Таҷрибаи таърихӣ имрӯз моро ҳушдор медиҳад, ки ба хотири роҳ надодан ба ҷангу низоъҳо, ки аксаран аз ҷоҳталабию манфиатҷӯӣ сарчашма мегиранд, дарки баланди масъулиятшиносӣ дошта, ҳар яке омодаи ҳифзи обу хоки ин сарзамин бошем ва аз пайомадҳои нохушу фоҷиаангези он набояд сарфи назар намоем.
Аламшозода А. А.
Муовини аввали Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
генерал-лейтенанти милитсия
Тоҷикон аз қадим бо хираду маърифат, шуҷоату заковат ва инсондӯстиву ватанпарастӣ машҳур буда, дар тӯли таърихи ҳазорсола бо корномаи чеҳраҳои мондагори сиёсиву фарҳангии хеш шуҳратёр гардидаанд.
Боиси ифтихор аст, ки бо вуҷуди мусибату ноҷӯриҳои зиёди ба сари миллат омада ва дучору кашмакашиҳои сиёсиву ноадолатиҳои замон гардидан, бо гузашти садсолаҳо тоҷикон тавонистанд зери парчами ваҳдату ягонагӣ таҳти роҳбарию роҳнамоӣ ва сиёсати оқилонаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба асли худ баргарданд.
Бояд қайд кард, ки пас аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва канда шудани муносибатҳои иқтисодӣ ҷумҳуриҳои собиқ ба мушкилоти зиёди сиёсию иқтисодӣ рӯ ба рӯ шуданд.
Ба даст овардани истиқлол агар аз як тараф боиси амалӣ гардидани орзуву ормони ҳазорсолаи миллати тоҷик шуда бошад, аз тарафи дигар, бо дахолати душманони беруна, нотавонбинон, бадхоҳон ва зархаридони дохилӣ дар кишвар нооромӣ ва ҷанги таҳмилӣ ба миён омад. Бародарони ҳамхун паси сангарҳои муқобил қарор гирифта, ҳамдигарро ҳадафи хеш қарор доданд. Садҳо ҳазор куштаву захмӣ шуда ва садҳо ҳазори дигар тарки Ватан намуданд.
Дучори муқовимати қувваҳои бадхоҳу мухолифати душманони давлату миллат гардидан ва борони низову ҷудоиталабиро ба сари мардуми сарбаланду ватанхоҳ фурӯ рехтан, ки ҳар яке мақсади аз байн бурдан ва аз асли хеш дур андохтани миллати кӯханбунёду соҳибтамаддунро дошт, натавонист рӯҳи фарзандони баору баномуси ин сарзаминро шиканад ва ормони ҳазорсола дар хеш парваридаашро барҳам занад.
Талоши Сарвари ватандӯст, устувору қавиирода, ғамхору тақдирсози миллат ва эҳёгари фарҳангу тамаддуни ҳазорсола, ҳамзамон созандаву бунёдгузор дар таърихи навини давлатдории тоҷикон дар роҳи худшиносии миллӣ, ваҳдату муттаҳидии миллату халқҳо ва якпорчагии Тоҷикистон саҳифаи тозаеро кушод.
Бо туфайли сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷанги шаҳрвандӣ хомӯш гардида, 27-уми июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид ва миллати кӯҳанбунёду фарҳангофари тоҷик ба зиндагии шоиста баргашт ва корҳои ободонию бунёдкориро пешаи худ қарор дод.
Ба шарофати ба имзо расидани ин Созишномаи тақдирсоз мо тавонистем, ки ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, ба марҳалаи навини Тоҷикистон — гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва дар ин асос ба эътидол овардани фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи Тоҷикистон ва рушди онҳо оғоз намоем.
Ваҳдат ва сулҳи тоҷикон ҳамчун омили муттаҳидсозандаи тамоми мардуми Тоҷикистон шароит фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшуда, дар ҷумҳуриамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, ободӣ ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад.
Миллати тоҷик дар оташи муборизаҳои таърих обутоб ёфт, худро шинохт ва имрӯз парчами зафар болои сар бо ифтихор аз ватану ватандорӣ ва музаффариятҳои ба шарофати мубориза ва ҷоннисориҳо ба даст овардааш, Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад. Бузургтарин хидмати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии мамлакат барқарор кардани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аст. Ин раванд шароит ва имконият фароҳам овард, ки мо ба марҳилаи барқарорсозии иқтисодиёт ва оғози корҳои созандагию бунёдкорӣ қадами қатъӣ гузорем.
Ваҳдат – бузургтарин кафолат дар роҳи расидан ба орзуву ормони миллӣ ва таҳкими давлатдорӣ ба ҳисоб меравад. Имрӯз иттифоқу ҳамдилии сокинони Тоҷикистон ва сулҳи тоҷикон мавриди омӯзиши Созмони Милали Муттаҳид ва созмону ташкилотҳои байналмилалӣ гардидааст. Танҳо бо роҳи ваҳдат, муттаҳидӣ ва якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро метавон пойдор ва ягонагии мардумро устувор нигоҳ дошт.
