Рамзи эътимод, шуҷоат ва қаҳрамонӣ

Shared to Facebook

Имрӯз, 23 феврал, Рӯзи Артиши миллии Тоҷикистон, ба ибораи дигар, Рӯзи ҳомиёни Ватан аст. Аввалин андешае, ки дар ин рӯз ба зеҳн меояд, ки аст, ки “Идатон муборак, ҳомиёни шуҷоъи Ватан”.

“Дар шароити торафт шиддат гирифтани таҳдиду хатарҳои муосир ва дар навбати аввал, экстремизму терроризми байналмилалӣ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ омодабошии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, аз ҷумла Қӯшунҳои дохилӣ ва воҳидҳои махсуси Вазорати корҳои дохилӣ кафили боэътимоди пойдории давлати соҳибистиқлоламон ва ҳаёти осоиштаи сокинони мамлакат мебошад”.

(Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон)

 

Артиши миллӣ: роҳи пурпечутоб

Таъсиси ин сохтори муҳими таъминкунандаи амният ва субот ба замоне рост омад, ки Тоҷикистон дар гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ буд. 23 феврали соли 1993 дар майдони “Дӯстӣ”-и шаҳри Душанбе нахустин паради ҳарбии Артиши миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол баргузор гардид, ки ба ҳамин ҷашн бахшида шуда буд. Аз ҳамон вақт инҷониб ҳамасола ин санаро ҳамчун “Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ” ва “Рӯзи ҳомиёни Ватан” ҷашн мегирем.

Мухтасари таъсисёбии Артиши миллӣ ин гуна аст, ки пас аз баргузории Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки ба ташкили сохти давлатдории навини тоҷикон замина гузошт, 18 декабри соли 1992 Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсиси Кумитаи мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Қувваҳои Мусаллаҳро идора мекард, қабул карда шуд. Қисмати асосии Қувваҳои Мусаллаҳ аз ҳисоби ҷанговарони Фрони халқи пурра гардонида шуда, пасон давра ба давра ташкили сафарбарии ҳайати эҳтиётии Қувваҳои Мусаллаҳ ба роҳ монда шуд. Эътироф мешавад, ки дар рӯзҳои аввали таъсисёбии Артиши миллӣ мушкилоти зиёд оиди норасогии кадрҳои миллӣ, ноустувории рӯҳии ҳайати шахсӣ, норасогии техника, аслиҳа ва муҳимоти ҷангӣ ҷой дошт. Вале ба ҳаммаи ин мушкилот нигоҳ накарда, бо кӯшишу матонати шахсии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон шакли сохтори ҳарбии мукаммали давлатиро соҳиб гардид.

Вазъи душвори ҳарбӣ-сиёсии вобаста ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар солҳои таъсиси Артиши миллӣ имкон надод, ки Тоҷикистон аз мероси Артиши Иттиҳоди Шӯравӣ бархӯрдор гардад. Вале зарурати ҳимояи сохти конститутсионӣ, якпорчагии Тоҷикистони акнун ба истиқлолрасида, ҳар чӣ тезтар бартараф намудани хатари пошхӯрии давлатдории тоҷикон зарурати ҳарчӣ зудтар шакл гирифтани Артиши миллиро тақозо менамуд.

Борҳо гуфта шудааст, ки Артиши миллии мо зодаи замони истиқлолият буда, “дар ҷойи холӣ, бе ягон таҳкурсии моддию техникӣ ва кадрӣ, бе истифодаи ягон мерос аз артиши собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, дар шароити буҳрони ниҳоят вазнини иқтисодию сиёсӣ бунёд гардид”.

Аммо, бо дарназардошти вазъи душвори ҳарбӣ-сиёсии вобаста ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, аз рӯзҳои аввали таъсиси Артиши миллӣ сарбозону афсарони мо баробари дар сангарҳо ҷангидан, ба танзими сохтори ташкилию кадрӣ, мустаҳкамкунии пояи моддӣ-техникӣ ва танзими таҳкурсии сиёсию маънавии артиш машғул шуданд. Ба гуфтаи мутахассисон, сарфи назар аз мушкилиҳои ҷойдошта Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар солҳои душвори 90-ум роҳи пурпечутоберо тай намуда, таҷриба андӯхт ва ба яке аз Артишҳои касбии минтақа табдил ёфт.

Коршиносони ҳарбӣ ташаккули Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро ба се давра ҷудо мекунанд, ки ин таъсиси қисмҳои ҳарбии алоҳида, таъсиси навъҳои қӯшун ва рушди баъдинаи навъҳои қӯшунро дар бар мегирад.

