармоягузорӣ ва Шурои муштараки соҳибкорон ҳамчун омилҳои муассир дар ин ҷода муаррифӣ гардидаанд.

Ҷонибҳо аз баргузории доимии Форумҳои соҳибкорон ва Намоишгоҳҳои молу маҳсулот дар қаламрави ҳамдигар ба сифати заминаи мусоиди ин раванд ҷонибдорӣ намудаанд.

Идомаи ҳамкориҳо дар бахши энергетика, аз ҷумла бунёди нерӯгоҳҳои барқи обиву офтобӣ дар қаламрави Тоҷикистон, аз самтҳои ояндадори ҳамкориҳои ҷонибҳо арзёбӣ карда шудааст.

Ҷонибҳо аз татбиқи тарҳҳои нақлиётиву коммуникатсионие, ки ду кишварро бо ҳам ва бо шабакаҳои байналмилалӣ мепайванданд, истиқбол намуда, истифодаи зарфиятҳои транзитии ҳамдигарро барои тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ба нафъи ду кишвар донистаанд.

Соҳаҳои тандурустӣ ва робитаҳои байни минтақаҳо, ҳамчунин, аз самтҳои ояндадор дар муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Эрон эътироф гардиданд.

Бо ишора ба шароити мавҷуда ҷиҳати густариши ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ, афзоиши парвозҳо байни ду кишвар ва соддагардонии низоми рафтуомад дар ин замина мусоид унвон гардидааст.

Ҳамзамон баргузории рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон дар қаламрави ҳамдигар аз омилҳои муҳими рушди ҳамкориҳои фарҳангиву башарӣ арзёбӣ карда шудааст.

Дар баробари изҳори қаноатмандӣ аз сатҳи хуби ҳамёрӣ дар чаҳорчӯби  созмонҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ, алоқамандии ҷонибҳо ба идомаи ҳамкориҳои бисёрҷониба изҳор карда шудааст.

Дар ҷараёни музокирот ҳамзамон атрофи масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла вазъи Афғонистон, қазияи Фаластин ва  дигар мавзӯъҳои рӯзномаи ҷаҳонӣ табодули афкор сурат гирифтааст.

Аз натиҷаи музокирот бастаи нави санадҳои дуҷонибаи  ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф ба имзо расидаанд, ки пояҳои ҳуқуқии муносибатҳои ду кишварро тақвият мебахшад.

Баъд аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Эрон бо иштироки Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Иброҳим Раисӣ маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.

Нахуст Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Иброҳим Раисӣ Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Ҷумҳурии Исломии Эронро имзо карданд.

Сипас, дар ҳузури Сарони давлатҳо Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи лағви раводид барои дорандагони шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷӣ;

— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамлу нақли байналмилалӣ ва транзитӣ тавассути бандари “Чобаҳор” байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати роҳ ва шаҳрсозии Ҷумҳурии Исломии Эрон;

— Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти миллии идоракунии офатҳои табиии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соҳаи идоракунии ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ;

— Ёддошти тафоҳум байни Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ситоди мубориза бо маводи мухаддири Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо;

— Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Котиботи Шӯрои олии минтақаҳои озоди тиҷоратӣ-саноатӣ ва махсуси Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ;

— Нақшаи роҳи иҷрои Барномаи ҳамкориҳои дарозмуддати иқтисодӣ ва тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон барои солҳои 2022-2030;

— Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи таҳқиқот, технология ва навоварӣ байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парки технологии Пардиси Ҷумҳурии Исломии Эрон;

— Ёддошти тафоҳуми ҳамкориҳои почтавӣ байни КВД “Почтаи Тоҷик” ва Ширкати миллии почтаи Ҷумҳурии Исломии Эрон;

— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони таъзироти ҳукуматии Ҷумҳурии Исломии Эрон;

— Тафоҳумнома дар бораи барқарорсозии алоқаҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳри Хуҷанди вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Язди Ҷумҳурии Исломии Эрон;

— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкориҳои илмию технологӣ байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати улум, таҳқиқот ва фановарии Ҷумҳурии Исломии Эрон;

— Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва ҳунар байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳури Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон

— Ёддошти тафоҳуми ҳамкориҳои илмӣ ва фанноварӣ байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Муовинати илмии Раёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон;

— Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон;

— Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Исломии Эрон;

— Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Созмони аснод ва Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон;

— Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни КВД “Шаҳри ҳушманд (Smart City)”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Созмони фанноварии иттилоот ва иртибототи шаҳрдории Машҳад ва

— Ёддошти тафоҳум байни Роҳи оҳани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳи оҳани Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар самти нақлиёти роҳи оҳан ба имзо расид.

Дар маҷмуъ, аз рӯйи натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Тоҷикистону Эрон 19 санади нав имзо карда шуд.

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Эрон ва маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ Сарони ду давлат барои хабарнигорон нишасти матбуотӣ ороста, бо изҳорот баромад карданд.