Қазоқистон — Иттиҳоди Аврупо: шарики муҳим ва ҳамсояи боэътимод

Shared to Facebook

Дар се даҳсолаи охир Қазоқистон ва Иттиҳоди Аврупо муносибатҳои қавии бар эътимод, эҳтироми мутақобила ва афзалиятҳои муштарак асосёфта бунёд кардаанд. Дар ин бора Президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев зимни мулоқот бо раиси Шӯрои Аврупо Шарл Мишел дар Брюссел изҳор дошт.

Бино ба хабари Хадамоти матбуотии Президенти Қазоқистон, ҷонибҳо вазъ ва дурнамои шарикии стратегии Қазоқистон ва Иттиҳоди Аврупоро бо таваҷҷӯҳ ба татбиқи босамари Созишнома дар бораи шарикӣ ва ҳамкориҳои густарда баррасӣ карданд.

“Тоқаев ва Мишел ба таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва сармоягузорӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд. Ҷонибҳо рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла вазъи Афғонистон ва талошҳо барои расонидани кумакҳои башардӯстона ба ин кишварро баррасӣ карданд”, — омадааст дар хабар.

Тоқаев ба роҳбарии Шарл Мишел ба ҳайси роҳбари Шӯрои Аврупо баҳои баланд дода, барои кушода будан ва муносибати созанда ба ҳамкорӣ бо Қазоқистон изҳори сипос намудааст.

Вай ҳамчунин ба рушди босуръати робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузории миёни Нур-Султон ва Брюссел баҳои баланд додааст.

Ба гуфтаи Тоқаев, Иттиҳоди Аврупо бузургтарин сармоягузор дар иқтисоди Қазоқистон бо сармояи умумии 160 миллиард доллар мебошад. Ҳаҷми умумии тиҷорати дуҷониба миёни Қазоқистон ва Иттиҳоди Аврупо 24 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти расмӣ, аз соли 2002 ба ин тараф Иттиҳоди Аврупо ба бузургтарин шарики тиҷоратии Қазоқистон табдил ёфта, қариб нисфи содирот ба ин минтақа рост меояд, аз ҷумла, ҳудуди 80 дарсади ин содирот интиқоли нафту газ аст.

Як мавзӯъи муҳими суҳбати ҷонибҳо масъалаи марбут ба обу иқлим будааст. Президенти Қазоқистон ба зарурати таъсиси Консорсиуми байналмилалии обу энергетика, ки фаъолияти он ба таъмини мувозинат дар самти манфиатҳои ҳаётан муҳими кишварҳои минтақа дар соҳаи гидроэнергетика, ирригатсионӣ ва ҳифзи муҳити зист равона карда мешавад, таъкид намудааст. Вай дар робита ба ин аз шарикони аврупоӣ даъват кард, ки дар татбиқи ин ташаббус саҳм гузоранд.

Дар баробари ин, Президенти Қазоқистон ба масъалаи аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо роҳандозӣ шудани модели нави рушди экологӣ, ки бо номи “созиши сабз”-и аврупоӣ маъруф аст, дахл кардааст. Зимнан, Консепсияи гузариш ба иқтисоди “сабз” бо ташаббуси Президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев таҳия гардида, моҳи майи соли 2013 тасвиб шуд. Соли 2015 Иттиҳоди Аврупо ва Қазоқистон лоиҳаи дастгирии гузариши Қазоқистон ба модели иқтисоди сабзро оғоз карданд. Консепсия дар се марҳила амалӣ карда мешавад:

1. Солҳои 2013–2020 – беҳинасозии (оптимизатсияи) истифодаи захираҳо ва баланд бардоштани самаранокии ҳифзи муҳити зист, инчунин ташкили инфрасохтори “сабз”;

2. Солҳои 2020–2030 – истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, ҷорӣ намудани энергияи барқароршаванда дар асоси технологияҳои баланд;

3. Солҳои 2030–2050 – гузаштани иқтисодиёти миллӣ ба принсипҳои “инқилоби сеюми саноатӣ”, ки ба истифодаи захираҳои табиӣ дар ҳолати барқароршавандагии онҳо асос ёфтааст.