Дар давраи аввал бунёди Артиши миллӣ буд, ки қобилияти таъмини истиқлолият, якпорчагии хоки Ватан ва оромии ҳаёти осоиштаро дошта бошанд. Ба ин мақсад бригада ва баталёнҳои тирандоз таъсис ёфтанд, ки вазифаи асосии онҳо муқовимат бо қувваҳои зиддидавлатӣ ва муҳофизати сохти конститутсионӣ буд.

Дар давраи дуюм, ки аз такмили сохтори ташкилию штатӣ иборат буд, таъсиси намудҳои асосӣ, ба монанди қӯшунҳои хушкигард, қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ оғоз гардид. Дар ин давра ҳамчунин ҷузъу томҳое, ки тавонанд мутобиқи тағйирёбии воқеии вазъи ҳарбӣ-сиёсии минтақа амал намоянд, созмон ёфтанд.

Давраи сеюми сохтмони Қувваҳои мусаллаҳ пас аз имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон оғоз гардид. Дар ин давра вазифа ва таъиноти намудҳои амалкунандаи Қувваҳои Мусаллаҳ аз нав баррасӣ шуданд.

Айни замон Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз Қӯшунҳои хушкигард, Қӯшунҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ ва Қӯшунҳои зудамал иборат аст.

Ба ин маънӣ, Артиши миллии Тоҷикистон дар давраи пуртазод, лаҳзаҳои озмоишу имтиҳонҳои ҷиддӣ, давраи ҷонбозиҳо баҳри таъмини якпорчагии кишвар, амнияти мардум ва ҳифзи қонуният арзи вуҷуд намуда, ҳоло ба яке аз артишҳои муваффақ ва тарҷибадори минтақа табдил ёфтааст.

Яке аз сохторҳои Артиши миллии Тоҷикистон, ки маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ шакл гирифта, имрӯз ба яке аз муҳимтарин неруҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ табдил ёфтааст, Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Ва ин матлаб ҳам марбут аст ба таърихи таъсис ва шаклгирии ин ҷузъи муҳими Артиши миллии Тоҷикистон.

  

Ҳомиёни тартиботи ҷамъиятӣ

Қӯшунҳои дохилӣ ҷузъи таркибии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва захираи боэътимоду доимоомодаи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ба шумор рафта, ҳайати шахсии онро ҳомиёни тартиботи ҷамъиятӣ ном мебаранд.

Ба гуфтаи ҳолдонҳо, аз рӯзи таъсис то имрӯз афсарону сарбозони Қӯшунҳои дохилӣ ба иҷрои вазифаҳои хеш бо дарки баланди масъулиятшиносӣ муносибат намуда, барои пойдории сулҳу субот дар ҷумҳурӣ, мубориза бо гурӯҳҳои ҷиноятпеша, барқарор намудани сохти конститутсионӣ саҳми босазо мегузоранд.

Ҳам ин аст, ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни як суханронӣ махсус таъкид карданд, “дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ ва шиддат гирифтани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ Қӯшунҳои дохилӣ, бахусус афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбии 3502 ва 5453 қарзи ватандории хешро садоқатмандона иҷро карда, дар бисёр амалиёти махсус оид ба безараргардонии гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, амалҳои террористӣ ва ошӯбҳои зиддиконститутсионӣ ҳамеша пешсафи набардҳо буданд”.

Ҳамчунин, нақши Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ дар саркӯб намудани гурӯҳҳои ифротиву террористӣ дар минтақаи Рашт, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дараи Ромит назаррас арзёбӣ мешавад.

Мутаассифона, дар мубориза бо даставу гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷинояткор ва таъмини тинҷиву осудагӣ зиёда аз 2000 нафар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки миёни онҳо афсарону сарбозони Қӯшунҳои дохилӣ низ буданд, ҷони хешро аз даст доданд. Хотираи неки онҳо ҷовидон аст.

