Гуноҳи бегуноҳон чӣ буд? (Фоҷиаи фаромӯшнашуда ва сабақҳои талхи таърих)

Shared to Facebook Shared to Max

Ин ҳодиса воқеӣ аст, аз забони шоҳидони бевосита нақл мешавад ва дар хотираи сокинони ноҳияи Тоҷикобод ҳамчун яке аз саҳифаҳои талху фаромӯшнашавандаи солҳои пурошӯби Тоҷикистон боқӣ мондааст. Он солҳо давраи бисёр ҳассосу сарнавиштсоз барои давлатдории навини кишвар буданд; замоне ки нооромӣ, хушунат ва бархӯрдҳои мусаллаҳона ҳаёти осоиштаи мардумро зери хатар гузошта, садҳову ҳазорҳо инсонҳои бегуноҳро қурбон сохт.

Наҳзатиҳо ва ҳомиёни хориҷии онҳо аксаран кӯшиш мекунанд ин воқеиятро нодида гиранд, ки дар ҷараёни он рӯйдодҳо шаҳрвандони осоишта, кормандони давлатӣ ва ҳатто занону кӯдакони бегуноҳ қурбони зулму бедодгарии аъзо ва тарафдорони Ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ) гардидаанд. Барои дарк кардани андозаи фоҷиа, кофист ба як ҳодисаи мушаххас назар андозем – ҳодисае, ки насли калонсоли ноҳияи Тоҷикобод то имрӯз онро бо дард ба ёд меоранд.

28-уми апрели соли 1994. Рӯзе, ки барои як оила, барои як ноҳия ва дар маҷмӯъ, барои ҷомеа рӯзи сиёҳ гардид. Дар ин рӯз гурӯҳе аз террористони наҳзатӣ Саломов Идибек, муовини сардори Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Тоҷикобод ва ҳамсари ҳомилаи ӯро ба таври ваҳшиёна ба қатл расониданд.

Саломов Идибек ҳамчун корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифаҳои хизматии худро содиқона иҷро мекард, дар байни аҳолӣ обрӯю эътибор дошт, ҷонибдори суботу оромӣ ва зиндагии осоишта буд. Ӯро мардум ҳамчун шахси одил, масъул ва бофарҳангу фаросат мешинохтанд.

Бале, аз нигоҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ ӯ “душмани ғоявӣ” маҳсуб мешуд, чун дар тарафи қонун ва давлат қарор дошт. Аммо суоли асосӣ ин аст, ки гуноҳи ҳамсари ӯ чӣ буд? Зане, ки бо дили пур аз умед, бо орзуи ба дунё овардани фарзанд рӯзҳоро мешуморид. Тифле, ки ҳанӯз рӯшноии дунёро надида буд, ба кадом гуноҳ маҳкум ба марг шуд? Ин саволҳо то имрӯз беҷавоб мондаанд ва виҷдони ҳар инсони солимро ба ларза меоранд.

Ин гуна ҷиноятҳоро содиркардагонро метавон фаъолони сиёсӣ номид? Онҳоро демократ, озодандеш ё муборизи роҳи ҳақиқат хондан мумкин аст? Оё чунин амалҳо бо арзишҳои дини мубини Ислом, ки инсонгароӣ ва адолатро тарғиб мекунад, созгор аст? Ин суолҳо на танҳо эҳсосӣ, балки ахлоқӣ ва ҳуқуқӣ низ ҳастанд.

Ба шунидаам, шоҳидони зинда ҳанӯз ҳастанд. Онҳо бо чашми худ ин ҳодисаи мудҳишро дидаанд. Баъзе аз онҳо ҳатто дар ҷойи ҷиноят ашёе – кӯлоҳи яке аз қотилонро пайдо карда буданд, шахсе, ки баъдтар бархе созмонҳои байналмилалии ба ном “ҳомиёни ҳуқуқи башар” ва ҳамнавоёни онҳо ӯро “маҳбуси сиёсӣ” муаррифӣ карданд. Ин тафовут байни воқеияти дидаю шунида ва тасвири беруна, ки имрӯз пешниҳод мешавад, дарди дигарест бар захмҳои куҳна.

Ҷамшед ва Ёрибек – писарони Саломов Идибек – он замон кӯдакони хурдсол буданд. Имрӯз онҳо сокинони ҳамин ноҳияанд, зиндагӣ мекунанд, кор мекунанд ва бо хотираи талхи қатли волидайнашон умр ба сар мебаранд. Оё метавон интизор шуд, ки чунин фоҷиа аз хотираи инсон пок шавад? Оё захми чунин беадолатӣ бо гузашти солҳо сиҳат мегардад?

