Андешаҳо дар ҳошияи публисистикаи мустанади “Садриддин Айнӣ ва Инқилоби маданӣ”-и Саймумин Ятимов (маҷаллаи академии илмӣ-оммавии “Илм ва Ҷомеа”, №2 (40), 2025)
“Барои дарки алломаҳо дар баробари дониш, забон ва истеъдод ҷасорат зарур аст”
(Никколо Макиавелли, файласуфи итолиёвӣ)
_
Эътимоди комил дорем, ки пас аз мутолиаи мақолаи “Садриддин Айнӣ ва Инқилоби маданӣ”, ки дар маҷаллаи академии илмӣ-оммавии “Илм ва Ҷомеа”, №2 (40), 2025 ва дигар расонаҳои кишвар нашр гардид, ҳар фарди ба синни балоғатрасидаи Тоҷикистон осори устод Садриддин Айниро аз нав мехонад. Зеро ин мақолаи академикӣ хонандаро на танҳо ба бозгашт ба саҳифаҳои осори адиби бузург, балки ба андеша дар бораи нақши ӯ дар бедории фикрӣ ва худшиносии миллӣ водор мекунад. Дар симои Айнӣ мо на танҳо нависанда ва донишманд, балки равшанфикреро мебинем, ки бо қалам барои бедории ҷомеа, ҳифзи забон ва арҷгузорӣ ба таърихи миллат талош кардааст. Пас аз мутолиаи мақолаи Саймумин Сатторович, асарҳои ӯро метавон бо нигоҳи тоза хонд: ҳамчун бахше аз мубориза барои маърифат, ҳувият ва зиндагии нав.
Алифбои инқилоби мадании тоҷик бо ҳарфи аввали исми Айнӣ (Алиф) оғоз шуда, бо ҳарфи Ҷим (Ҷ), яъне сарҷамъии куллӣ, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1997 таъмин карда буд, анҷом меёбад.
Мутаассифона, дар 70 соли даврони Иттиҳоди Шӯравӣ мо инқилобро танҳо ба маънои шӯриши мусаллаҳона барои тағйири сохти давлат мефаҳмидем. Инқилоби маданӣ шӯриш ва исён дар ситоди тафаккур аст. Таърихи башарият ду инқилоби мадании пирӯзгаштаро дар ёд дорад: инқилоби мадании Иттиҳоди Шӯравӣ (1920-1930) ва инқилоби мадании Хитой (1966-1976). Онҳо ормони нав, идеология ва тарзи нави зиндагиро ҷорӣ намуданд. Дар асри 20, дар авҷи иқтисоди озоди бозоргонии ИМА, бори нахуст истилоҳи “инқилоби иқтисодӣ” истифода гардид. Баъдан се инқилоби иқтисодӣ – “мӯъҷизаи чинӣ”, “Биҳишти Малайзия” ва “ҷаҳиши Сингапур” – истеҳсол, истеъмол ва истисморро аз ҳам ҷудо намуда, эътидоли нафси инсониро таъмин карданд. Пас аз он инқилоби маданӣ сар зад.
Ҷомеашиносон собит карданд, ки пас аз ҳар инқилоби сиёсии нобарор буҳрони шадиди иқтисодӣ ва инқилоби маънавию маданӣ сар мезананд. Аммо инқилоби сиёсии Бухоро ва шикасти Аморати Бухоро барои инқилоби мадании тоҷик замина гузошт.
Табиист, ки миллионҳо нафар одамон ба сафи ин инқилобҳо пайвастанд. Аммо инқилоби мадании Садриддин Айнӣ бо дастгирии равшанфикрони давр оммаро аз ҷомеаи феодалӣ ба тарзи нави зиндагии дунявӣ интиқол дод. Файласуф ва ҷомеашинос Саймумин Ятимов дар бораи ташаккули маърифати сиёсӣ ва истифода аз ҳар гуна инқилоб барои пойдорӣ ва тақвияти давлатдорӣ қаблан дар асарҳои пурарзишаш – “Идеология ва манфиати миллӣ” (Д., 2015); “Унсурулмаолии Кайковус дар бораи хирад” (Д., 2015); “Таҳлили стратегӣ ва ояндабинии сиёсӣ” (Д., 2015); “Адабиёт ва диалектикаи ҳаёт” (Д., 2019); “Илм ва амният” (Д., 2019); “Иммануил Кант ва ташаккули субъекти сиёсӣ” (Д., 2019); паёми “Пешвои миллат ва масъалаҳои рушди давлат” (Д., 2019); “Хирадсолорӣ ва оини давлатдорӣ” бо хулосаҳои амиқи илмӣ таъкид кардааст.