 

Қӯшунҳои дохилӣ: таърихи мухтасар

Мухтасари таърихи таъсисёбии Қӯшунҳои дохилии ВКД Тоҷикистон ин гуна аст, ки 18 ноябри соли 1991, №УП-2872 бо Фармони Президенти ИҶШС (собиқ) “Дар бораи қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии ИҶШС”, ҷиҳати дар заминаи қисму воҳидҳои ба марказ тобеъбудаи қӯшунҳои дохилии ВКД ИҶШС таъсис додани қушунҳои дохилии байниҷумҳуриявӣ дастур дода шуд, ки онҳо ба вазоратҳои корҳои дохилии ҷумҳуриҳо ва дар навбати худ ба ҳокимияти марказӣ тобеъ буданд. Дар идома, фармони Вазорати корҳои дохилии ИҶШС (собиқ) аз 10 феврали соли 1992, №06 ба тасвиб расид, ки дар заминаи он бо фармонҳои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, аз 30 марти соли 1992, №013 ва аз 3 апрели соли 1992, №014, сохтори қӯшунҳои дохилии ВКД Тоҷикистон ба таври расмӣ тасдиқ карда шуд. Ба он Раёсати қӯшунҳои дохилӣ, қисмҳои ҳарбии 6593 ва 5453 (дар шаҳри Душанбе), 5536 (дар шаҳри Хуҷанд), 5537 (дар шаҳри собиқ Қӯрғонтеппа), 3501 (дар шаҳри собиқ Табошар) ва Баталиони алоҳидаи таълимӣ (дар шаҳри Турсунзода)-ро дар бар мегирифт.

Ин раванди таърихӣ бо қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии 10 апрели соли 1993 таҳти №147-7 ба расмият дароварда шуд.

Яъне, Қӯшунҳои дохилӣ аз ҷузъу томҳои пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ ба ҳолати ногувор омадарасида ташкил карда шуд, ки қудрати техникии ҳарбии хеле суст дошта, ҳайати кадрии он низ асосан аз мутахассисони ғайримаҳаллӣ иборат буд. Бо вуҷуди ин, ҳайати шахсии қисму воҳидҳо иродаи устувор ва таҷрибаи ҳарбӣ доштанду ба қасами ҳарбӣ ва ғояҳои ватанпарварӣ содиқ монда, дар айёми хеле бӯҳронию вазъияти мушкили сиёсӣ мавқеи устувори худро ҷиҳати иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва ҳимояи амнияту осоиши мардуми диёр аз даст надоданд.

Бо дарназардошти вазъи мураккаби сиёсии кишвар ва таҳдиди воқеӣ ба истиқлолияти давлати навбунёди Тоҷикистон, ҷиҳати такмили Қӯшунҳои дохилӣ, ки дар ин давра ягона сохтори ҳарбии ташаккулёфта ҳисоб мерафт, зарурат ба миён омад ва дар ҳайати он қисмҳои ҳарбии нав — 3974, 3551, 3571 ва 3502 таъсис дода шуд. Қӯшунҳои дохилӣ давоми солҳои 1992-1995 — 10 қисми ҳарбии алоҳидаро бо теъдоди умумии зиёда аз 10 000 нафар ҳайати шахсӣ дар бар мегирифт.

Баъди ба эътидол омадани вазъи сиёсӣ дар ҷумҳурӣ ва барқарор шудани сохти конститутсионии Тоҷикистон теъдоди ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилӣ ихтисор карда шуда, қисми ҳарбии 3571-и он ба Гвардияи президентӣ табдил дода шуд. Як теъдоди муайяни ҳайати шахсии он ба ҳайати Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон шомил карда шуд. Ҳамчунин, бо Амри Президенти Тоҷикистон, аз 26 июли соли 2002, таҳти №855, қисми ҳарбии 6593 ба ҳайати Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон гузаронида шуд.

Бо дарназардошти афзоиши таҳдиди қувваҳои исломигаро дар Ҷумҳурии Афғонистон ва бошиддат баланд рафтани сатҳи хатари терроризму экстремизм дар минтақа ва ҷаҳон, соли 2011 теъдоди ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилӣ зиёд карда шуда, бо зиёд намудани теъдоди ҳайати шахсӣ сохтори қисмҳои ҳарбии 3501 ва 3502 аз баталион ба ҳадди полк расонида шуд ва воҳиди нави ҷангӣ — қисми ҳарбии 3503 бо қароргоҳ дар шаҳрҳои Кӯлоб, Бохтар ва Хоруғ таъсис дода шуд.

