Ҳиндустон ба моликияти зеҳнӣ сармоягузорӣ мекунад

Shared to Facebook

Қалам пас аз суханони самимии Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҳиндустон дар Тоҷикистон ҷаноби Вираҷ Сингх дар тантанаи наврузӣ ба сафҳаи андешаҳо кашида шуд. Воқеан ҳам, Ҳиндустон алҳол ягона кишвари осиёӣ аст, ки бештар ба сарвати зеҳнии ҷумуҳуриҳои собиқи Шӯравӣ сармоягузорӣ мекунад.

Чанде пеш дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон зимни баргузории фестивали “Нақши забон дар тарғиб ва шинохти Наврӯз” ҷаноби Вираҷ Сингх аз мақом ва нуфузи забони тоҷикӣ арзи андеша намуд.

Ҳиндустон танҳо барои омӯзиши забонҳо соле то 250 миллион доллар маблағ ҷудо намуда, аз 137 давлати дунё забономӯзонро таълим медиҳад. Агар каме ба таърихи гузашта назар кунем, дар ташаккули забоншиносии тоҷик ва густариши забони тоҷикӣ саҳми Ҳиндустон дар бисёр самтҳо ҳатто аз Эрон ҳам шояд бештар бошад.

Дастурнависӣ, мураттабсозии дастури забон дар мактаби забон­шиносии Ҳиндустон оғоз ёфт, ки яке аз намояндагони маъруфаш Панини мебошад. Дастури забони навиштаи ӯро бо номи “Аштадҳйаи” (“Ҳашт китоб”) (асри 5 пеш аз м.) Катйайана дар китоби “Varttika” (“Иловаҳо”) (асри 3 пеш аз милод), баъдан Патанҷали (асри 2 то м.), Ҷаядитйа ва Вамани (асри 7) тафсир кардаанд ва дар асоси он осори худ­ро офаридаанд.

Дастурнависӣ дар Аврупо дар Юнон дар мактаби забоншиносии Искандария – пойтахти Мисри эллинистӣ (дар охири асри 4 то м.) оғоз ёфта ва давраи шукуфоии он ба асрҳои 2 то м. – 2 баъд аз м. рост меояд. Намояндаи ҳамин мактаб Диониси Трокиёӣ бо номи “Фанни дастур” китобе навишт, ки тиб­қи он 8 ҳиссаи нутқ муайян гардидааст. Баъзе аз куҳантарин дастурҳои забони тоҷикӣ форсии “Унсурҳои забони форсӣ”-и мубаллиғи масеҳӣ Людовик де Дие (Лейден, Ҳолланд, 1639), “Дастури забони форсӣ”-и Игнатио Асесу (Рим, 1661), “Дастури забони форсӣ”-и устоди Донишгоҳи Оксфорд (Англия) Гравио Ҷованни (Лондон, 1649), “Дастури забони форсӣ”-и Эдвардл Моизес (1792, Нюу Кассел, Лондон), “Дастури забони форсӣ”-и Уилям Ҷонс (1771, Лондон) ва ғайра аз тариқи мусоидати Ҳиндустон нашр шудаанд.

Нукоти грамматикӣ (дастурӣ) дар муқаддимаи фар­ҳанг­ҳои дар Ҳиндустон таълифшуда “Фарҳанги Ҷаҳон­ги­рӣ”, “Бурҳони қотеъ”, “Фарҳанги Рашидӣ”, “Ғиёсу-л-луғот” ва ғ. ба назар мерасанд.

Дар Ҳиндустон, инчунин, китобҳои сершуморе оид ба дастури забон, аз қабили “Мизони форсӣ” (номи дигараш – “Қонуноти форсӣ”)-и Ҷамолуддин Ҳусайн ибни Сайиднуруллоҳи Шуштарӣ (1752), “Ҷоме­ъу-л-қавоид” – “Дастури забони форсӣ”-и Муҳаммадқулихони мутахаллис ба Муҳиб (1759), асари манзуми “Қавоиди форсӣ” ё “Ҳафтгул”-и Комто Пуршод (1787), “Ҷавҳари дониш”-и Нуруддин Ғуломҳусайнхони Ҷавҳар (1797), “Наҳҷу-л-адаб”-и Ҳаким Абдулғанихон Соҳиби Ромпурӣ (1724, комилтарин ва муфассалтарин дастури забони форсӣ дар Ҳинд) навишта шудаанд. Барои аврупоиён (англисзабонон), ки дар Ҳиндустон фаъолият доштанд, китобҳои муҳаққиқ Глэдвин басо муфид буданд.

