Рӯзҳои 9-10-уми марти имсол дар шаҳри Душанбе Иҷлосияи VI Маҷмаи умумии “Форуми раисони шаҳрҳои Осиё” баргузор гардид. Ин маҷмуаи ҳамкорӣ бори нахуст бо ибтикори шаҳрдори Теҳрон дар соли 2008 ба фаъолият шурӯъ намуда буд. То ҳол шаҳрҳои мухталифи Осиё мизбони ин ҳамоиши байналмилалӣ буданд.
Дар охирин давраи панҷуми ин маҷмаа Гуштосп Музаффарӣ дабири кулл ва хонум Фотима Шоҳин, шаҳрдори шаҳри Ғозиёнтепи Туркия мизбони ин ҳамоиш буданд. Аз оғози рӯзи ин дидор ва иҷлосияи номбурда барои се сол мизбонӣ ва садорати ин ниҳоди ҳамкории байналмилалӣ бар ӯҳдаи шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ хоҳад буд.
Ҳамкорони мо баъди анҷоми ҷаласаи мазкур бо Раиси Маркази иттилоърасонӣ ва умури байналмилалии шаҳрдории Машҳад — ҷаноби оғои Саид Носир Неъматӣ, ки низ ширкаткунандаи ин ҳамоиш буд ва низ дар пойтахти Тоҷикистон боздидҳое дошт, ҳамсӯҳбат шуданд:
— Қаблан каме дар мавриди таассурот аз сафаратон ба шаҳри Душанбе мегуфтед!
— Мо барои ширкат дар шашумин маҷмуаи шаҳрдорони осиёӣ, ки рӯзҳои нуҳум ва даҳуми март дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, омадем. Бо ҳайъате аз шаҳрдории Машҳад, ки раиси ин ҳайъат ҷаноби оғои шаҳрдор – Сайид Абдуллоҳи Арҷоӣ буданд.
Чанд рӯзе, ки дар Душанбе будем, шаҳрдорамон оғои Арҷоӣ бо шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ дидор доштанд, бо шаҳрдори Тошканд дидор доштанд ва шаҳрдорони мухталиф, ки дар ин иҷлос ҳузур доштанд, аз шаҳрдории Бохтар, шаҳрдории Гулистон, шаҳрдории Турсунзода ва Хуҷанд, дар бораи ҳамкориҳои фимобайн дидорҳои мухталифе доштем. Бо ин шаҳрдорон дар мавриди ҳамкориҳои оянда гуфтугӯ кардем. Як тафоҳумнома дар заминаи “Шаҳри ҳушманд” байни Машҳад ва Душанбешаҳр омода кардем, ки ба зудӣ ба имзо мерасад.
Дар сафари қаблӣ ҳамкорони мо дар сатҳи коршиносӣ музокира карда буданд, дар ин сафар мо пешнависи тафоҳумномаро овардем ва тақдим намудем.
Дар мавриди бандҳои тафоҳумнома суҳбат кардем ва ба як ҷамъбандӣ расидем. Ба сурати электроник, иншаоллоҳ, ин тафоҳумномаро имзо хоҳем намуд ва ин шурӯи ҳамкориҳои Машҳад ва шаҳри Душанбе мебошад.
Шаҳри Душанбе барои мо шаҳри ошност. Чун мардум дар ин ҷо бо забони форсӣ сӯҳбат мекунанд, фарҳанги форсизабонон дар ин шаҳр дида мешавад. Мо дар ҳар нуқтаи шаҳр, ки мерафтем, эҳсоси ғурбат намекардем, эҳсоси ғарибӣ намекардем. Ингор бо бародарон ва хоҳарони худ гуфтугӯ мекардем.
Дар ин рӯзҳо гуфтугӯе, ки бо мақомоти Душанбе ва Тоҷикистон доштем, нишон медиҳанд, ки метавонем ҳамкориҳои баландмуддатеро бо ҳам дошта бошем. Ҳамкориҳое, ки ҳам бар нафъи Душанбе бошад ва ҳам ба нафъи Машҳад.
Ба назар мерасад, мизбонии шаҳрдорони Осиёро, ки ба муддати се сол ба шаҳрдории Душанбе дода шуд, як бистари хубе барои анҷоми ҳамкориҳо, иттифоқоти хубе ҳам барои мардуми Душанбешаҳр ва ҳам барои сойири шаҳрҳои осиёӣ хоҳад буд!
— Агар мардуми Тоҷикистонро бо мардуми Ирон на ба ҳайси ду миллати ҳамзабону ҳамфарҳанг, балки ба унвони як миллати воҳид ҳам тавсиф намоянд, мантиқан дуруст ҳаст, зеро тоҷикистониён ба забону фарҳангу таммаддуни муштаракамон алоқаву муҳаббати хоса доранд. Махсусан, ба шаҳри муқаддаси Машҳад, ки ҳарами мубораки Имом Ризо дар ин шаҳр мавҷуд аст…
Бархе аз дӯстон ва коршиносон чунин андеша доранд, ки дар ояндаи наздик Машҳаду Душанбе расман аҳдномаи бародархондагӣ, ё ба ибораи маъруф, “бародаршаҳрӣ”-ро шояд ба тасвиб бирасонанд. Дар ин маврид Шумо чӣ назар доред?
