ТГЭМ: Бунёди НБО “Роғун” сармоягузорӣ барои ояндаи дурахшон аст

Shared to Facebook

“Саҳм гузоштан дар бунёди иншооти аср – Неругоҳи барқи обии “Роғун” танҳо як фаъолияти сохтмонӣ ё масъулияти корӣ нест. Ин ҳамзамон масъулияти ҷиддӣ пеши Давлату Миллат аст, ки аз ҳар шахс вобаста ба имконоту тавоноияш тақозо мешавад. Ҳамин тавр, бунёду ба истифода супоридани Неругоҳи барқи обии “Роғун” на танҳо татбиқи як лоиҳаҳои бузурги энергетикист. Ин ҳамзамон сармоягузорӣ барои ояндаи дурахшон аст…”

Директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷикгидроэлектромонтаж” (ТГЭМ) Иқбол Сафаров зимни суҳбат бо нависандаи ин сатрҳо дар ҳоле ин суханҳоро мегуфт, ки ба як чорабинии муҳим омодагӣ медид: Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамин рӯзҳо бо сафари кории навбатӣ ба иншооти бузурги аср – Неругоҳи барқи обии “Роғун” ташриф меоранд. Ҷамъият Пешвои миллатро бо навгониҳо ва дастовардҳои зиёди меҳнатӣ пешвоз гирифтан мехоҳад.

Ҳамон тавре ки сохтмончиён мегӯянд, ҳар сафари Роҳбари давлат ба ин Кохи нур анҷоми бунёди ин иншооти тақдирсозро наздик меорад ва, қабл аз ҳама, ҳазорҳо заҳматкаши онро қадам ба қадам бо он Рӯзи муқаддасе, ки аз анҷоми сохтмони Неругоҳ дарак хоҳад дод, наздиктар месозад. Дарвоқеъ, он рӯз дур нест.

Тавре медонем, Неругоҳи барқи обии “Роғун” иншооти стратегӣ ба ҳисоб рафта, аз ҷумлаи нақшаҳои асосии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар самти таҳкими истиқлолияти энергетикӣ мебошад. Аз ин рӯ, тавре Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта зимни боздид аз Неругоҳ гуфтанд, саривақт ва тибқи нақша ба истифода супоридани ҳар қитъаи сохтмонӣ ба рушди иқтисоди миллӣ замина мегузорад. Мардуми тоҷик ба азму ирода, неруи созандаи кормандони муҳандисию техникии НБО “Роғун” эътимоди қавӣ доранд.

Дар баробари даҳҳо ширкати дигар, Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷикгидроэлектромонтаж” аз ҷумлаи бузургтарин ва муҳимтарин ширкатест, ки дар бунёди иншооти муҳими энергетикии Тоҷикистон – Неругоҳи барқи обии “Роғун”, саҳми хеле бузург дорад. Роҳбарону кормандони Ҷамъият бо заҳматҳои шабонарӯзӣ дили куҳро шикофтаву бо меҳнати софдилона, бо обилаҳои кафи дастон пайи иҷрои масъулияти инсониву шаҳрвандӣ назди Давлату Миллат рӯйи санги хоро аз худ нақш ба ёдгор мегузоранд.

Инҳо имрӯзро ба оянда васл мекунанд.

Дар ин ҷода аз дастуру роҳнамоиҳои самимонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар саргаҳи бунёди НБО “Роғун” меистанд, қуввату илҳом мегиранд. Ҳамин аст, ки кормандони Ҷамъият аз нақшу саҳми худ, ки тавре гуфта шуд, иҷрои онро масъулияти ҷиддӣ пеши Давлату Миллат мешуморанд, ифтихор мекунанд.

Собит шудааст, ки бунёди Неругоҳи барқи обии “Роғун” барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ саҳми калон мегузорад. Меҳнати созандаву садоқатмандонаи роҳбарият ва кормандони Ҷамъият, ки аз эҳсоси баланди ватандӯстӣ дарак медиҳад, аз дастёбии комил ба истиқлолияти комили энергетикӣ башорат медиҳад.