Муҳаққиқ Ризо Муҳаммадӣ барҳақ менависад; “Имрӯз хелеҳо мепурсанд, чӣ тавр шеъри Ҳофиз тӯтиёни ҳиндиро дар қарни ҳашти ҳиҷрӣ шакаршикан мекарда, агар бидонанд, ки шеъри Ҳофиз хонандагони бештаре дар Ҳиндустон дошта, шояд таъаҷҷуб кунанд”.

Шакаршикан шаванд ҳама тӯтиёни Ҳинд,

З-ин қанди порсӣ, ки ба Бангола меравад.

Бино ба гузоришҳо, дар саросари Ҳинд беш аз 50 бахши забони форсӣ дар донишгоҳҳо ва коллеҷҳо ба фаъолият машғуланд. Дар беш аз 100 мадраса ва мактаб забони форсӣ дарс дода мешавад.

Соли 2020 ҷилди дуюми китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — “Забони миллат – ҳастии миллат” аз чоп баромад. Ин китоби нодир бори нахуст дар Ҳиндустон низ бознашр шуд.

Дар боби Боби дуюм “Забони тоҷикӣ дар нимҷазираи Ҳиндустон” масъалаи муносибатҳои дигар қавму миллатҳо бо тоҷикон, аз ҷумла ҳиндуҳо ва ҳифз намудани забони ноби тоҷикӣ дар он кишвар, ташаккули робитаҳои иқтисодиву фарҳангии кишварҳои гуногун ва дигар масъалаҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтааст.

Пешвои миллат дар боби “Раванди густариши забони тоҷикӣ дар Ҳинд аз истилои араб то барқарор шудани сулолаи Темуриёни Ҳинд” дар бораи робитаҳои фарҳангӣ ва нуфузи забони тоҷикӣ дар минтақаҳои Ҳинд маълумот медиҳад, ки дар он давра забони аҳли дарбор, забони расмии давлатӣ ва забони фарҳангии онҳо забони тоҷикӣ будааст.

Шахсиятҳои бузурге, мисли Амир Хусрави Деҳлавӣ, Ҳасани Деҳлавӣ, Зиёуддини Нахшабӣ ва дигарон бузургтарин шоирони ҳамон давра ба шумор мерафтанд. Аксар пажӯҳишгарон Амир Хусравро нахустин шоири ҳинди тоҷиктабор номидаанд, ки тавонистааст, рӯҳи ҳиндуҳоро ба ин забони шево тараннум созад ва ормонҳои миллии мардуми кишварашро барои оммаи онрӯзаи Ҳинд баён намояд.

Дар боби “Забони тоҷикӣ ва Темуриёни Ҳинд” Пешвои миллат роҷеъ ба таъсири муҳити Ҳинд ва фарҳангу тамаддуни он дар забони тоҷикӣ ёдовар шуда, менависанд: “Дар ин се қарн (XVI – XVIII) забону адабиёти мо дар ҳудуди Ҳиндустон доман густурда буд ва осори таърихию фарҳангию адабии олимону адибони ин минтақа на фақат дар тамаддуну афкори мардуми форсизабон, балки дар тамаддуну афкори дигар мардуми дунё таъсири қобили мулоҳиза дорад”.

Пешвои миллат зикр мекунад, ки бобати таҳия ва омода намудани луғатнома ва фарҳангномаҳо, аз қабили “Фарҳанги Қаввос”, “Фарҳанги зуфонгӯё ва ҷаҳонпӯё”, “Туҳфат-ус-саодат”, “Фарҳанги Искандарӣ”, “Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ”, “Фарҳанги Рашидӣ”, “Чароғи ҳидоят”, “Баҳори Аҷам”, “Бурҳони қотеъ”, “Ғиёс-ул-луғот” ва луғатномаҳои “Маҷмаъ-ул-фурс”, “Муайид-ул-фузало”, “Мадор-ул-афозил” Ҳиндустон хизмати шоёне намудааст.

Боиси ифтихор аст, ки имрӯз марказҳои таълимӣ ва забономӯзии Деҳлии Нав, Баналор, Мумбай, Ҳайдаробод бахши омӯзиши забони тоҷикӣ таъсис додаву садҳо нафар ҳаводорони забону адабиёти тоҷикро таълим медиҳанд. Ҳамзамон ибтидо аз соли 1998 донишҷӯён ва мутахассисони Тоҷикитон дар 16 маркази забономӯзии англисӣ таҳсил мекунанд.

 

Наҷмиддин Шоҳинбод

Нино Хваранино