Паёмҳои Сарвари давлат ифшогари рози дили мардуманд

Shared to Facebook

Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Исмиқлолияти давлвтӣ бо ташабуссу ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ислоҳоти иқтисодиро оғоз намуд, ки он барои таъмини рушди соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ, гузориш ба иқтисоди бозоргонӣ ва муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ замина гузошт.

Дар ин давра раванди ислоҳот ба тадриҷ фарогири соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти миллӣ, низоми идоракунии давлатӣ, молия, фаъолияти бонкӣ, бахшҳои воқеии иқтисодиёт — саноат, кишоварзӣ, энергетика, нақлиёт ва соҳаҳои маорифу тандурутӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гардид.

Ислоҳоти гузаронидашуда бо мақсади гузариш ба шаклу усулҳои нави хоҷагидорӣ ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳри ҷойдошта дар пешбурди сиёсати иқтисодӣ ва такмили сохтории он мусоидат карда, дар маҷмуъ, рушди устувори соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишварро таъмин намуд.

Маҳз бо ташаббуси Пешвои миллат бо миқсади ҷорӣ кардани усулҳои нави идоракунӣ ва банақшагирии стратегӣ дар давраи таҳаввулоти шадиди иқтисодию иҷтимоӣ вазифаҳои мазкур дар “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ва дигар барномаҳои соҳавию минтақавӣ дарҷ карда шудаанд.

Дигар мавзӯе, ки мо ҳуқуқдонҳоро бе ташвиш намегузорад, ин мавзӯи “Масъулияти шахсӣ дар фаъолияти қонунгузорӣ” мебошад.

Қонун дар илми идоракунӣ, — ин қоида ва ё маҷмӯи қоидаҳо ва меъёрҳои бонизом ва ба танзимдароварандаи муносибатҳои иҷтимоӣ мебошад. Қонуни ташкили фаъолияти идоракунӣ самаранокии ҷараёни идоракунии объектҳои иҷтимоиро ба дараҷаи мувофиқати вазифаҳо, масъулият, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои иштирокчиёни раванди идоракунӣ дар ҳар як сатҳи он вобаста мегардонад. Аз ҷумла, тавозуни ҳуқуқ ва уҳдадориҳо дар ҷараёни идоракунӣ шарти зарурии самаранокии идоракунӣ мебошад. Одатан татбиқи ин қонун ҳангоми бастани аҳдҳо ва шартномаҳои меҳнатии байни кордиҳанда ва корманд, фармоишгар ва иҷрокунанда возеҳ мегардад. Яъне, нақши асосии ин қонун танзими муносибатҳои ҳуқуқӣ ва вазифавӣ дар ташкили ҷараёни идоракунӣ мебошад.

Роҳбарият бояд дар муттаҳидсозии кормандон ва баланд бардоштани рӯҳияи онҳо масъул бошад.

Ҳамчунин, дар арафаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мехоҳам дар масъалаи хеле муҳим ибрози андеша намоям.

Соли 2018 барои мардуми Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. 22 марти соли 2018 дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об – “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об-барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” бо иштироки роҳбари давлат дар маҷлиси умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид.

Ба кор андохтани агрегати якуми Неругоҳои барқи обии “Роғун” — иншооти тақдирсози аср ва қадами устувор барои истқлолияти энергетикӣ ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон.

Муносибати хуби барқароршуда ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавии мардум рӯйдоди таърихӣ мебошад.

Дар Паём Сарвари давлат дастоварди дигареро қайд намуданд, ки 20 декабри 2018 маҷмаи умумии СММ лоиҳаи қатъномаи пешниҳоднамудаи Тоҷикистонро таҳти унвонии “Шарти миёнамӯҳлати фарогири ҷараёни татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028 якдилона ва бо ҳаммуаллифии 190 кишвари узви созмон қабул кардааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём таъкид намуданд, ки танҳо саъйю талоши софдилона, ҳисси масъулият дар назди халқу Ватан ва иқдому ташаббусҳои созанда моро ба ҳадафҳои муайянамудаамон наздик мекунад.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳимми сиёсӣ-ҳуқуқие мебошад, ки он дар ҳаёти давлатӣ-ҳуқуқии мамлакат ва рушди ҳама бахшҳои хоҷагии халқи мамлакат нақши муҳим мебозад. Зеро дар ҳар як Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ ҷиҳати рушду инкишофи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас ва мақсаднок медиҳанд. Дар асос ва баҳри иҷрои онҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз қабили қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул карда мешаванд, ки боиси баланд гардидани шароити иқтисодӣ ва иҷтимоии аҳолии кишвар, таъмини адолати иҷтимоӣ, волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, рушди қонунгузорӣ, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ, мудофиаи мамлакат, сиҳатии аҳолӣ ва дар маҷмӯъ, боиси рушди Тоҷикистон мегарданд.