Муаллифи ин сатрҳо дар чанд вокуниш ба ин мақолаҳо омӯзиши васеи ин осорро дар муассисаҳои таълимӣ ба вазоратҳои марбута гӯшрас карда буд. Аммо пешниҳодҳо аз саҳифаҳои коғаз ба барномаи амал накучиданд.
Ҳамаи қишрҳои ҷомеаи даврони Айнӣ, ба ақидаи файласуф Иммануил Кант, “Яке ба кӯл нигоҳ карда, дар он лой мебинад, аммо дигаре дар он ҷилои акси ситораҳоро мебинад” буд. Моҳияти ҷаҳоншумули хидмати устод Айнӣ дар он аст, ки ӯ дар ботлоқ бештар ситораҳои дурахшонро дид. Инқилоби маданӣ бедории ҳисси оштинопазирӣ ва бадбинӣ ба таассуби иртиҷоӣ, қишрҳои ифротгаро ва бегонамеҳварӣ буда, шакли нави афкори пешсаф ва зиндагии шоистаи инсониро бунёд менамояд. Профессор Ятимов ҳамаи унсурҳои асосноккунандаи муассис ва муаллифи инқилоби маданӣ будани Айниро матраҳ кардааст. Маҳз устод Айнӣ чанд меъёр ва реҷаи инқилобро ихтироъ кард.
Акнун, пас аз мутолиаи ин мақола, мо дарк мекунем, ки истилоҳи “маҳви бесаводӣ” дар инқилоби маданӣ аз муҳтавои худ дур афтодааст. Мардумро барои надонистани алифбо бесавод гуфтан гуноҳ аст. Қудрати Шуғнонӣ, Карим Девона ва Қорӣ Наврӯзшо хатро хонда наметавонистанд, аммо ҳазорҳо мисраъ аз Бедил, Ҳофиз ва Мавлоноро аз ёд медонистанд ва маънояшро шарҳ медоданд. Саводи саросарии мо фолклор ва панду ҳикмати мост; мардуми ба истилоҳ бесавод ҳеҷ гоҳ пандҳои баландарзишро намеофарид.
Маъмулан, ҷомеашинос Ятимов мақолаҳо ва публисистикаро ба ду қишри ақл – миёна ва олӣ равона мекунад. Ҳушдор ва тавсияҳои беғарази муаллиф хонандагони тамоми сатҳҳои шуурро ба андеша водор менамоянд. Зимни мутолиаи “Садриддин Айнӣ ва Инқилоби маданӣ” шояд саволе ба миён ояд: чаро маҳз имрӯз аз поягузории инқилоби устод Айнӣ ёдрас шуд, чаро даҳсолаҳо сол қабл не?
Ҷавобро банда аз ривояти пирамарди куҳистонӣ ёфтам.
Пирамарди куҳистонӣ пораи заминро аз сангу шағал ва хор тоза карда, решаи растаниҳои заҳрнокро нобуд намуд. Аммо заминро кишт накард. Баҳори оянда дар ин замин боз растаниҳои заҳрнок рӯиданд.
Таъкиду ишора ва дастурҳои мушаххаси олим Саймумин Ятимов ба он равона шудаанд, ки пас аз тоза кардани шуури хурофотӣ дар замини зеҳни одамон тухми инсондӯстӣ, ватанпарастӣ ва дунявияти зиндагиро кишт кунем.
Хонанда баръало ҳис мекунад, ки имрӯз, замоне ки “Толибон” ба доираи адабии Ҳирот ва мероси Хуросони Бузург чун осори паштутабор муносибат мекунанду даст дароз доранд, бархе ҳамсояҳо бузургони тамаддуни бостонии моро “хусусигардонӣ” мекунанд, нашру таблиғи “Садриддин Айнӣ ва Инқилоби маданӣ” айни муддао ва талаби рӯз аст.
