Дар вилояти Омски Федератсияи Русия сафари матбуотии шиносоӣ барои блогерҳои хориҷӣ баргузор гардид, хабар медиҳад https://r55.ru/.
Ин чорабинӣ бо мақсади таблиғу муаррифии минтақа миёни ҳамватаноне, ки хоҳиши кӯчидан ба Русияро доранд, ташкил карда шуд.
Чорабинии мазкурро Вазорати меҳнат ва рушди иҷтимоии минтақа, Россотрудничество ва Маркази кӯмак ба кӯчбандии ихтиёрӣ «Путь Домой» (Роҳи Бозгашт) ташкил намуданд.
«Мо аз дидани Шумо дар вилояти Омск хеле шодем. Дар ин ҷо таърихи нодир, фарҳанги ғанӣ ва имкониятҳои васеъ барои кор ва зиндагӣ мавҷуд аст», -муроҷиат намуд ба иштирокчиёни чорабинӣ Ирина Варнавская, Вазири меҳнат ва рушди иҷтимоии минтақа.
Барномаи рӯзи аввал аз тамошои Калисои “Успения Пресвятой Богородитси”, гаштугузор дар хиёбони Любинский, шиносоӣ бо Донишгоҳи давлатии тиббии Омск ва соҳили навсозишудаи Иртиш иборат буд.
Вилояти Омск аз рӯи анъана дар сафи пешсафон дар иҷрои Барномаи давлатӣ оид ба кӯчонидани ҳамватанон қарор дорад. Аз соли 2009 инҷониб ба минтақа зиёда аз 50 ҳазор нафар аз тақрибан 20 кишвари дунё кӯчидаанд, танҳо дар соли 2025 — 898 сокинони нав омадаанд.
Масъалаҳои кӯчбандӣ таҳти назорати шахсии губернатор Виталий Хотсенко қарор дорад.
Дар ҷараёни Форуми иқтисодии байналмилалии Санкт-Петербург, номбурда бо роҳбари Маркази кӯчбандӣ «Пут Домой» Анатолий Бублик созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид.
Аксҳо: ➡️https://r55.ru/