Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таҳти роҳбарии Далер Қаёсов дар Ҷоми Осиё-2026 дар Арабистони Саудӣ ғалабаи навбатиро ба даст овард, иттилоъ додааст Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дар даври дуюми мусобиқот наврасони мо мунтахаби Мянмаро бо ҳисоби 1:0 мағлуб карданд.
Бо шарофати ин пирӯзӣ дастаи наврасони Тоҷикистон пеш аз муҳлат роҳхати даври баъдиро таъмин намуда, ҳамчунин соҳиби роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон-2026 байни наврасон шуд, ки моҳи ноябр дар Қатар баргузор мегардад.
Ҳамин тавр, дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) бори чаҳорум дар таърихи худ дар Ҷоми ҷаҳон байни наврасон иштирок хоҳад кард. Қаблан даста дар чемпионатҳои ҷаҳон солҳои 2007, 2019 ва 2025 иштирок карда буд.
➡️ Федератсияи футболи Тоҷикистон





