Паёми Президент – оинаи ҳаёти ҷомеа ва давлат

Shared to Facebook

Дар таҷрибаи давлатдории таърихи навтарини Тоҷикистон Паёми ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи рушди ҷомеа ва давлат маҳсуб буда, самтҳои асосии ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мамлакатро муайян менамояд. Аз ҷиҳати мазмун ва моҳияти худ Паёми солона – ҳисоботи Сарвари давлат ба тамоми мардуми кишвар ба воситаи Парлумон буда, ин падида дар таҷрибаи муосири давлатдории ҷаҳонӣ ифодакунандаи принсипҳои муҳими давлати соҳибистиқлол, демократию ҳуқуқбунёд ба ҳисоб меравад. Аз як тараф Паём самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷиро муайян намуда, аз тарафи дигар дурнамои рушди ояндаи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлатро дар асоси таҳлил ва баҳогузорӣ маълум месозад.

Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон 21 декабри соли 2021 дар Коҳи Сомон бо иштироки намояндагони Парлумон, Ҳукумат, роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, Вазорату идораҳо, Академияи миллии илмҳо, муассисаҳои олии таълимӣ, собиқ вакилони Иҷлосияи XVI, вакилони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва эҷодӣ, роҳбарияти корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, тоҷирону соҳибкорон, созмони ҷавонон, намояндагони ҳайати дипломатӣ ва воситаҳои ахбори умум баргузор гардид.

Хеле рамзӣ аст, ки зимни суханронии Президент мавқеи ҳимояи манфиатҳои мардуми Тоҷикистон ҳамчун масъалаи аввалиндараҷа дар Паём баръало ҳис гардида, аз тарафи Роҳбари давлати Тоҷикистон ироа шудани манфиатҳои миллии кишвар дар амалӣ шудани ормонҳои таърихии мардуми шарифи тоҷик эҳсос карда мешавад.

Дар Паёми навбатӣ Сарвари мамлакат ба амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии миллӣ, яъне таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани мамлакат ба кишвари транзитӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, саноатикунонии босуръати мамлакат диққати махсус доданд. Таъкид карда шуд, ки аз даҳсолаи дуюми даврони истиқлолият рушди босуботи иҷтимоиву иқтисодии кишвар оғоз гардида, барои расидан ба ҳадафи олии худ, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ корҳои зиёд ба анҷом расонида шудааст. Президенти мамлакат дар назди Ҳукумат вазифаҳои мушаххас гузошта, таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳиро ба миён гузоштанд.

Доир ба ҳаёти иҷтимоии кишвар Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки дар 30 соли соҳибистиқлолӣ шумораи аҳолии кишвар аз 5,5 миллион то 9,8 миллион нафар, яъне 1,8 баробар зиёд гардид ва соли 2022 аҳолии Тоҷикистон ба 10 миллион нафар мерасад. Соли 2020 дарозумрии аҳолӣ ба 75,1 сол баробар шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 1991-ум 5 сол зиёд мебошад. Аз Паём маълум гардид, ки Сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ аз 83 фоизи соли 1999 ба 26,3 фоиз дар соли 2019 коҳиш дода шуд, ки аз ҷумлаи муҳимтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад.

Сарвари давлат қайд намуданд, ки ҳанӯз дар солҳои оғози истиқлолият, яъне дар солҳои бисёр вазнини 1992–1998 Ҳукумати мамлакат бо мақсади таъмин намудани аҳолӣ бомаҳсулоти озуқа ва пешгирӣ кардани гуруснагӣ 75 ҳазор гектар заминро ҳамчун заминҳои президентӣ тақсим намуд. Илова бар ин, дар бист соли охир 138 ҳазор гектар замин, аз ҷумла 52 ҳазор гектар аз ҳисоби заминҳои обӣ ба 1 миллиону 400 ҳазор оила барои бунёди манзили истиқоматӣ ҷудо карда дода шуд. Яъне 8 миллиону 800 ҳазор нафар аҳолии кишвар имконият пайдо карданд, ки шароити истиқоматии худро беҳтар намоянд.

