Табибони Полша аз Тоҷикистон рафтанд

Shared to Facebook

Табибони Полша аз сафари худ дар Тоҷикистон натиҷагирӣ карданд. Баъд аз баргузории нишасти матбуотӣ, ки ҳафтаи гузашта баргузор шуд, онҳо рӯзи 27 июн ба ватанашон баргаштаанд.

“Шиносоӣ ва боздиди табибони Полша аз муассисаҳои тандурустии кишвар ва табодули таҷрибаи онҳо дар самти пешгирӣ ва табобати бемории COVID-19 ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониш ва таҷрибаи табибони тоҷик барои пешгирии ин беморӣ натиҷаҳои хуб ба бор овард”, — гуфтааст муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Зулфия Абдусамадзода.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни сафар табибон аз як зумра муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои мамлакат дидан намудаву бо фаъолияти онҳо шинос шуда, барои ҷорӣ кардани усулҳои нави табобати беморони ин навъи вирус бо табибони тоҷик суҳбату вохӯриҳои судманд анҷом доданд.

Ба гузориши АМИТ “Ховар”, табибони Полша ба фаъолияти табибони тоҷик дар самти мубориза бар зидди бемории COVID-19 баҳои баланд дода, тассуроти хешро аз сафар ба минтақаҳои Тоҷикистон баён намуданд:

“Ҳамчунин, табибони тоҷик аз табибони полшагӣ, ки дар самти пешгирӣ ва табобати бемории COVID-19 таҷрибаи ғанӣ доранд, усулҳои нави ташхис ва табобати беморони мазкурро омӯхтанд”.

Ёдовар мешавем, ки тайи як моҳ табибони полшагӣ дар беморхонаву муассисаҳои табобатии мамлакат бо табибони тоҷик ҷиҳати пешгирӣ ва табобати бемории сироятии COVID-19 табодули таҷриба намуданд. Қаблан табибони Ӯзбекистон ва Чин низ ба Тоҷикистон омада буданд.