Меъмори ин кохи бегазанди нур

Shared to Facebook

Чанде пеш дар рӯзномаи “ИмрӯзNews” силсиламақолаи пурмуҳтавои Аламшозода Абдураҳмон Аламшоро таҳти унвони “Эмомалӣ Раҳмон – бунёдгузори истиқлолияти энергетикӣ” хондам. Бо суханони муаллиф, ки бо истинод ба далелҳои асоснок рӯи саҳифа омадааст, комилан ҳамфикрам. Чунин тарзи андешаронӣ хоси ашхосе ҳаст, ки ба Пешвои миллат бениҳоят содиқ буда, ба арзишҳои милливу давлатӣ арҷгузоранд.

Дар ин робита бояд ёдовар шавем, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои рушди соҳаи энергетикаи кишвар 34 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 57,2 миллиард сомонӣ татбиқ карда шуд. Иншооти бузурги гидроэнергетикӣ, аз ҷумла неругоҳҳои барқи обии “Сангтӯда-1” ва “Сангтӯда-2”, ду агрегати НБО “Роғун”, марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе, садҳо неругоҳи барқи обии хурд, хатти интиқоли барқи 500–киловолтаи “Ҷануб – Шимол”, дигар хатҳои интиқоли барқи баландшиддат ва зеристгоҳҳои барқии пуриқтидор ба истифода дода шуда, татбиқи лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA – 1000 ва сохтмони Неругоҳи барқи обии “Роғун” бомаром идома дорад.

Ҳоло Тоҷикистон дар арзёбии дастрасӣ ба қувваи барқ дар таҳлилҳои Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ ҷойи дуюмро ишғол намуда, аз рӯи фоизи истеҳсоли “энергияи сабз” шашум кишвари пешсафи сайёра мебошад ва баъди пурра ба истифода додани Неругоҳи барқи обии “Роғун” боз ду зина боло рафта, мақоми чорумро ишғол менамояд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ҷумҳуриҳои ҳамҷавор аз низоми ягонаи энергетикӣ бо қувваи барқи доимӣ таъмин мегардиданд. Иқтидори истеҳсолии низоми энергетикии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон 4100 МВт-ро ташкил медод.

Дар замони соҳибистиқлолӣ иқтидори энергетикии мамлакат тадриҷан зиёд гардида, аз 4044 мегаватти соли 1991-ум ба 6131 мегаватт дар соли 2020 расонида шуд. Дар натиҷаи корҳои амалигардида низоми ягонаи энергетикии мамлакат ташаккул ёфта, маҳдудияти таъмини аҳолӣ бо барқ дар фаслҳои тирамоҳу зимистон бартараф гардид, ки ин низ аз дастовардҳои назарраси даврони соҳибистиқлолӣ мебошад.

Қобили зикр аст, ки барои фароҳам намудани заминаи ҳуқуқии таъмини истиқлолияти энергетикӣ парламенти мамлакат қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи энергетика”, “Дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия”, “Дар бораи сарфаҷӯӣ ва истифодаи самараноки энергия”, қариб 40 созишномаи байналмилалӣ, аз ҷумла, Созишномаи кредитӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд оид ба лоиҳаи “Эҳёи бахши энергетикӣ”, Созишномаи кредитӣ (Амалиётҳои махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд оид ба лоиҳаи “Эҳёи энергетика”, Созишнома оид ба ёрии байниҳамдигарӣ дар ҳолатҳои садама ва дигар вазъиятҳои фавқулода дар иншооти электроэнергетикии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Шартномаи консессияи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати энергетикии “Помир – энержӣ”, Қарордоди молиявӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки сармоягузории Аврупо оид ба барқарорсозии соҳаи энергетикаи Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро қабул намуда, вобаста ба талаботи замон дар ҳамоҳангӣ бо Ҳукумати ҷумҳурӣ ва вазорату идораҳои дахлдор ба онҳо тағйиру иловаҳои зарурӣ ворид кард.

Шоҳид ҳастем, ки солҳои охир талабот ба неруи барқ дар миқёси ҷаҳон, аз ҷумла кишвари мо низ мунтазам афзоиш ёфта истодааст ва тибқи пешгӯии мутахассисон дар давлатҳои ҷаҳон талабот ба он то соли 2030 нисбат ба ибтидои асри бистуякум қариб чор баробар зиёд мегардад. Барои ноил шудан ба ҳадафи чоруми стратегӣ, яъне саноатикунонии босуръати кишвар ва баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти саноатӣ бояд таъминоти кафолатноки нерӯи барқ таъмин карда шавад.

Маҳз бо ҳамин мақсад, яъне таъмин намудани пешрафти босуботи кишвар ва мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи энергетикаи обиро самти муҳимтарину афзалиятноки сиёсати иқтисодии худ ва расидан ба истиқлолияти энергетикиро ҳадафи стратегии миллӣ эълон карданд.

Дар ҳамовозӣ бо муаллифи мақола Аламшозода Абдураҳмон Аламшо бояд аз НБО-и “Роғун” ёдовар шавем. Бегуфтугӯ, бунёди НБО-и “Роғун” ба номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон алоқаманд аст. Баъд аз мавриди истифода қарор гирифтанаш НБО-и «Роғун» метавонад то 3600 МВт неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва безарар истеҳсол кунад. Ин барои минтақае, ки ба неруи барқ ниёзи шадид дорад, имкони беҳтарини таъмини рушди ҳама соҳаҳо мебошад.

Баъд аз пурра ба кор даромадани Неругоҳи барқи обии “Роғун” иқтидори энергетикии Тоҷикистон ба зиёда аз 9781 мегаватт мерасад, яъне 60 фоиз меафзояд ва кишвари мо ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил мегардад.

Хулоса заминагузори истиқлолияти энергетикӣ ва меъмори кохи бегазанди нур – НБО-и “Роғун” Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон мебошанд, ки шоистаи ҳама гуна арҷгузориянд.

 

Хоналӣ Қурбонзода

доктори илмхои таърих