Мутаассифона, дар он солҳо дар минтақаи Қаротегин шароити таҳқиқи ҳамаҷониба ва мурофиаи пурра вуҷуд надошт. Нооромӣ имкон намедод, ки ҳар ҷиноят ба таври лозимӣ сабт, таҳқиқ ва баҳои ҳуқуқӣ гирад. Бисёре аз далелҳо ва изу пайи ҷиноятҳое, ки аз ҷониби террористони наҳзатӣ содир шудаанд, бо гузашти вақт несту нобуд гардиданд. Ин ҳолат боиси он шуд, ки як қатор ҷинояткорон аз ҷавобгарӣ гурехта, бе ҷазо монданд.

Аммо хотираи мардум, шаҳодати шоҳидон ва дарди оилаҳои зарардида зинда аст. Ин хотираҳо на барои барангехтани кина, балки барои дарси таъриханд, то фоҷиаҳои монанд дигар ҳаргиз такрор нашаванд ва ҳақиқати он солҳо таҳриф нагардад.

Дар идомаи мантиқии зикри ин ҳодиса, пас аз ёдоварӣ аз фоҷиаи хунини солҳои 90-ум, бояд ба як нуктаи бисёр муҳим таваҷҷуҳ кард: имрӯз барои аксари ҷомеа равшан аст, ки иддае аз гурӯҳҳо ва созмонҳо бо сӯистифода аз номи дини поки ислом даст ба амалҳое мезананд, ки ҳеҷ иртибот ба моҳият, арзишҳо ва аркони ин дин надоранд. Қатли бузургсолон, занон ва тифлони ноболиғ, таҳдид, иғво ва барангехтани кинаву адоват на танҳо аз нигоҳи қонун, балки аз лиҳози ахлоқиву динӣ низ маҳкум карда шудааст. Ислом дини сулҳ, раҳмат ва инсондӯстист, на василаи зӯроварӣ ва худхоҳӣ.

Дар марҳилаи ҳозира мо шоҳиди он ҳастем, ки идеологияи хатарноки ин гурӯҳҳо асосан ба ҷавонон нигаронда шудааст. Бо истифода аз шиорҳои бофтаву эҳсосбарангез, таълимоти “гӯё динӣ” ва тафсирҳои таҳрифшудаи арзишҳои исломӣ, онҳо мекӯшанд ҷавононро аз оила, ҷомеа ва давлат дур созанд. Ин гуна гурӯҳҳо амалҳои низоъпарастӣ, ифротгароӣ ва ҳатто террористиро бо вожаҳои зебо, ба мисли “қаҳрамонӣ” ё “фидокорӣ” пӯшонида, дар асл, ҷавононро ба роҳи нобудӣ мекашанд.

Мисоли равшани чунин рафторро метавон дар фаъолияти роҳбарият ва аъзои ТТЭ ҲНИ, ПМТ ва “Гурӯҳи 24” дид, ки ҳадафашон паст задани нуфузи арзишҳои миллӣ, заиф гардондани пояҳои давлатдорӣ ва ноил шудан ба манфиатҳои шахсиву душманонаи худ мебошад. Дар матлабҳо, баромадҳо ва навиштаҳои онҳо пайваста кӯшиши сиёҳ кардани давлату миллат, тӯҳмату буҳтон нисбат ба роҳбарияти кишвар ва барангехтани низоъ мушоҳида мешавад. Ин раванд тасодуфӣ нест, балки як хатти барномарезишудаест, ки ба манфиатҳои неруҳои хориҷӣ ва ҳадафҳои геополитикӣ хизмат мекунад.

Хатар дар он аст, ки чунин созмонҳо аз нигоҳи шаклу усули амал аз дигар ташкилотҳои террористии байналмилалӣ фарқи ҷиддӣ надоранд. Таҷрибаи талхи минтақа ва ҷаҳон нишон медиҳад, ки маҳз бо ҳамин роҳ кишварҳоро ба гирдоби бесуботӣ мекашанд, мувозинати динию мазҳабиро вайрон мекунанд ва ҷомеаро ба сӯи бархӯрдҳои дохилӣ тела медиҳанд. Раванди ҳодисаҳо дар Афғонистони ҳамсоя барои ҳамаи мо дарси ибрат аст: вақте ифротгароӣ ва сиёсисозии дин дастболо мешавад, аввал амният, сипас давлатдорӣ ва дар ниҳоят ҳаёти осоиштаи мардум аз байн меравад.

