Қавлу амали Шоҳрух Саидзода

Shared to Facebook

“Аз мавсими оянда (2021) чемпиони Тоҷикистон барои аввалин бор дар даври гурӯҳии бонуфузтарин мусобиқаи бошгоҳии Осиё — Лигаи чемпионҳо баромад мекунад ва ин як рӯйдоди барҷаста дар таърихи футболи миллӣ мебошад. Дар навбати худ, мо тамоми қувваамонро ба харҷ медиҳем, ки “Истиқлол” кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ сарбаландона муаррифӣ намояд”.

Ин банде аз паёми табрикии президенти дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе Шоҳрух Саидзода ба муносибати қаҳрамони Тоҷикистон шудани ин даста дар мавсими гузашта аст.

Дар кутоҳтарин фурсат қавл амалӣ шуд. Дастаи душанбегӣ таҳти роҳбарии Саидзода баҳори имсол дар майдонҳои арабӣ он қадар ҷавлон зад, ки новобаста аз чӣ гуна анҷом ёфтани марҳилаи якҳаштниҳоӣ дар Душанбе (14 сентябри имсол), барои ҳамешагӣ дар хотираи мухлисону дӯстдорони футболи тоҷик боқӣ мемонад.

Ҳамакнун ҳайати мураббиёну бозигари “Истиқлол” эътироф мекунанд, ки дастовардҳои варзишии ин клуб, ки ба пешрафти футбол дар Тоҷикистон таъсири мустақим дорад, бевосита дар натиҷаи талошу заҳматҳои президенти даста Шоҳрух Саидзода ба даст омадаанд.

“Ба туфайли заҳмат ва суботкории шумо, инчунин муҳаббати самимии шумо ба бозии №1, “Истиқлол” ба эҳтиром ва эътирофи умум дар сатҳи байналмилалӣ сазовор гашт. “Истиқлол” дар бонуфузтарин мусобиқаи клубҳои Осиё — Лигаи қаҳрамонҳои AFC ширкат варзид. Мо мутмаинем, ки Шумо минбаъд ҳам истеъдод, таҷриба ва дониши худро ба манфиати рушди клуби мо ва тамоми футболи тоҷик мебахшед”, — навиштаанд мураббиёну бозигарони даста дар номаи шодбошии худ ба муносибати зодрӯзи Шоҳрух Саидзода, ки имрӯз 35-сола шуд.

Ба гуфтаи шореҳони футбол, агар ба таърих ва дастовардҳои “Истиқлол” дар тамоми давраи мавҷудияташ назар андозем, рӯшан аст, ки чӣ гуна марҳила ба марҳила, дар пеши чашми мо ин даста ба яке аз бошгоҳҳои маъруфу қудратманд дар минтақа табдил меёбад.

То ду-се соли қабл ба Лигаи қаҳрамонҳои AFC баромадани дастаҳои тоҷикистонӣ танҳо орзу буд. Акнун воқеиятеро мебинем, ки дар пайи татбиқи ҳадафҳои мушаххас ба даст омаданд. Ҳанӯз соли 2010, замоне ки “Истиқлол” акнун дар футболи калон аз худ дарак медод, президенти бошгоҳ Шоҳрух Саидзода дар суҳбате изҳор дошта буд, ки ҳадаф ва орзуяш ба майдонҳои бузурги Осиё (Лигаи қаҳрамонҳои AFC) бурдани даста ва ба ин васила муаррифӣ кардани футболи тоҷик аст. Ҳоло аксаран ба ин андешаанд, ки орзу ва ҳадафи болозикри Шоҳрух Саидзода маҳз ба ҳамин рӯзҳо, ба ҳамин шодиву хурсандиҳо, ба ҳамин дастоварду таърихнависиҳо расонидани футболи тоҷику мухлисонаш буд, ки ба ҳар ҳол, муваффақ шуд.

Аммо аз саҳмгузориҳои Шоҳрух Саидзода на танҳо дар футболи тоҷик мегӯянд. Шоҳрух Саидзода, ки аз охири соли 2017 ба ин тараф дар вазифаи сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ифои вазифа мекунад, ҳамзамон яке аз кадрҳои муваффақ дар мақомоти корҳои дохилӣ эътироф карда мешавад. Бино ба шарҳи ҳолаш, вай барои ба даст овардани натиҷаҳои назаррас дар фаъолияти хизматӣ аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бо медалу нишонҳои сарисинагӣ, Ифтихорнома, Сипоснома ва ҳамчунин барои зоҳир намудани малакаю маҳорати касбӣ бо нишони сарисинагии “Корманди беҳтарини оперативӣ” сарфароз гардонида шудааст.

Ба ин маънӣ, Шоҳрух Саидзода аз ҷумлаи афродест, ки айёми пурҷӯшу хурӯши ҷавониро сарфи меҳнату номбардории миллату меҳан кардааст – чизе, ки барои Тоҷикистони соҳибистиқлол хеле муҳим аст.

Зодрӯз муборак, Шоҳрух Абдуфаттоевич!

Муним Оламов

Директори генералии

ҶДММ “ИмрӯзNews”