Дар баробари ин, оҷонсиҳои иттилоотии ҷоҳилпараст ва садҳо ба ном блогери журналист ё журналисти блогер дар ИМА-ву Аврупо таърихро аз нав таҳрир карданӣ шуда, саҳми оламшумули тамаддуни тоҷиконро инкор кардан мехоҳанд. Маҳз ин мақолаи Ятимов зиёии ҷавони имрӯзаро аз “вирус”-и туркгароёни тундгаро (Ҳаргиз миллату давлати Туркияро дар назар надорам) ва эронапарастони хурофотӣ ҳифз менамояд.
Тасаввур кардан маҳол аст, ки Айнӣ дар иҳотаи 14 ҷунбишу гуруҳи иртиҷоии тоҷикбадбин ва дар шароити тақсими ҳудуди давлатҳо танҳо худаш парчами инқилобро бардошт. Бояд эътироф кард, ки дар оғози Инқилоби Октябр устод Айнӣ усули муборизаро ҳанӯз интихоб накарда буд. Умуман, ҳамаи зиёиёни равшанфикри ватанпарасти он давр равшаниро дар интиҳои нақб намедиданд. Ба қавли файласуф Людвиг Фейербах, “Маҳз оддитарин ҳақиқатро инсон аз ҳама охир дарк мекунад” (Людвиг Фейербах, “Моҳияти масеҳият”, саҳ. 125).
Устод Айнӣ дар инқилоби якум (қабули хати лотинӣ) ва дуюм – соли 1941, ҳангоми қабули алифбои кириллӣ, дар майдони набард аскари танҳо буд. Дар садҳо ҷилди пажуҳишҳои айнишиносӣ ва даҳҳо васоити таълимӣ ба инқилоби мадании Айнӣ ҳатто ишора ҳам нашуда буд. Аз ин рӯ, мақолаи публитсистии илмии “Садриддин Айнӣ ва Инқилоби маданӣ” имрӯз даъвати умумимиллӣ барои омӯзиши амиқтари устод Айнӣ мебошад.
Публитсист Ятимов чун файласуфи гуногунандеш фазо, вақт ва муҳитро ҳангоми кушодани чеҳраи бузургон истисно накарда, баръакс, онҳоро чун далели шайъӣ истифода мебарад. Қаҳрамон касест, ки барои шуҳрати хеш дигаронро қурбон намекунад. Устод Айнӣ се маротиба ба доми душманони миллат дучор шуда буд. Ба ӯ ҳатто кушта шудан таҳдид мекард. Муаррих ва рӯзноманигори маъруф Қурбон Аламшоев қобилияти фавқулодаи ташкилотчигӣ ва сиёсии устод Айниро бо чунин суханон тасвир кардааст:
“Тирамоҳи соли 1937 ҳолу аҳволи устод Садриддин Айнӣ хеле вахим буд. Баъди ҳабси ходимони намоёни ҳизбу давлатии Тоҷикистон – Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Абдураҳим Ҳоҷибоев, Абдулло Раҳимбоев, Сайфулло Абдуллоев, Чинор Имомов ва даҳҳо дигар кормандони ҳизбу давлат аз миёни тоҷикон ҳуҷум ба равшанфикрони тоҷик, аз ҷумла ба нависандагон, шоирон, рӯзноманигорон низ сахт хуруҷ кард. Яке аз ҳадафҳои тири душманон Садриддин Айнӣ буд. Садриддин Айнӣ аз босаводтарин тоҷикон буд ва тамоми нерӯи худро ба эҳёи таърихи миллат, адабиёт ва забони фаҳмои адабии тоҷикӣ бахшида буд. Ҳамчунин, ӯро дар корҳои сиёсӣ фаровон истифода мебурданд. Газетаҳои ӯзбекии “Ленин юли” ва “Ҳақиқати Ӯзбекистон” дар бораи Садриддин Айнӣ силсилаи мақолаҳои бардурӯғу сиёҳкунанда чоп карданд. Дар Тоҷикистон ҳам бисёре аз ашхос, хосса адибон, аз ин далелҳо истифода карданӣ шуданд. Колхозҳоеро, ки номи устодро доштанд, табдили ном карданд. Нашри асарҳои ӯро дар ТаджикГИЗ (Нашриёти давлатии Тоҷикистон) манъ намуданд. Ҳатто ба таъқиби бевоситаи хонаводаи ӯ оғоз карданд”.
