Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Гутерриш: Ин аср метавонад барои инсоният охирин бошад


12.10.2020 10:12

: 343

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид нақшаи мубориза бо гармшавии иқлимро дар саросари ҷаҳон муаррифӣ кард. Ба гуфтаи ӯ, гармшавии иқлим ба мавҷудияти тамаддуни башарӣ таҳдид мекунад:

“Агар мо ҳоло амал накунем, ин аср метавонад барои инсоният асри охирин бошад”, - ҳушдор дод Антонио Гутерриш, дар форуме, ки таҳти сарпарастии ташаббуси байналмилалии иқлим TED Countdown баргузор шуд.

Антонио Гутерриш ёдовар шуд, ки ба гуфтаи олимон, афзоиши ҳарорати ҷаҳонро дар сатҳи якуним дараҷа нигоҳ доштан лозим аст. Бо вуҷуди тавсияҳои иқлимшиносон, ин уҳдадорӣ ҳоло иҷро намешавад.

“Миллиардҳо одамон дар саросари ҷаҳон аллакай аз бефаъолиятии мо азият мекашанд. Аз сабаби вобастагии зиёд ба сӯзишвории фоиданок мо вақтро гузаронида истодаем. Тағйироти ҷаҳонии иқлим боиси сӯхторҳои бесобиқа дар ҷангалҳо, сиклонҳои шадид ва мунтазам, обхезиҳо, хушксолӣ ва дигар ҳаводиси шадиди вобаста ба обу ҳаво мешавад”, - гуфт Дабири кулли СММ

Ба гуфтаи Антонио Гутерриш, ягон кишвар дар ҷаҳон аз бӯҳрони иқлим эмин нест. Дар ин ҳолат дар ҳар як давлат аз ҳама бештар қишрҳои камбизоат ва осебпазири аҳолӣ, ки камтар аз ҳама дар пайдоиши мушкилоти тағйирёбии иқлим иштирок доранд, азият мекашанд.

“Дар 25 соли охир ба саҳми 10 фоизи сарватмандтарин аҳолии сайёра беш аз нисфи партоби карбон ба атмосфера рост меояд. Ба саҳми 50 дарсад камбизоатон - танҳо ҳафт фоиз. Мо ҳанӯз ҳам метавонем як ҷаҳони бехатартар, одилонатар ва устувор созем, аммо мо бояд зуд амал кунем”, - таъкид кард ӯ.

Гутерриш аз ҳукуматҳо ва тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки нақшаи оддиро дар асоси принсипҳои зерин қабул кунанд:

- сармоягузории афзалиятнок барои ҷойҳои кории “сабз”;

- даст кашидан аз дастгирии соҳаҳое, ки муҳити зистро ифлос мекунанд;

- қатъ кардани субсидияҳо барои корхонаҳое, ки бо истихроҷ ва коркарди сӯзишвории зеризаминӣ машғуланд;

- ба назар гирифтани хавфҳои иқлим ҳангоми қабули ҳама гуна қарорҳои молиявӣ ва сиёсӣ;

- ҳамкории глобалӣ дар рӯҳияи кӯмаки ҳамдигарӣ ва ҳамбастагӣ;

- кӯмак ба давлатҳое, ки дар мубориза барои иқлими солими сайёра қафо мемонанд.

Ба маълумоти СММ, ин нақшаи амалиётро аллакай ҳазорҳо ширкат, шаҳрҳо, минтақаҳо, донишгоҳҳо ва сармоягузорони хусусӣ, ки ӯҳдадор шудаанд, то соли 2050 партоби газҳои гулхонаиро ба атмосфера коҳиш медиҳанд, риоя мекунанд:

“Ман аз онҳое, ки аллакай ба ҳаракати мо ҳамроҳ шудаанд, миннатдорам. Ба дигарон бори дигар гуфтан мехоҳам, ки мо дар ин набард танҳо дар якҷоягӣ ғолиб омада метавонем”, - гуфт Антонио Гутерриш.


Комментарии для сайта Cackle