10 апрел дар ноҳияи Сино парда аз рӯи нимпайкараи навбунёди овозхони маъруф, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Одина Ҳошим бардошта шуд.
Дар маросими ифтитоҳи он роҳбарони Вазорати фарҳанг, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ҳаводорон ва пайвандони овозхони шинохта ҳузур доштанд.