Рустами Эмомалӣ Қарори кумак ба камбизоатонро имзо кард

Shared to Facebook

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ қарор дар бораи таъйин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоати шаҳри Душанберо ба имзо расонидааст.

Бино ба иттилоъи Раёсати иттилоот ва равобити хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, ин Қарор бо мақсади татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2020, №271 “Дар бораи ҷорӣ намудани механизми таъйин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ” ба имзо расидааст.

Тибқи ин Қарор, муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа якҷо бо раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, Сарраёсати молия, Раёсати тандурустӣ ва шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор маблағгузории хароҷоти маъмурӣ ва пешбурди коргузории механизми таъйин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоиро ба роҳ монанд.

Ҳамчунин, бо мақсади пешгирии омилҳои коррупсионӣ, таъмини шаффофият дар раванди муайян намудани оилаҳо ва шаҳрвандони дар асл камбизоат ҷиҳати таъйин намудани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ тадбирҳо андешида шавад.

“Аз ҳисоби сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳри Душанбе ҷиҳати ташкил намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва таблиғотӣ оид ба иҷрои саривақтии қарори мазкур ва пурра фаро гирифтани оилаҳои камбизоат ва механизми расонидани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ, аз ҷумла тавассути воситаҳои ахбори омма ва ҷалби фаъолони ҷомеа тадбирҳои зарурӣ андешанд”,- омадааст дар қарори Раиси шаҳри Душанбе.