Мушоҳида мешавад, ки дар чанд соли охир фаъолияти таблиғии аъзову роҳбарони ТТЭ ҲНИ бахусус дар шабакаҳои иҷтимоӣ бештар характери иғвою дасиса касб кардааст. Талоши дигаргунсозии мафкураи ҷомеа, пароканда сохтани ваҳдати миллӣ, таҳқиру тӯҳмат ба роҳбарияти олии давлат ва даъватҳои пинҳону ошкоро ба дигаргунсозии сохтори конститутсионӣ, ки дар гуфтору навиштаҳои онҳо ба назар мерасад, ҳама нишонаҳои як хатти хатарноканд. Ҳатто аз муқаддасоти динӣ барои барангехтани ихтилоф истифода мекунанда. Ҳоло он ки худи арзишҳои исломӣ чунин рафторро қатъиян рад мекунанд.

Таври маълум, танқид бидуни далел, иғво бидуни масъулият ва тӯҳмат бидуни ҷавобгарӣ на мухолифати сиёсӣ, балки хусумати шахсӣ ва кӯшиши бесуботсозии ҷомеа аст. Аз ин ҷост, ки чунин амалҳо бо меъёрҳои Конститутсияи Тоҷикистон ва дигар қонунҳои амалкунанда мухолифат доранд ва барои онҳо ҷавобгарии ҳуқуқӣ пешбинӣ шудааст.

Дар идомаи ин андешаҳо зарур аст, ки як нуктаи дигарро низ равшан таъкид намуд. Ба гуфтаи коршиносон ва таҳлилгарони соҳа, иваз кардани ном ё таъсиси созмонҳои ба истилоҳ “нав” ҳеҷ гоҳ моҳият ва ҳадафҳои аслии ТТЭ ҲНИ-ро тағйир надодааст. Баръакс, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ин ташкилот, новобаста аз ном ва ниқобе, ки имрӯз ба бар кардааст, нақшаҳо, равобит ва пайвандҳои ифротгароёнаи худро бо дигар гурӯҳҳо ва созмонҳои террористию экстремистӣ ҳифз намудааст.

Маҳз аз ҳамин ҷост, ки коршиносон ҳушдор медиҳанд: бозӣ додани ТТЭ ҲНИ тавассути таъсиси сохторҳои нав, аз ҷумла дар шакли ПМТ ва монанди инҳо, метавонад ҳатто барои худи кишварҳои аврупоӣ низ пайомадҳои ғайричашмдошт ба бор орад. Таҷрибаи солҳои гузашта собит намудааст, ки наҳзат ҳамчун таблиғгари афкору ғояҳои бегона борҳо аз фазои боз ва озоди иттилоотӣ сӯистифода карда, онҳоро на барои рушди ҷомеа, балки барои пешбурди ҳадафҳои тахрибкоронаи худ истифода намудааст.

Дар маҷмуъ, таҳлили ҳамаҷонибаи фаъолияти тахрибкоронаи наҳзати исломӣ нишон медиҳад, ки сиёсисозии дин ва ворид намудани ғояҳои бегона ба зеҳни ҷомеа хилофи пояҳои давлатдории дунявӣ, арзишҳои миллӣ ва манфиатҳои стратегии Тоҷикистон мебошад. Таърих аллакай исбот кардааст, ки омехтани дин бо ҳадафҳои сиёсӣ ва ифротӣ на ба адолат меорад, на ба ободӣ, балки ҷомеаро ба ихтилоф, нооромӣ ва фоҷиа мекашонад.

Аз ин рӯ, дар шароити кунунӣ бетарафӣ дигар ҷой надорад. Ҳар як сокини кишвар, ҳар фарди огоҳу бедордил бояд нисбат ба ғояҳои ифротии бегонапарастонаи чунин гурӯҳҳо мавқеи равшан дошта бошад. Мубориза барои сулҳу субот, ҳифзи ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ танҳо вазифаи давлат ва ё як гурӯҳи одамон нест, балки рисолати умумимиллӣ аст. Ин масъулияти ҳар як шаҳрванд, бахусус ҷавонон ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа мебошад. Худдорӣ аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯе, ки дини мубини исломро бо терроризм айният медиҳанд, дарк намудани арзиши Истиқлолияти давлатӣ ва эҳтироми қонун – ин на танҳо қарз, балки шараф ва номуси ватандорист. Танҳо бо бедории фикрӣ, иттиҳоди ҷомеа, ҳушёрии иттилоотӣ ва эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ ва ҳисси масъулият метавон аз такрори фоҷиаҳои гузашта ҷилавгирӣ кард ва ояндаи амну осоиштаро барои наслҳои баъдӣ таъмин намуд.

Довуд ИСМАТӢ