— Дар дидоре, ки оғои шаҳрдори Машҳад бо шаҳрдорони Душанбе ва Тошканд доштанд, дар мавриди бародархондагӣ сӯҳбате ба миён омад ва гуфта шуд, ки ин мавридро коршиносон бояд баррасӣ бинамоянд ва иттилоъ бидиҳанд, то ин ки ҳам шаҳрдори Душанбе, ҳам шаҳрдори Тошканд ва ҳам шаҳрдори Машҳад битавонанд тасмим бигиранд.
Ба назар мерасад, ки мо бахусус, бо шаҳри Душанбе — чи тафоҳуми бародархондагӣ имзо бикунем ва чи накунем, мо ду бародар ҳастем ва бояд иртиботи наздик дошта бошем. Вале имзои ин тафоҳумномаҳо расмият ба миён меоварад. Мо дар шаҳрдории Машҳад ин мавзуъро баррасӣ мекунем ва назари худро ба шаҳрдори Машҳад хоҳем дод ва дар мукотибаҳо мобайни шаҳрдори Машҳад ва шаҳрдори Душанбе дар мавриди ин мавзуъ ҳам бояд тасмимгирӣ бишавад.
— Сафари Шумо дар шабу рӯзе иттифоқ афтода, ки борандагии зиёде доштем. Ба Шумо ҷойҳои дидании шаҳрро ҳам нишон доданд, ё фурсат ва шароити мусоиде набуд?
— Мо дар ин ду–се рӯзи иҷлос хеле фурсати дидор аз манотиқ надоштем, аз шаҳри Душанбе ва нуқоти мухталифи Тоҷикистон. Аммо яке аз барномаҳои ҷонибии иҷлос ин буд, ки моро ба музейи шаҳри Душанбе бурданд. Макони баргузории иҷлос, ки китобхонаи марказии шаҳри Душанбе буд, аз муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, аз Нишони миллӣ ва Парчами миллӣ дидан кардем.
Шаҳри Душанбе яке аз нукоти мусбаташ ин аст, ки шаҳри ором аст. Оромие, ки дар хиёбонҳои шаҳри Душанбе, дар бархӯрди сокинони шаҳри Душанбе ҳаст, хеле барои мо ҷолиб буд ва таваҷҷуҳи моро ҷалб намуд. Умедворам, оромиш хамеша дар ин шаҳр ҳукмфармо бошад ва ҳеҷ вақт оромиши ин шаҳр рахт барнабандад!
— Мо ҳам умедворем, миёни кишварҳои Тоҷикистону Ирон ва бахусус, миёни пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе ва калоншаҳри Машҳад минбаъд низ равобити хубе пойдор бошад ва дидорҳои хубу муҳаббатомези бештаре ба вуқуъ бипайванданд…
— Мо дар ин ду сафаре, ки дар як моҳи гузашта иттифоқ афтода, дар мавриди мавзуъҳои муттафовит сӯҳбатҳо доштем. “Smart city” ё “Шаҳри ҳушманд” яке аз ин мавзуҳо буд, ки арз кардем. Дар мавзуи содироти хадамоти шаҳрии Машҳад ҳам коршиносони мо дар сафари қаблӣ боздидҳоеро доштанд ва суҳбатҳое анҷом шуда ва дар сатҳи коршиносӣ баҳсҳо табодул мешаванд. Баҳси бозёфти зубола ҳаст, баҳси муҳити зисти шаҳрӣ ва бозпиройии дарахтону буттаҳои ороиши шаҳрӣ, яки дигар аз ин мавзуҳо мебошад. Инчунин дар мавзуоти мухталифи дигар ҳам суҳбат шуда, ки ҳоло дар сатҳи коршиносӣ ҳастанд.
Дар мавзуи “Шаҳри ҳушманд” бошад, мо то сатҳи пешнависи тафоҳум расидем. Ман умедворам, ки баҳсҳои коршиносии дигар ҳам иртиҳо пайдо кунанд ва битавонем тафоҳумномаҳои бештареро бо шаҳри Душанбе ба имзо бирасонем!
Ман чашмандози мусбатеро дар равобити Машҳад ва Душанбе мебинам ва умедворам, ки битавонем як ҳамкории хуберо бо ҳамон нуктае, ки арз кардам, яъне ба манфиати сокинони шаҳри Душанбе ва ҳам ба манфиати сокинони шаҳри Машҳад анҷом бидиҳем!
— Ташаккур, саломат бошед!
— Муташаккирам!
Муним Оламов
Абдураззоқ Саид
ИмрӯзNews