COVID-19 дар Тоҷикистон: сатҳи пасттарин аз 2 май то имрӯз

Shared to Facebook

Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 49 ҳолати нави сироятёбӣ ба коронавирус COVID-19 ошкор гардидааст, ки сатҳи пасттарин аз 2 май ба ин тараф мебошад. То ин вақт сатҳи пасттарин 50 ҳолат буд, ки 28 июн сабт шуд.

Дар маҷмӯъ, шумораи сироятёфтагони ин беморӣ дар ҷумҳурӣ ба 6262 нафар расид, хабар дод маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.

Ба иттилои манбаъ, то 6 июл дар ҷумҳурӣ 4914 нафар (78,4{cb765e84dfa2e3280381e42f21070e52a7de0f8ed8cd7ca2a727636c96d9af82}) мубталошудагони COVID-19 шифо ёфта, аз ин беморӣ 53 нафар фавтидаанд.

“Шабонарӯзи охир 218 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 56 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд”,-омадааст дар маълумотномаи Вазорат.