Муаллиф, публитсист профессор Ятимов, шахсе, ки бо иттилоот миллатро дифоъ мекунад; фарде, ки аз сад иттилоот, бигузор 40 фоизи он дурӯғ бошад, равони оммаро кашф мекунад; мансабдоре, ки аз рӯи сад иттилоот симо, тарҳ ва муҳтавои замонро месозад, мақоми сиёсии Айниро барқарор кард:
“Таърихи тафаккури инсониро аз нигоҳи фалсафӣ, адабӣ, ҳуқуқӣ, ахлоқӣ ва маънавӣ асрҳо боз ду раванди ба ҳам зид ҳамроҳӣ мекунанд. Яке иртиҷоӣ (хурофоти асримиёнагӣ, бегонапарастӣ, рукуди зеҳнӣ ва ҷаҳолат) ва дигаре пешқадам (миллатдӯстӣ, меҳанпарастӣ, хештаншиносӣ, тарғиби идеяҳои маорифпарварӣ, илму хирад, ростиву растагорӣ, пайкор ба беадолативу дурӯғ, тороҷу ғорати мардуми бесарпаноҳ)”.
Ин бозёфти илмӣ аз салиқаи дурандешӣ ва мӯйро аз хамир беозор ҷудо кардани ҷомеашинос Ятимов шаҳодат медиҳад. Дар миёни ин дураванд раванди сеюм (дар илми ҷомеашиносӣ онро неруи сеюм низ меноманд – Н.П.) ноаён амал мекунад; намояндагони он хоинона, бо найранг, ба ҳар ду раванд (хирсона) хидмат мекунанд.
“Ин неруро танҳо одамоне, ки бо иттилоот кор карда метавонанд ва мантиқи классикии иттилоотро хуб медонанд” (С.К. Свигун, “Фронти махфӣ”, Москва: Политиздат, 1973).
Профессор Ятимов таърихи сиёсии даҳсолаи аввали солҳои навадумро хуб дар хотир дорад. Раванди тамоюли пешқадам дар муқобили гуруҳи иртиҷоии исломгаро ташаккул ёфт. Зиёиёни пешқадами қисмати ҷануби кишвар – аз вилоятҳои собиқ Кӯлоб, Хатлон, шаҳри Душанбе, панҷ ноҳия ва як шаҳри вилояти собиқ Ленинобод барои наҷоти миллат ва ҳифзи истиқлоли яксола муттаҳид шуданд. Бояд зикр кард, ки ин раванд аз оғози фаъолият муколама, гуфтугӯ ва дипломатияи мардумиро стратегияи мубориза интихоб карда буд. Аммо баъди силсилаи террорҳо дар Кӯлоб, водии Вахш, Чормағзак ва Душанбе барои дифои худ силоҳ ба даст гирифт.
Таърихи раванди дуюм дар романҳои “Ғуломон”, “Таърихи инқилоби Бухоро” ва “Ҷаллодони Бухоро” инъикос шудааст. Агар ба мисолҳо, тасвирҳо ва шарҳи илмии осори Ятимов саҳеҳтар зеҳн монем, равон, сурат, зоҳиру ботини сарварону арбобони ТТЭ ҲНИ, тарҷумаи ҳоли гуруҳҳои террористии “Ансоруллоҳ”, Салафия ва ДОИШ ҳувайдо мегардад.
