Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 18 июн, бо кадрҳое, ки дар вазоратҳои адлия, рушди иқтисод ва савдо, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, фарҳанг, кумитаи рушди сайёҳӣ ва дигар сохтору мақомоти давлатӣ ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин гардиданд, мулоқот анҷом додааст.
Бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин аз вазифаи муовини якум ва Салимова Лола аз вазифаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон бинобар сабаби ба охир расидани муҳлати ваколаташон озод гардида, тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин ба вазифаи муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин гардид.
Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Абдуманнон, Нодирӣ Шаҳноза ва Мирсайзод Ҳаким бо сабаби ба кори дигар гузаштанашон аз вазифаи муовинони вазири адлия озод гардида, Ализода Нигина ба вазифаи муовини якум, Ҳакимзода Асадулло ва Каримзода Шараф ба вазифаи муовинони вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудаанд.
Ҳамчунин, бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон Давлатзода Зевар бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини вазири фарҳанг озод гардида, Шарифзода Манучеҳр ва Абдураҳимзода Қурбоналӣ ба вазифаи муовинони вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудаанд.
Нодирӣ Шаҳноза ва Ализода Алишер ба вазифаи муовинони вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуда, Камолитдинзода Илёс аз вазифаи муовини вазири рушди иқтисод ва савдо озод, Насриддинзода Рухшона – муовини вазири рушди иқтисод ва савдо, Ҳаётзода Фирдавс муовини якуми Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Холиқзода Абдуманнон муовини Сардори хадамоти мазкур таъин гардидаанд.
Раҷабзода Маҳмадёр ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт” таъин ва Шоҳиён Маҳмуд аз ин вазифа озод шуд.
Президент зимни мулоқот ҳадаф ва дурнамои сиёсати кадрии Ҳукуматро дар мавриди интихобу ҷобаҷогузории кадрҳои ҷавону лаёқатманд ва тарбияи мутахассисони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат ёдовар шуда, таъкид кардааст, ки баланд бардоштани мақому мартабаи зан дар ҷомеаи озоду соҳибистиқлол яке аз ҳадафҳои муҳими сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд:
“Бонувони соҳибҳунар, ташаббускор, забондону меҳнатдӯст ва занону духтарони замони соҳибистиқлолӣ бо соҳибмаърифатӣ, фидокориву ҷасорат, ақлу заковат, донишҳои мукаммалу ихтисосҳои талаботи замони муосир дар пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат саҳми беназир доранд.
Саҳми занон бахусус дар тарбияи насли солиму донишманд хеле бузург буда, аз нисф зиёди мутахассисони соҳаҳои маорифу тандурустиро занони соҳибмаълумоту бофарҳанги мо ташкил медиҳанд”,- гуфтааст Президент.
Ба мутахассисони ҷавону умедбахш, ки гуфта мешавад, аксарият хатмкардагони муассисаҳои олии таълимии ҷумҳурӣ ва хориҷӣ буда, ду ва ё зиёда забони хориҷиро дар сатҳи олӣ медонанд, барои мукаммал гардонидани таҷрибаву донишҳои назариявиву касбӣ ва хизмати софдилонаву содиқона ба нафъи халқу миллат ҳидояту дастурҳои мушаххас дода шудааст.