Чун гап сари саҳмгузории ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” дар бунёди НБО “Роғун” рафт, зикри чанд маълумотро зарур мешуморам, ки нақши ин Ҷамъиятро хеле барҷаста мекунанд. Бино ба маълумоти дастрасшуда, айни замон дар қитъаҳои гуногуни сохтмонӣ наздик ба 6 ҳазор кормандони ин Ҷамъият фаъолият доранд, ки аксаран мутахассисони маҳаллиянд ва маҳз дар НБО “Роғун” “сабзидаанд”. Бо чанде аз кормандон суҳбат доштем, ки дилпурона мегӯянд, омодаанд, ки дар ҳар куҷое, ки бошад, ҳар лоиҳае, ки бошад, новобаста аз иқлиму релъефи ҷойгиршавӣ мустақилона фаъолият намоянд. Бо ҳамин далел, ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж”-ро як мактаби бузурги омодасозии мутахассисони сатҳи байналмилалӣ мешуморанд ва далелҳоеро ҳам доранд.

Ҳамин аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди бунёди НБО “Роғун” сохтмони чандин иншооти муҳим ва пурмасъулиятро маҳз ба ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” эътимод кардааст. Дар посух ба ин эътимод роҳбарияту мутахассисони Ҷамъият тамоми талошҳоро ба он равона намудаанд, ки бо ҳар имкону тавоноие, ки доранд, базаи техникиву кадрии худро пурқувват намуда, ҳамзамон ба сатҳу сифати корҳои иҷрошаванда таваҷҷуҳи махсус дошта бошанд. Зеро бунёди бузургтарин неругоҳ бо баландтарин сарбанд ин сохтмони кадом як иншооти чандошёна нест ва дар баробари ин ки бояд барои садсолаҳо хизмат кунад, ҳамзамон дараҷаи эътимодпазирии худро собит намояд. Дар навбати худ, ин талабот масъулиятро пеши сохтмончиён чанд маротиба зиёд мекунад.

Бо дарназардошти ин, дар партави дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргарону мутахассисони Ҷамъият шабонарӯзӣ фаъолияти босамар намуда, барои иҷрои босифати корҳо аз ҳамаи имконоти мавҷуда истифода мебаранд:

“Барои пешбурди кор истифодаи техникаи замонавӣ ва ҷалби мутахассисони баландихтисос хеле муҳим аст. Ба ин хотир, дар баробари он ки ба шароити моддиву маишии кормандон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мекунем, ҳамзамон масъалаи баландбардории дараҷаи ихтисосӣ ва донишандӯзии онҳоро хеле муҳим мешуморем. Дар ин робита дастуру роҳамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, шароит фароҳам меоварем, ки кормандону сохтмончиён донишҳои муосир дар самти сохтмон, техникаву технологияи сохтмонӣ, лоиҳкашӣ, кор бо дастгоҳу таҷҳизотҳои корӣ ва ғайраро ҳамаҷониба фарогир бошанд ва донишу ҷаҳонбинии худро сайқал диҳанд”, — мегӯяд Иқбол Сафаров.

Айни замон ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” барои пешбурди корҳои сохтмонӣ дар НБО “Роғун” наздик ба 1000 техникаю механизмҳои гуногунро сафарбар намудааст, ки аксаран нав буда, маҳз ҷиҳати татбиқи ин лоиҳа ворид карда шудаанд. Аз ҷумла, ахиран Ҷамъият теъдоди зиёди техника ва механизмҳои муосирро ворид намуд, ки дар назар аст, бори аввал ба корҳои сохтмонӣ равона карда шаванд.

Дар баробари ин, Ҷамъият ба шароити маишии кормандон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Зеро маҳз таъмини шароити моддиву маишии кормандон онҳоро ба фаъолияти пурсамар дилгарм намуда, ҳамзамон имкон медиҳад, ки ҳар як лаҳзаи дар ихтиёрбуда самаранок истифода гардад. Ба ин хотир, айни замон Ҷамъият барои кормандонаш ошхонаеро омода намудааст, ки дар як вақт дар он метавонанд беш аз 400 нафар хӯрок хӯранд. Ҳамзамон Ҷамъият бунёди якчанд хобгоҳро оғоз карданист, ки барои беш аз 1500 нафар ба назар гирифта шудааст. Илова ба ин, ҷиҳати ба истироҳату фароғат фаро гирифтани кормандон бунёди якчанд инфрасохтори зарурӣ, аз қабили майдони варзишӣ ва обутоби бадан дар назар аст:

“Дар баробари фаъолияти ҷисмонӣ кормандон ба истироҳату фароғат ниёз доранд. Зеро маҳз баъди истироҳат корманд метавонад бо нерӯву ғайрати тоза вориди кор шавад. Табиист, ки дар чунин ҳолат кори ӯ самаранок хоҳад буд”, — мегӯянд дар Ҷамъият.