 

Фаъолияти хизматӣ-ҷангӣ: аз Ромиту Вахш то Рашту Тавилдара ва хиёнати Маҳмуд

Афсарон, прапоршикон ва сержантону сарбозони Қӯшунҳои дохилӣ аз рӯзҳои аввали ташкилёбии қӯшун намунаи ибрати тамоми ҳайати шахсии сохторҳои ҳарбии кишвар буданд, ҳастанд ва хоҳанд монд. Мо шоҳиди онем, ки дар солҳои душвори мухолифатҳои дохилӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ афсарону сарбозони Қӯшунҳои дохилӣ қарзи ватандориро садоқатмандона иҷро карда, дараҷаи баланди маҳорати касбӣ ва ҷангӣ нишон додаанд. Инҷо маҳз хизматҳои афсарону сарбозони қисми ҳарбии 3501-ро оид ба таъмини амнияти вакилони мардумӣ дар давраи баргузории Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минбаъд таъмини амнияти ҳайати нави Ҳукумати тозаинтихоби Тоҷикистон дар давраи интиқол ба пойтахти ҷумҳурӣ қайд намудан бамаврид аст.

Аз наивштаҳо мехонем, ки ҳайати шахсии қисмҳои ҳарбии 5453 ва 3502 дар рафти амалиёти махсус оид ба безараргардонии гурӯҳҳои ғайриқонунӣ мусаллаҳ ҳамеша пешсафи тамоми набардҳо будаанд. Ҳудуди амалиёти ҷангии ин ду қисми ҳарбӣ дар давраи барқарорсозии сохти конститутсионии Тоҷикистон қариб тамоми масоҳати марказ ва ҷануби кишварро фаро мегирифт. Бино ба маълумоти ҳамсуҳбатон, ин қисмҳои ҳарбӣ аз ибтидои соли 1993 то 2001 дар амалиёти ниҳоят мураккаб ва хавфноки дар дараи Ромит, ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ, водии Вахш ва минтақаи Рашту Тавилдара гузаронидашуда фаълона иштирок намуда, дар рафти он маҳорати баланди касбӣ нишон додаанд. Дар рафти амалиёти махсус оиди аз гурӯҳи мусаллаҳи бо сарварии полковники хоин Маҳмуд Худойберидиев тавассути шимоли кишвар ба ҳудуди ҷумҳурӣ воридгардида тоза намудани минтақа низ ҳайати шахсии ин қисмҳои ҳарбӣ аз худ мардонагию матонати хос нишон дода, вазифаи ҷангии дар наздашон гузошташударо бо сари баланд ва масъулияти хос иҷро намудаанд.

Бино ба маълумотномаи дастрасшуда, ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилӣ то соли 2000 аз сарҳади ҷанубии кишвар то ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшону вилояти Суғд амалиёти хизматию ҷангиро ҷиҳати халъи силоҳ ва безарар гардонидани дастаҳои ғайриқонунии мусаллаҳ, таъмини амнияти мардум, ҳифзи иншоотҳои муҳим ва махсусан муҳими давлатӣ иҷро мекарданд. Дар роҳи муборизаҳо барои сулҳу осоиши кишвар, ки аксар вақт бо баҳои ҷон анҷом мегирифт, наздик ба 600 нафар сарбозону афсарони Қӯшунҳои дохилӣ шаҳид (руҳашон шод бод) ё беному нишон гаштаанд.

Хотираи шаҳидон ҳаргиз аз ёдҳо фаромӯш нагашта, ҷасорату диловарии онҳо, сабқати матонату фидокориҳо барои насли имрӯзу фардои ватанпарварони асил хоҳад буд. Ҳукумати Тоҷикистон ва роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ нисбат ба оилаҳои хизматчиёни ҳарбии дар давраи барқароркунии сохти конститутсонӣ фавтида ғамхории зиёд зоҳир намуда, дар арафаи иду маъракаҳо ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонида мешавад.

Тавре гуфта шуд, маҳз ҳисси баланди ватандӯстию азхудгузаштанҳо баҳри осудагию сулҳ дар кишвар кулли ҳайати шахсииро барои аз сидқи дил иҷро намудани вазифаҳои ҷангию хизматӣ ҳидоят мекард. Вагарна, дар ин айёми бӯҳронӣ чунин вазъияте фароҳам буд, ки ҳар хизматчии ҳарбӣ метавонист аз тарси ҷон озодона маҳалли хизматро намуда, силоҳ ба замин гузорад. Бино ба бархе маълумот, баъзан чунин ҳолатҳо низ буданд. Ҳамкорони собиқу имрӯз, пайравони мактабу бузурги ҷасорати мардонагӣ имрӯз аз афроде, чун Асомиддин Тешаев, Нурулло Саъдиев, Равза Боев, Баҳриддин Бобоев, Тоиршо Зокиров, Далер Аъзамов, Рустам Ашӯров, Мустафо Додоҷонов ва Дмитрий Дубейко бо некӣ ва сарбаландӣ ёд меоранд, ки дар рафти иҷрои вазифаи ҷангӣ мардонию далерии нотакрор нишон додаанд.