Дар баромади худ Пешвои миллат ба рақамҳои таҳлили муроҷиат намуда, хотирнишон сохтанд, ки дар 70 соли Иттиҳоди Шӯравӣ барои бунёди манзили истиқоматӣ ҳамагӣ ба 530 ҳазор оила 77 ҳазор гектар замин дода шуда буд. Дар ин давра дар кишвар 54 ҳазор гектар заминҳои нав обёрӣ гардида, ҳамзамон бо ин, ҳар сол дар майдони қариб 200 ҳазор гектар замини обӣ кишти такрории зироатҳо амалӣ шуда истодааст. Дар натиҷа дар замони истиқлолият маданияти истифодабарии замин куллан беҳтар гардида, аз як қитъаи замини обӣ гирифтани 2-3 ҳосил ба ҳукми анъана даромад, ки барои бамаротиб зиёд шудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат карда истодааст.

Ҳаллу фасли масоили иҷтимоию иқтисодии мамлакат аз бисёр ҷиҳат ба рушди соҳаҳи саноат вобаста аст. Аз ин рӯ дар Паём нисбати таъмини рушди иқтисоди миллӣ таъкид гардид, ки амалигардонии ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар имкон медиҳад, ки рушди устувори соҳаи саноат ҳамчун тавлидкунандаи арзиши баланди иловашуда таъмин гардида, дар ин раванд даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил карда шаванд.

Пешвои миллат вобаста ба масъалаҳои бонувону занон қайд намуданд, ки нақши бонувону занон дар эъмори ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ хеле бузург мебошад. Занону бонувон дар баробари фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, хизмати давлатӣ, кишоварзӣ ва саноат, инчунин, дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар баробари мардҳо содиқона заҳмат кашида истодаанд. Президенти кишвар махсус таъкид намуданд, ки маҳз ба ҳамин хотир, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон, аз ҷумла дар мақомоти роҳбарикунанда ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Дар Паёми навбатӣ Сарвари мамлакат чун анъана ба рушди соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ диққати аввалиндараҷа дода, қайд намуданд, ки дар 30 соли истиқлолияти давлатӣ 3240 муассисаи нави таълимӣ барои 1 миллиону 400 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шуд. Маълум гардид, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 173 муассисаи таълимии типи нав – литсей, гимназия, мактаби президентӣ, мактаби байналмилалӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат, инчунин, 196 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва умумии хусусӣ бунёд гардида, ба истифода дода шуданд. Ҳоло дар ин муассисаҳо 150 ҳазор нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, аммо зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.

Масъалаи фарогирии ҷавонони боистеъдоди кишвар дар ҳаёти сиёсӣ ва фарҳангии мамлакат низ дар маркази диққати роҳбари мамлакат буда дар Паём таъкид доштанд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи ҷавонони боистеъдоде, ки барои таҳсил ба хориҷи кишвар фиристода мешаванд, сол ба сол афзоиш ёфта, дар соли таҳсили 2021 ба беш аз 42 ҳазор нафар дар 25 давлати хориҷӣ расидааст. Ҳар сол беш аз 5 ҳазор нафар ҷавонони боистеъдоди мо барои таҳсил ба мактабҳои олии хориҷи кишвар фиристода мешаванд.

Баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ яке аз масъалаҳои афзалиятноки мамлакат мебошад. Дар ин самт Сарвари кишвар бо мақсади тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳод намуданд, ки аз 1-уми январи соли 2022 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад. Аз 1-уми июли соли 2022 музди меҳнати кормандони муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 20 фоиз зиёд карда шавад. Андозаи нафақаи амалкунандаи нафақагирони ятими кулл ва нимятимон аз 1-уми июли соли 2022 бинобар маҳрум шудан аз саробон ба андозаи 25 фоиз аз андозаи ҳадди ақалли нафақаи аз рӯи синну сол муқарраргардида зиёд карда шавад. Ҳадди ақали музди меҳнат аз 1-уми июли соли 2022-юм 50 фоиз зиёд карда, андозаи он дар ҳаҷми 600 сомонӣ муқаррар карда шавад.

Дар Паёми имсола таъкид гардид, ки бо назардошти нақши илм дар рушди ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар Ҳукумати Тоҷикистон дар сӣ соли гузашта тамоми чораҳои заруриро андешид, ки пешрафти илми ватанӣ таъмин гардад. Пешвои миллат нақши олимони ҷомеашиносро дар шароити имрӯза ва ҷаҳони зудтағйирёбанда муҳим арзёбӣ намуда, қайд намуданд, ки ин қишри ҷомеаи илмӣ бояд дар ҳамкорӣ бо зиёиёни эҷодкор бо мақсади ҳифзи арзишҳои миллӣ, таъриху фарҳанг ва забону адабиёти миллати куҳанбунёдамон дар роҳи ба ҷаҳониён ҳарчи бештар муаррифӣ кардани таърих, тамаддун ва фарҳанги халқи тоҷик рисолати шаҳрвандиву миллии худро ба таври шоиста иҷро намоянд.