Ҷомеашинос Ятимов фоҷиа, фалокат ва садамаи иҷтимоии қариб садсолаи миллатро дар се ҷумла фасеҳона, хеле мушаххас, далелнок ва хоно, барои тамоми ақлу шуур дастрас, иншо кардааст:
“Адибони имрӯза, ҳамасрони замони Истиқлоли моро чӣ мушкил домангир аст, ки чунин андешаву маҳсули эҷодро ба намоиш гузоранд. Аз тоҷики раҳгумзадаи замони ҷанги шаҳрвандии ба ном “демократ”, “муҷоҳид”, “муборизи роҳи исломи ноб”, муаллимбадбини пойбанди ҷаҳолату торикӣ, “зиёӣ” – профессорону журналистони (дар ҳоли ҳозир забондарози пушаймоннагаштаи) думрави муллоҳои ташаббускори ҷанги хонасӯзи шаҳрвандӣ ва акнун, дар даҳаи чоруми замони Истиқлол – ҷавонони гумроҳи узви созмонҳои террористии байналмилалӣ, зархаридони бозигарони геополитикӣ, соҳибунвонҳову мансабдорони хурофотзадаи бетарафи дампову хомӯши розӣ ба авҷи ҷаҳолату бегонапарастӣ қаҳрамонони воқеан табдилёфтаи бошууру муборизи роҳи эъмори давлати миллӣ офаранд”.
Узви вобастаи АМИТ Саймумин Ятимов паҳлуҳои торики зиндагӣ ва фаъолияти сиёсиву иҷтимоии Айниро равшан менамояд. Ва инак, профессор Ятимов дар илми айнишиносӣ самти нав – нақши коргардон, ба ибораи имрӯз “менеҷери” муваффақи сиёсиву иҷтимоиро кашф намудааст.
Бояд ба публитсист Ятимов офарин гуфт, ки дар мақолааш зарурати бунёдии омӯзишу рушди таълиму маърифатро таъкид менамояд. Тафовути наву куҳна дар қиссаи “Мактаби куҳна”-и устод Айнӣ хеле табиӣ ва воқеӣ тасвир гардидааст. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли 34 сол қариб ҳазор муассисаи таълимиро ифтитоҳ кард. Барои аёният дар ҳамаи ин мактабҳо бояд сурати “Мактаби куҳна”-и Айнӣ ва тасвири “Калтакзанӣ дар мактаби куҳна” овехта шавад.
Аз Шимолу Ҷанубу Шарқу Ғарб акси садои ҷаҳолат, ифротгароӣ ва терроризми идорашаванда, ки маҳсули адами адабу фарҳангу масъулияти ватандорист, баланд мешавад. Бадтараш он аст, ки терроризм ва ифротгароӣ ба давлат ё ҳукумати алоҳида табдил меёбанд. Мо бояд дар мисоли қаҳрамонони устод Айнӣ – Муқаннаъ, Спитамен, Темурмалик, Абумуслим ва Шерак даъвати Ҳаким Фирдавсиро шиори амал қарор диҳем:
Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.
Чун таҷрибаи касбиям имкон медиҳад, ки байни мардум бошам, вокунишҳои зиёд ба ин мақола маро ба андешаронӣ водор намуданд. Ҳамзамон, мо бояд такрор ба такрор нависем: шахсе, ки аз устухон, санги мазор ва катибаҳои фарсуда ёдгории бунёдгузори шеъри тоҷику форсро эҳё кардааст; фарде, ки тилисми худшиносии маънавии тамаддуни тоҷикро дар шакли “Намунаи адабиёти тоҷик” офаридааст (воқеан, имсол аз таълифи он сад сол пур шуд), сазовори унвони поягузори инқилоби маданӣ аст.
Бояд зикр кард, ки дар бораи ҳайсият, ҳуввият ва маҳорати эҷодӣ, инчунин тафсири осори адабию илмии ӯ даҳҳо ҷилд китобу рисола ва монографияҳо эҷод шудаанд. Аммо мақолаи “Садриддин Айнӣ ва Инқилоби маданӣ” падидаи нав дар ин самт буда, дастур ва оинномаи омӯзиши Айнӣ – бунёдгузори инқилоби маданӣ аст.
Мао Тзе Дун (1893–1976), доҳии инқилоби мадании Чин, зикр мекунад, ки “Ҳалокат дарёфти ҳақиқатро тақозо мекунад ва дарёфти ҳақиқат офариниш аст. Пеш аз ҳама, харобӣ ва худи нобудӣ офариниш аст”. Фалсафаи натиҷаи қонуни инкор моро таскин медиҳад, ки қурбониҳо ва талафот боиси такони рушди ҷомеа гардиданд. Ва идомаи фикри Мао Тзе Дун: “инқилоби маданӣ кори яксола нест ва он бояд ҳамрадифи қонунҳои табиат бошад”.
