Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Захираҳои биологиро “фурӯ мебаранд”


29.04.2021 11:38

Количество просмотров: 33

Одамон аз захираҳои табиӣ, ки замин дар як сол истеҳсол мекунад, тақрибан 73% бештар истифода мекунанд, муайян кардааст таҳқиқоти нав. Дар гузориши нав “имконоти биологӣ”-и ҷаҳон - қобилияти экосистема барои тавлиди манбаъҳои табиӣ, дар муқоиса бо истеъмоли инсон муайян шудааст.

“Агар инсоният истифодаи бештари манбаъҳоро нисбат ба потенсиали биологии ҷаҳон идома диҳад, сатҳи захираҳои табиӣ коҳиш меёбанд ва дар ниҳоят комилан сарф карда мешаванд”, - навиштааст Daily Mail.

Муҳаққиқон аз Иёлоти Муттаҳида ва Шри-Ланка муайян карданд, ки кишварҳои сарватманд бештар аз имконоти худ зиндагӣ карда, захираҳоро “фурӯ мебаранд” ва одамони камбизоати бештарро ба “камбизоатии экологӣ” маҳкум мекунанд.

Барои он ки кишвар тавонад аҳолии худро дастгирӣ кунад, вай ё бояд захираҳои кофии мувофиқи боқимонда ба “изи экологӣ” дошта бошад, ё маблағ барои хариди захираҳо аз дигар кишварҳо, гуфта шудааст дар гузориш.

“Муҳаққиқон муайян карданд, ки соли 1980 ҷаҳон 119%-и имконоти биологии солонаи худро истифода бурд. Аммо то соли 2017 ин рақам 54% афзуда, ба 173% расид. Ин афзоиш, тибқи таҳқиқот, бо кишварҳои сарватманди дорои сатҳи баландтари зиндагӣ алоқаманд аст, ки барои нигоҳ доштани чунин тарзи ҳаёт ба манбаъҳои бештар ниёз доранд”, - менависад рӯзнома.

Дар тадқиқоте, ки дар маҷаллаи “Nature Sustainability” нашр гардидааст, истифодаи аз ҳад зиёди имконоти биологии Замин дар ҷангале нишон дода шудааст, ки дар давоми 50 сол инкишоф меёбад. Агар соле 2% ҷангал бурида шавад, дар 25 сол дар ҷангал дарахтони баркамол намемонанд - ин чизест, ки мутахассисон дар ҷаҳони воқеии мо мушоҳида кардаанд.

Муҳаққиқон муайян кардаанд, ки дар кишварҳои дорои даромади зиёд 14% аҳолии курраи Замин зиндагӣ мекунанд, аммо ин кишварҳо 52% -и имконоти биологии сайёраро истифода мебаранд.

“Кишварҳое, ки даромади баландтарро ба ҳар сари аҳолӣ доранд, низ ба қатори кишварҳое дохил мешаванд, ки баландтарин талабот ба захираҳоро доранд, аксар вақт хеле баландтар аз оне, ки дар саросари ҷаҳон истеҳсол кардан мумкин аст”, - навиштаанд муҳаққиқон.

Бино ба ин пажуҳиш, агар ҳамаи одамони рӯи замин талаботи миёнаи моддии сокинонро мисли Дубай медоштанд, ин талаботи 5 баробар ба имконоти биологии Заминро ба вуҷуд меовард. Ин рақам ба Швейтсария - 6, Гонконг – 2,8 ва Сингапур - 2,9 – ро рост омадааст.

Муҳаққиқон чунин “сарбории экологӣ”-ро монеаи ҷиддӣ барои решакан кардани камбизоатӣ дар саросари ҷаҳон номидаанд.