Се ғарқшуда дар обанбори “Барқи тоҷик” бо талоши ғаввосони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон дар вилояти Суғд наҷот дода шудаанд. Ин ҳодиса рӯзи 5-уми июли имсол рӯй додааст. Ду нафари ин наҷотёфтагон ноболиғ будаанд.
“Рӯзи 5–уми июл кормандони бахши наҷоти Раёсат, ки дар обанбори “Баҳри Тоҷик”-и шаҳри Гулистон қисми навбатдорӣ ташкил намудаанд, 3 нафар шаҳрвандонро аз ғарқшавӣ наҷот доданд. Ду нафари онҳо ноболиғи 13-сола буда, яке 21 сол доштааст”, — хабар дод сомонаи КҲФ Тоҷикистон бо такя ба маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд.
Бино ба ин гузориш, ноболиғон сокинони шаҳри Хуҷанд ва ҷавони 21-сола зода ва сокини деҳаи Роғи, ҷамоати Палдораки ноҳияи Мастчоҳ будаанд.
Ҳамзамон ба ин, аз ғарқи об ва ба ҳалокат расидани як сокини 22-сола дар дарёи Кофарниҳон хабар дода шудааст. Бино ба гуфтаи сардори шӯъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ нисфирӯзии якшанбе, 5-уми июл як зодаи шаҳри Кӯлоб, ки ҳоло муваққатан дар хобгоҳи маҳалли Гипроземи шаҳри Душанбе истиқомат дошт, ҳангоми оббозӣ дар қаламрави деҳаи Қарияи Камари ноҳияи Рӯдакӣ дар Кофарниҳон ғарқ шудааст:
“Амалиёти ҷустуҷӯи ҷасади ғарқшуда то фаро расидани торикӣ идома дошт, вале ҷасад пайдо нашуд. Корҳои ҷустуҷӯву наҷот дар минтақа идома дорад”, — хабар дод манбаъ.
Аз рух додани ҳодисаи ҳаммонанд дар ВМКБ хабар дода мешавад:
“Ду сокини деҳаи Парзудчии ҷамоати деҳоти Мирсаид Миршакари ноҳияи Роштқалъа ҳангоми шиноварӣ дар дарёи Шоҳдара ғарқ шудаанд”, хабар додааст Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фаввқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Бадахшон. Яке аз ин ду нафар 22 ва дуюмӣ ҳамагӣ 12 сол доштааст ва бе раҳнамоии пайвандонаш оббозӣ мекардааст:
Сабаби марги ин ду нафар беэҳтиётӣ ва надонистани қоидаҳои шиноварӣ гуфта шудааст:
“Барои пайдо кардани ҷасадҳои шаҳрвандони зикргаршуда дастаи махсуси зудамали наҷоти шаҳри Хоруғ равон карда шуда, то соати 23:30 ҷустуҷӯ идома дошт, вале натиҷа ҳосил нашуд. Кормандони Раёсат якҷо бо сокинон ва хешовандони ғарқшудаҳо ба ҷустуҷӯ идома медиҳад”, – омадааст дар хабар.
Дар ҳамин ҳол, аз ғарқшавии як ҷавон дар Кӯли ҷавонони шаҳри Душанбе хабар дода мешавад. Дар бораи пайдо шудани ҷасади шахсияташ номаълум навбатдори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар додааст:
“Дастаи махсуси зудамалӣ наҷоти Раёсати Кумита фавран ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуд ва ҷасадро аз дохили кӯл бароварда, ба кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Сино супорид”, — хабар дод манбаъ.
КҲФ Тоҷикистон афзоиши ҳодисаҳои ғарқшавиро нигаронкунанда номидааст:
“Сабаби аслии ин ҳодисаҳои нохуш надонистани қоидаҳои шиноварӣ ва бепарвоии волидон аст, ки фарзандони ноболиғи худро тани танҳо ба оббозиву шиноварӣ иҷозат медиҳанд”, — таъкид кардааст Кумита.