Аз оғози таъсисёбӣ то ба имрӯз 78 нафар хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудаанд, ки ин аз ғамхории Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба ҳайати шахсӣ шаҳодат медиҳад.

Ҳоло ҳам, тавре мушоҳида мешавад, дар рӯҳияи ҷангии афсарону сарбозони Қӯшунҳои дохилӣ саъю талошҳои ҳамеша пешсафи ҷабҳа будан, ноил гаштан ба ғолибият чун анъана ҷой дорад. Ин ҳиссиёт аз тарбиятгарони варзидаи қӯшунҳо, ба мисли генералҳо Шовалӣ Саидамиров, Ҳабибулло Юсупов, Абдуманнон Ғозиев, Суҳроб Қосимов, Абдулазиз Исмоилов ва даҳҳо собиқадорон ба мерос мондаанд. Бовар меравад, ки ин анъана ва руҳияи асили ватанпарастӣ ба наслҳои имрӯзу фардои муҳофизони Ватан чун дарси матонату мардонагӣ боқӣ хоҳад монд.

 

Дар сафи пеши мубориза

Ҳайати шахсии Раёсати қӯшунҳои дохилӣ, қисмҳои ҳарбии 5453 ва 3502 аз оғози таъсисёбии қӯшун то имрӯз дар тамоми амалиёти муштараки зиддитеррористии сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ, ки дар ҳудуди кишвар гузаронида шудаанд, инчунин, дар чорабиниҳои Вазорати корҳои дохилӣ вобаста ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ зимни сафарҳои кории Сарвари давлат ба шаҳру ноҳияҳои кишвар, ташрифи меҳмонони олиқадри хориҷӣ ба ҷумҳурӣ ва дигар чорабиниҳои хизматии мақомот фаъолона иштирок намудаанд.

Яке аз вазифаҳои дигар Қӯшунҳои дохилӣ таҳкими амнияти сарҳади давлатӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аст, ки низ дар ин раванд саҳми бузурги ҳайати шахсӣ ва сарбозону афсарони он махсус таъкид мешавад. Тибқи супориши алоҳидаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз соли 2016 инҷониб қувваю воситаҳои Қӯшунҳои дохилӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба хизмати ҷангӣ ҷалб гардида, дар ин раванд 4 дидбонгоҳи наздисарҳадӣ ва 12 постгоҳи бо тарифи шабонарӯзӣ фаъолияткунанда таъсис дода шудааст.

Таъмини омодабошии ҷангии қисму воҳидҳо, пеш аз ҳама, дар татбиқи чорабиниҳо оиди ташкили тайёрии ҷангию такмили маҳорати касбии ҳайати шахсӣ таҷассум ёфта, барои иҷрои вазифаҳои хизматию ҷангӣ омода будани ҳайати шахсиро ифода менамояд.

Бо мақсади ташкили чорабиниҳо оид ба таъмини тайёрии ҷангии ҳайати шахсӣ дар қисмҳои ҳарбӣ вобаста ба таъиноти хизматиашон барномаҳои тайёрии ҷангӣ қабул карда шудааст, ки баргузории машғулиятҳои назариявию амалии таълимӣ ва гузаронидани машқу тамринҳои иммитатсионию тактикиро пешбинӣ менамояд. Барномаи таълимӣ ташкили омодагии касбии ҳайати шахсиро бо баргузории чорабиниҳои маъмули ҷорӣ ва чорабиниҳои дар асоси нақшаҳои иловагии дар ин самт таҳиягардидаи аҳамияти байнисохторӣ, сатҳи вазорат ва сатҳи қӯшунидошта пешбинӣ менамояд.

 

Хеле фарқкунандаанд

Таври маълум, яке аз омилҳои асосии барои баланд бардоштани сатҳи омодагии ҷангии воҳиди ҳарбӣ мусоидаткунанда — ҷалби ҳайати шахсӣ ба машқҳои амалии тактикӣ мебошад. Дар ин раванд Қӯшунҳои дохилӣ ҳамасола ба таври мустақилона ё муштарак бо дигар воҳидҳои таркибии Вазорати корҳои дохилӣ машқҳои тактикӣ доир намуда, ба ин васила маҳорати касбии ҳайати шахсиро такмил медиҳад. Ҳамзамон, ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилӣ дар машқҳои тактикии муштарак бо иштироки намояндагони сохторҳои қудратии кишварҳои ИДМ — “Сипар”, “Сипари ҷануб”, машқҳои зиддитеррористии “Антитер­рор – 2006” фаъолона ширкат варзида, нишондодҳои онҳо ба дараҷаи хеле фарқкунанда ва мусбат арзёбӣ мегарданд.