Хатти сурхи ҳамаи осори публисистикаи сиёсии Ятимов эътимод, эътиқод ва садоқати фардро ташкил медиҳад. Боре сиёсатмадори инқилобии Куба Фидел Кастро навишта буд: “Ман бо 82 кас инқилоб кардам. Агар бори дигар инқилоб зарур бошад, бароям панҷ нафари содиқ бас аст”. Барои инқилоби маданӣ Садриддин Айнӣ танҳо чанд ҳамсафи муътақид дошт. “Дар инқилоб пирӯзӣ вақте мерасад, ки омма ва инқилобчиён ба маънои инқилоб сарфаҳм раванд” (Лифшиц М. А. “Г. В. Плеханов. Очерк общественной деятельности и эстетических взглядов”). Зиёиён ва донишҷӯёни тоҷик ба маънои Инқилоби мадании Садриддин Айнӣ танҳо пас аз омӯзиши чунин асарҳои публитсистии профессор Ятимов сарфаҳм хоҳанд рафт.
Ба ҷойи нуқтаву мулнуқтаҳо ин панҷ хулосаро меорам:
- Бо саъю талоши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қумандонсолорӣ, зери фишор қарор додани омма аз ҷониби сарони ғайрирасмӣ, ғасби тиҷорат (рэкетирӣ), ғасби сарват, пулшӯӣ, мансабдор шудани руҳониёни мансабталош ва аҳзоби иртиҷоии тундгаро, анъанаҳои таҳмилгардидаи бегонагон, исрофкорӣ, фанатизми динӣ ва ҳизбӣ аз байн бурда шуданд. Чунонки дар боло ишора кардем, фазои аз ҷиҳати мафкуравӣ покшудаи омма бояд бо чунин мақолаҳои директивӣ, дастурӣ ва таълимӣ пур шавад, то идеологияи толибонӣ ва ҷудоихоҳӣ дар мафкураи мо аз нав тухм нагузоранд.
- Бо чунин мақолаҳо бояд Садриддин Айнӣ ҳамчун сиёсатмадор ва бунёдгузори инқилоби маданӣ, Айнӣ ҳамчун мусулмони дунявӣ, инчунин Садриддин Айнӣ ҳамчун омӯзгор ва мураббии миллат ба олам муаррифӣ гардад.
- Воқеан ҳам, истилоҳи “Рустами дунёи сухан, додгару додҷӯву хирадманд” бозёфти илмӣ ва эҷодӣ аст. Дар шаш калимаи ин ҷумла мо муҷассама, меъёр ва ченаки хираду матонати қавии миллиро пайдо менамоем.
- Хеле муҳим ва зарур аст, ки дар асоси хулосаҳои Ятимов Кодекси ахлоқи бинокори ҷомеаи дунявии орӣ аз хурофотро таҳия намоем. Мо, наслҳои солҳои ҳафтодум, маҳз бо Кодекси ахлоқи коммунизм ба воя расидем, аммо давлат қудрати ҳифзи музаффариятҳои ин Кодексро надошт. Имрӯз Тоҷикистони тавоно ва ҷаҳоншумул, ҳукумати қавии мардумӣ қодир аст, ки шукуфоӣ ва ормонҳои олии миллиро ҳифз намояд.
- Дар шароити имрӯз, бо падид омадани зеҳни сунъӣ ва рушди иттилооти электронии бесим, идоракунии маҷозӣ ва фосилавӣ, мо бояд тавассути сохтори вижаи пажуҳишӣ саҳми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Садриддин Айниро дар инқилоби мадании Осиёи Марказӣ дастраси умум гардонем. Боз як паҳлӯи пурарзиши илмӣ ва амалии ин мақола дар он аст, ки мо, зиёиён, то ба ҳол дар улуму фунуни айнишиносӣ ақибмонда буданамонро дарк кардем.
_
Н. ПУЛОДӢ, шореҳи масоили сиёсӣ
Доктор Осим ФАРООНӢ, коршиноси масоили Осиёи Марказӣ