Лоиҳа аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ ва аз ҷониби Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNDP) амалӣ карда мешавад.

Аз лиҳози стратегӣ Қазоқистон ҳам барои Иттиҳоди Аврупо шарики хеле муҳим эътироф мешавад. Бо дарназардошти ин, ҳанӯз соли 1994 ҷонибҳо Созишномаи шарикӣ ва ҳамкориро имзо карданд, ки тамоми самтҳои муносибатҳоро фаро мегирад.

Ба ин маънӣ, Созишномаи шарикӣ ва ҳамкории Қазоқистон ва Иттиҳоди Аврупо заминаи ҳуқуқии тамоми самтҳои муносибатҳои дуҷониба маҳсуб мегардад.

Ба ғайр аз ин, моҳи ноябри соли 2006 Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкориҳои энергетикӣ байни Иттиҳоди Аврупо ва Қазоқистон ба имзо расид, ки барои густариши ҳамкориҳо замина фароҳам овард. Тибқи ин ҳуҷҷатҳо, Қазоқистон таҳкими ҳамгироии иқтисодӣ ва сиёсиро гарави навсозӣ ва рушди кишвар мешуморад.

Моҳи марти соли 2016 парламенти Қазоқистон тавсеаи шарикӣ ва ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои узви онро тасдиқ намуд.

Баҳори соли гузашта Созишномаи нав дар бораи шарикӣ ва ҳамкорӣ миёни Қазоқистон ва Иттиҳоди Аврупо, ки соли 2015 ба имзо расида буд, эътибор пайдо кард. Аммо ба гуфтаи мақомоти Нур-Султон, татбиқи бахше аз ҷанбаҳои Созишномаи густариши шарикӣ ва ҳамкорӣ байни Қазоқистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳанӯз соли 2016 оғоз шуда буд. Акнун ҷонибҳо ба иҷрои пурраи тамоми муқаррароти он, ки дар маҷмӯъ, 29 самти мушаххасро дар бар мегиранд, оғоз карданд.

Ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон, иқтисодиёт, молия, нақлиёт, энергетика, ҳифзи муҳити зист, маориф, ҳифзи маълумот, муҳоҷират, волоияти қонун ва мубориза ба зидди коррупсия аз ҷумлаи муҳимтарин бандҳои ин созишнома мебошанд:

“Созишнома заминаҳои ҳуқуқии ҳамкорӣ дар дигар бахшҳоеро гузошт, ки дар Созишномаи шарикӣ ва ҳамкорӣ аз соли 1995 пешбинӣ нашуда буданд. Дар байни онҳо — амнияти кайҳонӣ, мубориза бо паҳншавии силоҳи қатли ом, мубориза бо терроризм, ҳамкорӣ дар сохаи хизмати давлатӣ ва ғайра”, — шарҳ доданд дар ВКХ Қазоқистон.

Тавре зикр шуд, заминаи ҳуқуқии равобити Қазоқистон ва Иттиҳоди Аврупоро Созишномаи шарикӣ ва ҳамкорӣ асос гузошт, ки ҳанӯз 23 январи соли 1995 тасвиб шуда, тобистони соли 1999 эътибор пайдо кард. Аммо азбаски пас тасвиби Созишнома, давоми солҳои тӯлонӣ ҳам Қазоқистон ва ҳам дар Иттиҳоди Аврупо тағйироти муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рух доданд, ки тақрибан ба тамоми соҳаҳои ҳамкорӣ дахл доштанд, ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки созишномаи нав ва бо дарназардошти таҳаввулоти баъдӣ ва дорои кулли тағйирот таҳия карда шавад. Созишномаи нав бу унвони оғози марҳилаи нав дар муносиботи Қазоқистону Иттиҳоди Аврупо ҳам арзёбӣ мешавад:

“Созишномаи густариши шарикӣ ва ҳамкорӣ оғози марҳилаи сифатан нави муносибатҳои Қазоқистону Аврупоро инъикос намуда, санади ҳаммонандро, ки аз моҳи июли соли 1999 амал мекард, иваз мекунад”, — омадааст дар шарҳи Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон.