Таҷрибаи таърихӣ собит намуд, ки истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузург ва таърихии мардуми Тоҷикистон мебошад, ки дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар ва талоши фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо муяссар гардид.
Дар як муддати кӯтоҳ харобиҳо ба ободӣ табдил ёфта, садҳо корхонаву иншооти истеҳсолӣ ва хидматрасонӣ ба фаъолият оғоз намуданд. Тавассути шоҳроҳҳои замонавӣ тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон ба ҳам пайваста, рафтуои бемамонияти сокинони он таъмин гардид.
Подоши ин ранҷу заҳматҳо буд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар дохил, балки дар ҷаҳон маъруфияти зиёдро касб карда, бо ташаббусҳои созанда ва бунёдкоронаи худ миёни бисёр шахсиятҳо ва сарварони кишварҳои олам эҳтироми зиёдро соҳиб гардиданд. Хидмати Сарвари давлат ҳам дар дохил ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ эътироф карда шуданд.
Нақши Пешвои миллат дар таърихи давлатдории тоҷикон, ҳамчун кафили суботу оромӣ, эҳёгари фарҳангу маданият, фарди тамаддунофар ва бунёдгузори ваҳдату ягонагии сокинони Тоҷикистон ниҳоят бузургу мондагор мебошад.
Барои кулли тоҷикону Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳон равшан аст, ки Сарвари давлати тоҷикон дар мушкилтарин рӯзу моҳҳо ва солҳои душвор, ки тақдири сулҳи тоҷикон ҳал мегардид, аз душвориҳо ва таҳдидҳо ба ҳаёти хеш наҳаросида мулоқоту вохӯриҳоро бо намояндагони мухолифин дар кишвари ҷангзада – Ҷумҳурии Исломии Афғонистон анҷом доданд.
Барои хидматҳои бузург ва саҳми арзишманди худ дар таъмини сулҳи Тоҷикистон, таҳкими амнияти минтақа ва муносибату ҳамкориҳои дӯстона байни мардум ва кишварҳо, талошу кӯшишҳои созандаву бунёдкорона Роҳбари давлат бо унвону нишони олии давлатҳо ва созмонҳои гуногуни ҷаҳон қадршиносӣ гардиданд.
Соли 2005 дар арафаи ҷашни ваҳдати миллӣ, Сарвари давлат бо ҷоизаи олӣ-медали тиллои “Барои таҳкими сулҳ ва ризоияти байни халқҳо”-и Федератсияи байналмилалии сулҳ ва ризоият сарфароз гардиданд. Дар байни сарони кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин шахсияте мебошанд, ки ба гирифтани ин ҷоиза мушарраф шуданд.
Ҳамзамон, барои саҳми арзанда гузоштан дар густариши ҷомеаи умумибашарӣ Сарвари давлат сазовори Ситораи тиллоии Алберт Швейтсер ва унвони фахрии профессори Академияи умумиҷаҳонии тиб дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ гардиданд ва аз аввалин сиёсатмадоре ҳастанд, ки ин мукофоти олиро соҳиб шуданд.
Дар симои шахсияти беназири таърихӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон олитарин сифатҳои инсонӣ далерию шуҷоат, адолату хайрхоҳӣ ва раҳму шафқат, созандагиву бунёдкорӣ, ҳамзамон қобилияти нотакрори ваҳдатофарӣ ҳувайдо аст. Ҳамин гуна хислат ва фазилати неки инсонӣ аст, ки ҷомеаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон — фарзанди фарзонаи миллати тоҷикро дӯст дошта, ба ранҷу заҳмат ва хидматҳои беназири ӯ арҷ мегузорад.
Маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар охири асри ХХ аз фоҷиаи миллӣ раҳоӣ ёфта, истиқлоли давлатии худро таҳким бахшид.
Дар замоне, ки Тоҷикистон истиқлоли воқеии худро ба даст оварда, садҳо кишварҳои дунё онро шинохтанд ва имрӯз яке аз давлатҳои ташаббускору дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ нақши ҳалкунандадошта баромад мекунанд, ҳар яки мо вазифадор ҳастем дастовардҳои бузурги сиёсӣ — иқтисодӣ ва илмӣ — фарҳангиро, ки тӯли солҳо соҳиб гашт, ҳифз намоем.
Рӯшан аст, ки истиқлоли комил ва рушди бемайлони ҳар як давлат пеш аз ҳама ба таъмини вазъи муътадили сиёсӣ ва амнияти иҷтимоии ҷомеа иртибот дорад. Дар ростои ин амр истиқлолу ваҳдати ҳамон ҷомеа пойдор хоҳад буд, ки сохтори қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи он нуфузи бештареро ба худ дошта, иҷрои вазифаҳои босалоҳият аз ҷониби онҳо дуруст ба роҳ монда шавад.