Чун ҳадафи ин матлаб муаррифии фаъолияти ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” (ТГЭМ) аст, зикри чанд маълумотро аз таърихи фаъолият, лоиҳаҳои иҷрокарда, доираи фарогирӣ ва масъулияти иҷтимоии Ҷамъият зарур мешуморем.

ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” (ТГЭМ) аз ҷумлаи ширкатҳои пешсафи Тоҷикистон дар самти сохтмони иншоотҳои гидроэнергетикӣ ва инфрасохторӣ маҳсуб мешавад, ки ҳанӯз соли 1959 бо номи Раёсати корҳои васлкунии Тоҷикистон “Гидроэлектромонтаж” таъсис ёфтааст. Ширкат давоми беш аз шаст соли фаъолият дар сохтмон ва насби таҷҳизоти барқии аксар иншоотҳои бузурги ҷумҳурӣ ва берун аз он фаъолияти пурсамареро ба анҷом расондааст. Давоми фаъолияти худ Ширкат дар муҳимтарин лоиҳаҳои энергетикии ҷумҳурӣ иштирок намуда, аз ҷумла, дар сохтмони МБГ “Ёвон”, НБО “Норак”, қисме аз иншооти “Ширкати алюминийи тоҷик”, азнавсозии НБО “Перепадная”, сохтмони зеристгоҳи барқии 220/110/10 кВ “Бӯстон” дар ноҳия Мастчоҳ, НБО “Роғун” ва даҳҳои дигар фаъолона иштирок намудааст. Зикри чанд маълумот танҳо дар замони соҳибистиқолии ҷумҳурӣ, ки марбут ба фаъолияти Ҷамъият аст, далели ин гуфтаҳост:

Соли 2006 Ширкат вввалин бор дар тендери байналмилалӣ ғолиби лоиҳаи корҳои азнавсозии НБО “Перепадная” гардид;

Соли 2009 Ширкат аввалин бор дар таърихи навтарин сохтмони зеристгоҳи барқии 220/110/10 кВ “Бӯстон” дар ноҳияи Мастчоҳро амалӣ сохт;

Соли 2010 Ширкат заводи истеҳсоли бетон, сутунҳои бетонӣ ва маҳсулоти бетониро барои соҳаи энергетика дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуд;

Соли 2010 заводи бетономехтакуниро дар НБО “Роғун” ба истифода супорид;

Соли 2011 Ширкат бори аввал заводи коркарди кони сангу шағал ва майдакунию ба навъҷудокуниро дар НБО “Роғун” ба истифода супорид;

Соли 2011 Ширкат дар НБО “Роғун” заводи майдакунӣ ва ба навъҷудокуниро барои истифодабарӣ супорид;

Соли 2012 бори аввал берун аз марзи кишвар — дар Афғонистон ғолиби озмуни тендери байналмиллалӣ гардид;

Соли 2014 дар ҳамбастагӣ бо ширкати бонуфузи “AlstomGrid” дар таҷдиди ДТК 220 кВ НБО Норак иштирок намуд;

Соли 2015 дар доираи татбиқи лоиҳаи “Таҷдиди ДТК 500кВ НБО Норак” бори аввал дар таърихи навтарин хатҳои кабелии 500 кВ–ро васл намуд;

Соли 2016 Лоиҳаи “Созмон додани низоми SCADA ва маркази танзими миллӣ”-ро мавриди амал қарор дод;

Соли 2016 Ширкат дар тендери пешбандкунии дарёи Вахш, дар чорчӯбаи лоиҳаи сохтмони НБО “Роғун”, ғолиб омад;

Соли 2017 Ширкат аз рӯи системаи менеҷменти сифат ISO 9001:2008 ба Сертификати мутобиқат ноил гардид. Ҳамон сол Ширкат қуму шағалрезии сарбанди НБО “Роғун”-ро то ба нишонаи шартии 1050 метр ба анҷом расонида, ҳамчунин, васлу насбкунии ДТПЭ 500/220 кВ дар НБО “Роғун”-ро бори аввал дар амал татбиқ намуд. Ба ғайр аз ин, соли 2017 арматурбандӣ ва бетонрезии нақбҳои сохтмонии СТ-1, СТ-2 дар НБО “Роғун” ба наҷом расонида, Ширкат ҳамон сол лоиҳаи АСКУЭ-ро амалӣ намуд;