Махсусан, соли 2005 иштироки онҳо дар машқҳои муштараки дар дараи Марғоби шаҳри Ваҳдат баргузоргардида сазовори баҳои баланди нозирони баландпояи байналмиллалӣ гашта, унвони “Уқобони кӯҳӣ”-ро соҳиб гаштанд.

Соли 2015 бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон дар машқгоҳи саҳроии “Марғоб”-и Вазорати корҳои дохилӣ машқҳои муштараки зиддитеррористии воҳидҳои таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин бо номи рамзии “Ҳамкорӣ-2015” баргузор гардид, ки ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилӣ низ дар он ширкат варзида, дар радифи дигар воҳидҳо маҳорати баланди касбӣ нишон доданд.

Ба ғайр аз ин, дастаи варзишии Қӯшунҳои дохилӣ ҳамчун воҳиди таркибии Шӯрои ҷумҳуриявии “Динамо”-и Вазорати корҳои дохилӣ дар баланд бардоштани обрӯю нуфузи вазорат — чи дар ҷумҳурӣ ва чи дар сатҳи байналмиллалӣ нақши назаррас дорад. Давоми панҷсолаи охир дастаи варзишии қӯшун дар тамоми чорабинии варзишии сатҳи мақомот, байни сохторҳои қудратию дигар мақомотҳои давлатии кишвар ва чорабиниҳои варзишии ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, дар аксари чорабиниҳо аз рӯи ҳисоби даставӣ ва шахсӣ ҷойҳои намоёнро ишғол намудаанд. Тӯли ин муддати фаъолияти даста дар ҳайати он 3 нафар мураббиёни шоистаи варзиши ҷумҳурӣ, 2 нафар устоди шоистаи варзиши ҷумҳурӣ, 12 нафар устодони варзиши дараҷаи байналмилалӣ, 18 нафар устодони варзиши ҷумҳурӣ, зиёда аз 20 нафар номзадҳо ба устоди варзиши ҷумҳурӣ, 2 нафар иштирокчиёни Бозиҳои варзишии Олимпӣ, 4 нафар иштирокчиёни Бозиҳои варзишии Осиёгӣ, 3 нафар ҷоизадорони Бозиҳои варзишии осиёӣ ва зиёда аз 43 нафар иштирокчиёни мусобиқаҳои байналмилалӣ оид ба намудҳои гуногуни гӯштин, муҳорибаҳои омехтаи тан ба тан, таэквондо ва каратэ ба воя расидаанд.

Ин ҳама ҷонфидоиҳоиву қаҳрамониҳо ва ин ҳама дастовардҳо дар самтҳои гуногуни хизмат баёнгари онанд, ки Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ дар самти таъмини амнияти ҳар яки мо вазифаҳои худро сарбаландона иҷро менамояд.

 

Фармондеҳи Қӯшунҳои дохилӣ: мухтасари шарҳи ҳол

Айни замон фармондеҳи Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро генерал-майор Суҳроб Рауфзода ба уҳда дорад, ки 12 декабри соли 2017 ба ин вазифа таъин гардид.

Фармондеҳи Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД ҶТ, генерал-майор Рауфзода Суҳроб Орзу 11 декабри соли 1973 таваллуд шуда, соли 2001 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст.

Хизмат дар мақомоти корҳои дохилиро соли 1996 оғоз намудааст.

Дар давоми фаъолияти хизматиаш дар вазифаҳои гуногун кор кардааст:

— сардори ротаи қисми ҳарбии 3502-и Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД;

— командири взводи ротаи комендантӣ-таъминотии қисми ҳарбии 3502-и Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД;

— командири ротаи комендантӣ-таъминотии қисми ҳарбии 3502-и Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД,

— муовини сардори Ситод оид ба ротаи разведкаи қисми ҳарбии 3502-и Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД,

— командири баталёни фаврии қисми ҳарбии 3502-и Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД,

— командири полки фаврии таъиноти махсуси қисми ҳарбии 3502-и Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД.

12 декабри соли 2017 ба вазифаи фармондеҳи Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, адои вазифа намуда истодааст.