Таърих фаромӯш нахоҳад кард, ки Тоҷикистон дар шароити басо мушкил истиқлоли худро ба даст оварда, дар ибтидо ба мушкилиҳои зиёди сиёсӣ рӯ ба рӯ омад.
Хидмати таърихии Сарвари давлат дар он зоҳир мегардад, ки маҳз ин шахсияти барҷаста ва сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ ихтиёри давлатдориро ба даст гирифта, оташи ҷанги таҳмилиро хомӯш намуданд. Сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохта, артиши миллӣ, нерӯҳои ҳифзи сарҳадро таъсис доданд. Аз ҳама муҳим барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароит муҳайё гардид, заминаи сулҳи миллиро матраҳ намуда, гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардониданд.
Соҳибистиқлолӣ ба давлату миллати тоҷик имкон дод, ки мо дастовардҳои таърихӣ, фарҳангу маданияти воло ва эҷози сулҳофарию тамаддунпарвариро ба ҷаҳониён нишон диҳем ва дар воқеъ исбот намудем, ки Тоҷикистон кишвари куҳанбунёд буда, дар тӯли таърихи ҳазорсолаҳо бо осору эҷоди гаронбаҳои мутафакирони барҷаста ва зиёиёну донишмандони худ оламшумул гардидааст.
Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, ки маҳз ваҳдати сартосарии тоҷикон онро пойдор намуд, дар таърихи давлатдории тоҷикон барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохтори қудратии мамлакат, бахусус милитсия саҳифаи навро кушод. Дар муддати начандон тӯлонӣ бо дастгирӣ ва роҳнамоии Пешвои миллат мақомоти корҳои дохилӣ ба як ниҳоди боэътимоду кафили амнияти дохилии кишвар ва фаъолтарин сохтори қудратии давлат мубаддал гашт.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 85 — солагии милитсияи тоҷик бобати ҳифзи дастовардҳои истиқлол ва таҳкими сулҳу субот дар кишвар ба фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ баҳои баланд дода, қайд карданд: «Ҳайати шахсӣ ва кормандони ин мақомот ҳамчун ҳомиёни боэътимоди давлат ва ҷомеа аз бисёр имтиҳону озмоишҳои сахту сангин, хусусан дар солҳои барои таърихи навини кишварамон вазнин бо матонату шуҷоат ва далериву мардонагӣ гузаштаанд».
Мақомоти милитсия имрӯз барои таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирӣ ва мубориза зидди хатарҳои ба ҳаёт ва ҷомеа таҳдидкунанда аз ҷумлаи терроризм, ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ, пешгирӣ ва безарар гардонидани дастаҳои мусаллаҳ масъул мебошад.
Маҳз ба туфайли заҳмату талошҳои шабонарӯзии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бахусус мақомоти корҳои дохилӣ осудагию суботи кишвар, амнияти шаҳрвандон таъмин гашта, ҷиноятҳои зиёд пешгирӣ ва ашхоси ҷинояткор тибқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.
Набояд фаромӯш кард, ки кормандони Вазорати корҳои дохилӣ дар вазъияти мураккаби сиёсӣ-иҷтимоӣ, болоравии сатҳи ҷинояткорӣ, ҳолатҳои хатарноку даҳшатзо, пуршиддату вазнини рӯҳию ҷисмонӣ ва таъминоти ночизи моддию техникӣ вазифаҳои хизматиашонро софдилонаю сарбаландон иҷро мекарданд.
Бояд тазаккур дод, ки саҳми кормандони милитсия дар таъмини оромию осоиштагӣ, ризоияти миллӣ, таҳкиму барқарории сохти конститутсионӣ ва давлатдории навини тоҷикон хело назаррас мебошад. Вазорати корҳои дохилӣ ба сифати яке аз сохторҳои калидии давлат дар барқарории сулҳу субот, ҳифзи ҳаёту манфиатҳои шаҳрвандон ва амнияти ҷомеа мавқеи муҳим дорад.
Пайомади ҳамин саъю талошҳои шабонарӯзист, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо сулҳу оромӣ, суботи пойдор, ваҳдату якпорчагӣ ва рӯҳияи созандагиву бунёдкорӣ ҳукмфармост.
Танҳо дар сурати таҳкими ваҳдат ҷомеа душвориву монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ оварда, кишвари азизамон дар шоҳроҳи пешрафту тараққиёт қадамҳои устувор мегузорад. Ба андешаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонида бошад, медонад дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад”.
Он ниҳоле, ки Пешвои миллат ба сулҳу ваҳдат ташбеҳ додаанд, имрӯз меваҳои ширину фаровон ба самар оварда истодааст, ки дар рушди босуобти кишвар ва сатҳи зинадгии ҷомеа зоҳир мегардад.