Соли 2018 Ширкат бори аввал дар таърихи навтарин корҳои васлкунии ҷараёнбарҳои 15,75 кВ-ро бо қувваи ҷараёни 26 000 А амалӣ намуда, ҳамчунин, бори аввал дар таърихи худ кандани нақбро ба дарозии 270 метр дар доираи сохтмони НБО “Роғун” амалӣ намуд;

16-уми ноябри соли 2018 бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маросими бо тантана ба истифода супоридани чархаи аввали НБО “Роғун” баргузор гардид, ки дар зимни он ба саҳм ва иштироки муттахассисони ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” махсус таъкид шуд.

Соли 2019 Ширкат аз рӯи системаи менеджменти сифат OHSAS 18001:2015 ва ISO 14001:2015 ба Сертификати мутобиқат соҳиб гардид.

Аммо он чӣ ки марбут ба НБО “Роғун” аст, Ширкат ҳанӯз соли 1986 корҳоро дар ин Неругоҳ оғоз намуда, дар маҷмӯъ, як саҳифаи рахшону рангини фаъолиятро ба ёдгор гузоштааст. Яъне, ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” дар бунёди ин Неругоҳ маҳз бо далели таҷрибаи бойи сохтмонӣ ҷалб гардида, ҳамин гуна, таҷрибаи беш аз шастсолаи худро дар ин лоиҳа истифода мебарад. Ба ин маънӣ, ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” ин тими мутахассисони баландихтисосе мебошад, ки аз уҳдаи амалисозии лоиҳаҳои бузурги сохтмонӣ бо муваффақият мебарояд:

“Мутахассисони мо тамоми ӯҳдадориҳои марбут ба таҳияи лоиҳаҳоро ба зимаи худ гирифта, маҷмӯи пурраи таҳқиқоти заруриро мегузаронанд ва кафолат медиҳанд, ки иншоот ба талаботи бехатарии саноатӣ ва ҳифзи муҳити зист мувофиқат кунад”, — мегӯяд Иқбол Сафаров.

Дар баробари татбиқи лоиҳаҳои бузурги сохтмониву энергетикӣ ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” як қатор масъулияти иҷтимоиеро ба уҳда дорад, ки ба рушди илм, маориф ва тарғиби тарзи ҳаёти солим равона шудаанд. Аз ҷумла, ТГЭМ шарики деринаи Федератсияи футболи Тоҷикистон ва яке аз сарпарастони асосии Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон мебошад.

Ба ғайр аз ин, дастгирии табақаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ ниёзманди аҳолӣ дар меҳвари фаъолият ва масъулиятҳои иҷтимоии ТГЭМ қарор дорад. Ҳамин аст, ки Ҷамъият ҳамасола ба калонсолон ва кӯдакони имконияташон маҳдуд, кӯдакон аз оилаҳои камбизоат, ятимон ва ниёзмандон кумак мерасонад.

Ҳамин гуна кумаку дастгириҳо ҳамасола аз ҷоинби Ширкат ба соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ, ки аз ҷумлаи самтҳои афзолиятноки сиёсати Давлату Ҳукумати Тоҷикистон мебошанд, равона карда мешаванд.

Директори генералии ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” мегӯяд, талошашон бар ин аст, ки дар беҳтар намудани сифати зиндагии мардум саҳм гузоранд ва барои рушди иқтисодии минтақаҳое, ки онҷо фаъолият доранд, шароит фароҳам оваранд.

Масъулият, Касбият, Сифат, Ростқавлӣ, Адолат, Эҳтиром, Эътимод ва дар маҷмӯъ, Инсоният – аз ҷумлаи арзишҳоеянд, ки роҳбарият ва кормандони ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” барои худ меъёр эълон кардаву пазируфтаанд. Ин арзишҳоеянд, ки роҳи тӯлонии расидан ба Ҳадафро кутоҳ ва дастрас мекунанд.

Довуд Исматӣ

ИмрӯзNews