Яке аз ҳадафҳои дигари Стратегияи миллии рушд баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум буда, дар ин давра 150 ҳазор ҷойҳои кории нав таъсис дода шуда, шахсоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, 25 фоиз кам гардидааст. Даромади пулии аҳолӣ 11 фоиз зиёд шуда, ҳаҷми пасандозҳо, назар ба солҳои 2017 — 9 фоиз, сатҳи кабизоатӣ — 29,5 фоиз коҳиш ёфтааст. Ҳамчунин дарозумрии аҳолӣ ба 75 сол расида, фавти модару кӯдак дар муқоиса ба соли 1998 мутаносибан 2,1 ва 2,6 баробар паст гардидааст. Ҳамчунин, шумораи аҳолии кишвар низ сол ба сол афзуда истодааст.

Дар Паём инчунин қайд шудааст, ки бо мақсади нигоҳ доштани фазои муътадили самти нишондиҳандаҳои асосии макроиктисодӣ, фаъолияти босуботи низоми бонки ва сармоягузори, ривоҷ ёфта Вазорати молия ва Бонки миллӣ дар ин раванд вазифадор карда шудаанд.

Ҳадафҳои стратегӣ амалӣ карда шуда, нақшаи гузариши иқтисодиёти кишварро аз шакли аграрӣ-индустриалӣ ба индустриалӣ-аграрӣ ба роҳ монда шуда истодааст. Саноаткунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон намудаанд. Баҳри амалӣ намудани ин чорабиниҳои муҳим раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шудаанд, ки ҳарчӣ бештар ҷалби сармояи мустақим, бунёди корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва ташкили ҷойҳои нави корӣ вусъат бахшида, ҳар шаш моҳ ба Ҳукумати мамлакат ҳисобот пешниҳод намоянд. Дар ҳамин васила пешниҳод намуданд, ки ашёи хом барои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии воридшаванда, ба истиснои ашёи хоми дар Тоҷикистон истеҳсолшаванда ва молҳои зераксизӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шавад.

Ҳамин тавр, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми паҳлӯҳои ҳаёти ҷомеа, алалхусус ҳаёти ҳуқуқии ҷомеаро фаро мегирад ва санади муҳимми сиёсӣ-ҳуқуқие мебошад, ки ба рушди ҳама бахшҳои хоҷагии халқи мамлакат мусоидат менамояд.

Мавзӯи ҷавонон ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳодар Паёмҳои Пешвои миллат яке аз меҳварҳои асосии ғояҳои Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани соли 2017 “Соли ҷавонон” идомаи ташабусҳо ва иқдомҳои созандаю дурбинонаи сарвари муаззами давлат дар роҳи расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар арзёбӣ мегардад.

Ҷавонон нерӯи созанда, бунёдкор ва ояндаи ҳар як давлату миллат ба ҳисоб мераванд. Фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати рушду камол ёфтани ҷавонон тақозои замони муосир мебошад. Дар ин ҷода яке аз масъалаҳои муҳим, ки ба иштироки фаъоли ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа мусоидат мекунад, фароҳам овардани заминаи меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи ҷавонон маҳсуб меёбад. Барои ҳар як соҳа асоси фаъолияти ташкилию ҳуқуқиро қонунгузорӣ фароҳам меорад. Бо дарназардошти ин, ҷиҳати фароҳам овардани заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон” соли 1992 дар шароити мураккаби идоракунӣ ва ноороми ҷомеа қабул гардид. Бо қабул гардидани қонуни мазкур ба ҳаёт ва кору пайкори ҷавонон дигаргуниҳои тоза ворид гардид.

Бо дарназардошти талаботи ҷомеаи муосир, ташаккул ёфтани низоми идоракунии соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон, тағйир ёфтани хусусиятҳои мушкилоти ҷавонон, ташкил ёфтани муносибатҳои байнидавлатӣ ва байналмилалӣ дар самти мазкур, ки соҳаи муҳими ҳаёти ҷамъиятист соли 2004 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” дар таҳрири нав таҳия ва бо тартиби муқарраргардида қабул гардид.

Тағйироти куллӣ дар ин самт ба он асос меёбад, ки акнун қонунгузорӣ на танҳо сиёсати давлатии ҷавононро муайян мекунад, балки ниёзҳои ҷавонон низ ба ҳисоб гирифта мешавад.

Дар ин замина, як зумра фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба тасвиб расиданд, ки ҷиҳати дастгирӣ ва рушди соҳаи ҷавонон мусоидат намуданд.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз якуми августи соли 2005, Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсейҳо, гимназияҳо, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, омӯзишгоҳҳо, техникумҳо аз 100 ба 300 адад расонида шуд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 31-уми октябри соли 2005, андозаи амалкунандаи стипендияҳо барои донишҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ 100{f6d4bd355489a0bd80162fafc4ef9eb4353a8b325afa60339c3ae65df5f02ce2} зиёд карда шуд.

Умуман, умед ва боварии комил аст, ки ҷавонон дар ҷавоб ба ғамхорӣ ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшишу талош менамоянд, ки кишвари азизи худ – Тоҷикистонро обод созанд, пешрафта гардонанд ва дар арсаи ҷаҳонӣ нуфузи онро боз ҳам зиёда гардонанд.

Мирзоҳимат Сабуров

нотариуси давлатии

Идораи нотариалии

давлатии ноҳияи Синои

шаҳри Душанбе