Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 25 июл бо сафари корӣ ба ноҳияи Данғара рафта, бо фаъолияти коргарони хоҷагиҳои “Сомонҷон”, “Фатҳиддин” ва “Барно” шинос шуданд.
Бино ба маълумоти Хадамоти матбуотии Сарвари давлат, ҳадафи ин сафар шиносоӣ аз рафти корҳои кишоварзӣ, ҷамъоварии ҳосили дар хоҷагиҳо парваришшуда, кишти такрорӣ, иҷрои дастуру супоришҳо оид ба истифодаи самараноки заминҳо, ташкили боғҳои интенсивии ба содирот нигаронидашуда, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида, афзоиши содироти маҳсулот ва захираи зарурии маводи ғизоӣ буд.
Боздиди кории Президент аз хоҷагии “Сомонҷон” оғоз ёфт. Солҳои 2018-2019 бо иштироки Сарвари давлат дар ин хоҷагӣ 200 гектар боғи интенсивӣ таъсис ёфта буд. Ҳамон вақт ба роҳбарияти Кооперативи истеҳсолии “Сомонҷон” супориш дода шуд, ки то ба ҳосил даромадани боғҳо дар байни қатори дарахтон маҳсулоти гуногун, аз ҷумла полезӣ, помидор, бодиринг, каду, пиёз, картошка ва қаланфури булғорӣ кишт намоянд:
“Ташрифи навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин хоҷагӣ назорати рафти иҷроиши супоришҳо мебошад”,-мегӯяд манбаъ.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз хоҷагии мазкур бо фарзандону наберагон аз заминҳои полезӣ, ки ҳосили фаровон парвариш ёфтааст, тарбузу харбуза ҷамъоварӣ карданд.
Дар ҳамин ҷо ба Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дастур дода шуд, ки аз ҳосили он рӯз ҷамъоваришуда ба ду муассисаи пойтахт — Мактаб-интернати рақами 1 барои кӯдакони ятиму бесаробон ва Мактаб-интернати рақами 2-и кӯдакони ятими шаҳри Душанбе ду мошини пурбор бо 20 тонна полезӣ кумаки моддӣ расонида шавад.
Гуфта шуд, дар хоҷагии бисёрсоҳаи “Сомонҷон” имсол дар майдони 170 гектар полезӣ кишт карда шудааст, ки аз ин 130 гектар дар байни боғҳо кишт гардида, ҳосили фаровон дорад.
Нақшаи кишти такрории хоҷагӣ низ хуб буда, коргарон дар заминҳои аз зироати ғалладона холишуда макадон, мош, помидор, тарбуз, бодиринг, каду, картошка, капуст ва дар 150 гектар сабзӣ коридаанд.
Маҳсулоти парваришшуда аз сари замин ба тоҷирон фурӯхта мешаванд.
Сарвари давлат ҳамчунин бо фарзандону наберагон аз заминҳои серҳосили тарбуз, харбуза ва маккаи дон дидан карданд.
Гуфта шуд, дар хоҷагӣ ҳамчунин ба масъалаи азхудкунии заминҳои талу теппаи беҳосилу солҳо бекорхобида аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад. Дар ҳамин ҷо Президент бо аввалин ҳосили заминҳои обёришуда ва ба гардиши кишоварзӣ даровардашуда шинос шуда, ба кори хоҷагидорон баҳои баланд доданд:
“Ин тарзи ташкили кор аз бисёр ҷиҳат метавонад намунаи ибрати дигар истифодабарандагони замин гардад, зеро дар хоҷагӣ ягон порча замин бекор нест. Аз ҳар як қитъа ду се ҳосил гирифта мешавад”.
Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Данғара Сарвари давлат ҳамчунин аз боғи Хоҷагии деҳқонии “Барно” боздид намуда, бо нашъунамои дарахтони боғи интенсивӣ шинос шуданд.
Дар ин ҷо дар масоҳати 11 гектар замини солҳо бекорхобида бо тариқи обрасонӣ боғ бунёд карда шуда, 60 нафар бо кори доимӣ ва дар мавсим беш аз 200 нафар барои ҷамъоварии ҳосил ба кор ҷалб мегарданд.
Дар масоҳати 11 гектар боғи хоҷагӣ, ки аз соли 2014 шинонидани дарахтон оғоз гардид, то имрӯз дарахти олу 1706 бех, себи шоҳӣ 276 адад, себи интенсиви 260, зардолу 400, шафтолу 420, гелос 146, олучаи бобогӣ 200, ангур 460 ва хуч 1000 адад мавҷуд аст.
Аз ҳосили ба дастоварда имсол 36 тонна олуи хушсифат ба Русия ва 20 тонна олу барои коркард ба корхонаи коркарди маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Муъминобод фиристода шудааст. Дар худи хоҷагӣ қариб 20 тонна зардолу хушк кардаанд.
Худи ҳамон рӯз дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Данғара Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Зулоли деҳоти Исмат Шариф ҳамчунин аз заминҳои полезии Хоҷагии деҳқонии “Фатҳиддин” боздид намуданд.
Коргарони хоҷагӣ дар майдони 12 гектар кишти полезии тарбузу харбуза гузарондаанд, ки ҳосилаш фаровон аст.
Дар ин ҷо тариқи кишти зериплёнка навъҳои серҳосил ва хуштамъи тарбузу харбуза кишт карда шудааст. Дар байни қаторҳо бошад, парвариши дигар сабзавот ба роҳ монда шудааст.
Нақшаи кишти такрории деҳоти ба номи Исмат Шариф 1170 гектар буда, дар 800 гектар кишт гузаронида шудааст. Корҳо дар ин самт ҳануз идома дошта, нақша доранд дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишти картошкаро ба роҳ монанд.
Ноҳияи Данғара дар вилояти Хатлон яке аз ноҳияҳои калонтарини саноатию аграрӣ ба шумор меравад. Аз рӯи маълумоти Раёсати кишоварзии ноҳия, ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 1 июли соли 2020 ба 389 миллион сомонӣ баробар гардида, афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27,4 миллион сомонӣ зиёд гардидааст.
Тибқи маълумоти оморӣ, кишоварзони ноҳия дар майдони 40 ҳазору 697 гектар кишти зироатҳо, аз ҷумла, дар 30 ҳазор гектар ғалладонагӣ, 690 гектар картошка, 1389 гектар сабзавот, 4587 гектар пахта ва ғайра гузаронидаанд.
Ҳамаи ҷаҳду талоши сокинони меҳнатдӯсти ноҳияи Данғара ба он равона гардидааст, ки бо истифода аз тамоми имконият ва боду ҳавои мусоид, инчунин истеҳсоли маводи ниёзи аввал дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми муносиб гузоранд.