Ба иттилои ин ниҳод, аз 1 майи соли 2016 татбиқи бархе муқаррароти Созишнома барои татбиқи он ҷанбаҳое, ки ба салоҳияти Комиссияи Аврупо дохил мешаванд, аз ҷумла бахши “Савдо ва соҳибкорӣ” оғоз ёфт:

“Сохторҳои нави ҳамкориҳои дуҷониба бомуваффақият амал мекунанд: Кумитаи ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷоратӣ ва зеркумита оид ба масъалаҳои гумрукӣ, инчунин зеркумита оид ба энергетика, нақлиёт, муҳити зист ва тағйирёбии иқлим. Фаъолияти онҳо ба баррасии самарабахши доираи васеи масъалаҳои савдои дуҷониба ва соҳаҳои ҳамкории мустақим ба он, аз ҷумла пешбурди содироти Қазоқистон ба Иттиҳоди Аврупо мусоидат мекунад”, — шарҳ доданд дар Вазорат.

Ба гуфтаи мутасаддиёни таҳияи ин Созишнома, як дастоварди муҳим имкони таҳияи ҳамзамонии созишнома дар бораи осон кардани низоми раводид барои шаҳрвандони Қазоқистон ва Иттиҳоди Аврупо бо созишнома оид ба реадмиссия мебошад.

Чунин шуморида мешавад, ки истифодаи пурраи иқтидор ва имконоти Созишнома ба манфиати Қазоқистон посухгӯ аст, зеро модернизатсияи ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар дурнамои нави ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои рақамисозии иқтисодиёт, самаранокии энергия, рушди бахши нақлиёт ва логистика, содироти маҳсулоти кишоварзӣ, такмили низоми маориф ва ғайраро ба миён меорад.

Ба гуфтаи коршиносон, дар рушди шарикии Қазоқистон бо Иттиҳоди Аврупо татбиқи бомуваффақияти барномаи давлатии “Роҳ ба сӯи Аврупо” барои солҳои 2009-2011 нақши хеле муҳим гузошт. Ин барнома бо ибтикори Президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев таҳия ва амалӣ гардид:

“Ин барнома характери бисёртарафаи муколамаи Қазоқистон ва Иттиҳоди Аврупо — яке аз марказҳои асосии сиёсат, иқтисодиёт ва маданияти ҷаҳониро ба таври нав пурратар ифшо кард”, — мегӯяд Одил Турсунов, мушовири Президенти нахустини Қазоқистон – Елбаси.

Марҳилаи дигари муҳими таърихӣ фаъолияти муштарак бо шарикони Иттиҳоди Аврупо дар давраи раёсати Қазоқистон дар САҲА дар соли 2010 арзёбӣ мешавад, ки ба рушди ҳамкориҳо такони ҷиддӣ бахшид.

Қазоқистон тавонист тавассути барномаҳои рушди иқтисодӣ обрӯи худро дар хориҷи кишвар ба таври назаррас беҳтар созад. Ҳамзамон ба пешрафтҳои бузурги иқтисодӣ ноил шуда, нисбат аксар кишварҳои минтақа дорои иқтисоди устувор маҳсуб мешавад.

Ҳамакнун Қазоқистон тасмим дорад, ки эътирофи бештари байналмилалӣ ва дастрасии васеъ ба бозори Аврупо ба даст орад. Эътироф шудааст, ки Қазоқистон, аз ҷумла, барои Иттиҳоди Аврупо имконоти нави тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ мекушояд. Дар айни замон ИА як бозори бениҳоят муҳим ва таъминкунандаи технологияҳои нав барои Қазоқистон мебошад. Гузашта аз ин, дар назди кишвар масъалаи навсозӣ ва диверсификатсияи иқтисод барои коҳиш додани вобастагӣ аз содироти захираҳои табиӣ қарор дорад.

 

Довуд Исматӣ

ИмрӯзNews