Вобаста ба тағйирёбии иқлим, баландшавии бесобиқаи ҳарорати миёнаи кураи Замин ва пайомадҳои манфии он барои ҳаёти инсон, олами ҳайвоноту наботот ва пиряхҳои кишвар Пешвои миллат олимони тоҷик ва муассисаҳои илмии мамлакатро вазифадор намуданд, ки, таҳқиқ ва мониторинги доимиро дар ин самтҳо ба роҳ монда, роҳу усулҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро якҷо бо олимони минтақа ва ҷаҳон коркард ва амалӣ намоянд

Дар Паём Президенти кишвар арзишҳои бостонӣ ва расму ойинҳоро чун қадриятҳои миллӣ маънидод намуда изҳор доштанд, ки “…ба шарофати соҳибихтиёрӣ мо арзишҳои бостонӣ ва расму ойинҳои неки миллиамон “Шашмақом”, “Фалак”, Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Садаро эҳё карда, онҳоро ба хотири баланд бардоштани худогоҳиву худшиносии ҳамватанонамон ва муаррифии шоистаи халқи куҳанбунёдамон дар арсаи ҷаҳон рушд дода истодаем”.

Дар ин самт дастовардҳои Тоҷикистонро Пешвои миллат дар Паёмашон қайд намуда изҳор доштанд, ки ҳадаф аз ташаббусҳои Тоҷикистон дар бахши фарҳанг ва маориф дар ҳамкорӣ бо ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид оид ба фарҳанг, илм ва маориф (ЮНЕСКО) таҳкими раванди муколама оид ба ҳифзи мероси фарҳангӣ, муаррифии таърихи қадимаи тоҷикон ва фарҳанги бостониву ғании миллатамон мебошад. Танҳо дар соли 2021 дар баробари номбандии муштараки “Роҳи Абрешим: долони Зарафшон-Қароқум” 9 мавзеи мероси таърихиву фарҳангии Тоҷикистон ба Рӯйхати муқаддамотии ЮНЕСКО ворид гардид.

Дастоварди оламшумул дар ин самт пешниҳоди Тоҷикистон оид ба ворид намудани 2500-солагии шаҳраки қадимаи “Тахти Сангин” ба Рӯйхати ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои солҳои 2022–2023 пазируфта шуд, ки дар он олимон ва роҳбарияти Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш саҳми арзанда гузоштанд. Боз як дастоварди назаррас дар ҳаёти фарҳангии Тоҷикистон ин буд, ки аз ҷониби ЮНЕСКО боз як намунаи мероси фарҳанги миллии мо — “Фалак” ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид карда шуда, ҷаҳонӣ гардид.

Моҳи октябри соли ҷорӣ аввалин бор дар минтақаи Аврупо намоиши нигораҳои Тоҷикистон таҳти унвони “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” дар Осорхонаи Гимейи Фаронса баргузор гардид. Дар давоми се моҳ таъриху тамаддуни ғании миллати шарафманди тоҷик, мавзеъҳои таърихии сарзамини мо дар асрҳои гуногун, осори фарҳангиву ҳунармандии қадима ва санъати нотакрори халқи тоҷик ба мардуми Аврупо муаррифӣ мегардад.

Ҳамин тариқ, Паёми навбатии Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар собит сохт, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол боз як марҳилаи таърихии давлатдориро сипарӣ намуд. Аз Паём чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки дар маркази сиёсати Пешвои муаззами миллат маҳз беҳбудии вазъияти зиндагии мардум, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини рушди бардавоми иқтисодию иҷтимоии кишвар, эҳёву тақвияти фарҳангу арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини суботу амнияти мамлакат, устуворсозии ҷойгоҳи кишвар дар саҳнаи байналмилалӣ ва ғайра қарор гирифтаанд.

 

Абдурашитов Ф.М.

ҷонишини директор

оид ба илм ва таълими

Институти таърих,

бостоншиносӣ ва

мардумшиносии

ба номи А. Дониши АМИТ

 

Махмудова М.М.

котиби илмии

Институти таърих,

бостоншиносӣ

ва мардумшиносии

ба номи А. Дониши АМИТ