Таҳсил дар замони пандемия. Вазорати маориф ва илм муайян кард, ки дарсҳо чӣ гуна гузаронида шаванд

Shared to Facebook

Рӯзи 17-уми август дар Тоҷикистон соли нави таҳсил оғоз меёбад. Бо далели хуруҷаи пандемияи COVID-19 соли таҳсили 2019-2020 ду ҳафта қабл аз муҳлат ба анҷом расида буд. Ҳамакнун Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дастур додааст, ки барномаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ, таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, инчунин баъдидипломӣ барои ду ҳафта, яъне аз 17 август то 1 сентябр доир ба мавзӯъҳои азхуднашудаи соли таҳсили 2019-2020 таҳия карда шавад.

Рӯзи 5 август Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон тартиби омодагӣ ва баргузории Рӯзи дониш ва Дарси сулҳро нашр кард, ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.07.2020, №11/19 тасдиқ карда шудааст.

Яке аз бахшҳои асосии Тартиб Тавсияҳои умумӣ барои муассисаҳои таълимӣ вобаста ба вазъи бемории сироятии коронавирус (COVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Тибқи ин Тартиб, ба муассисаҳои таълимӣ тавсия дода шудааст, ки ҷиҳати пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ як қатор чораҷӯиҳо кунанд, аз ҷумла, хонандагон бояд бо ниқобу маҳлулҳои тиббӣ ба дарс ҳозир шаванд ва ҳангоми таҳсил фосилаи ҷисмонӣ ва ё дурӣ аз якдигарро риоя кунанд, муассисаҳои таълимӣ бо оби нӯшокӣ, об барои шустани даст, собун, маҳлулҳои дезинфексионӣ, ҳароратсанҷҳо (на камтар аз ду адад барои нуқтаи тиббии ҳар мактаб) таъмин карда шаванд, атрофи муассисаи таълимӣ, синфхонаҳо, таҷҳизот (мизу курсӣ, ҷевон ва дигар ҷойҳои ба хонанда дастрас), роҳравҳо, ошхона ва дигар ҷойҳои истифодаи доимии хонандагону омӯзгорон безараг гардонида шавад, аз ҳисоби омӯзгорон, падару модарон, кормандони соҳаи тандурустӣ дар назди муассисаи таълимӣ оид ба таъмини меъёрҳои бехатарӣ, вазъи эпидемикӣ, пешгирӣ ва мубориза бо COVID-19 шӯрои ҳамоҳангсоз таъсис дода шавад ва ғайра.

Тавсияҳои умумӣ

барои муассисаҳои таълимӣ вобаста ба вазъи бемории сироятии коронавирус (COVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Омодагиҳо ба соли таҳсили 2020-2021 дар ҳамаи зинаи таҳсилот

1.1. Таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо оби нӯшокӣ, об барои шустани даст, собун, маҳлулҳои дезинфексионӣ, ҳароратсанҷҳо (на камтар аз ду адад барои нуқтаи тиббии ҳар мактаб);

1.2. Безараргардонидани атрофи муассисаи таълимӣ, синфхонаҳо, таҷҳизот (мизу курсӣ, ҷевон ва дигар ҷойҳои ба хонанда дастрас), роҳравҳо, ошхона ва дигар ҷойҳои истифодаи доимии хонандагону омӯзгорон;

1.3. Аз ҳисоби омӯзгорон, падару модарон, кормандони соҳаи тандурустӣ таъсиси додани шӯрои ҳамоҳангсоз дар назди муассисаи таълимӣ оид ба таъмини меъёрҳои бехатарӣ, вазъи эпидемикӣ, пешгирӣ ва мубориза бо COVID-19;

1.4. Корбарӣ намудан бо омӯзгорон, кормандони муассисаҳои таълимӣ, аҳли ҷомеа, падару модарон (шахсони ҳуқуқии кӯдак), калонсолон ва хонандагон ҳангоми рафту омад ба муассисаи таълимӣ ва пӯшидани ниқоб;

1.5. Ҳамкорӣ ва огоҳ намудани падару модарони хонандагон ҷиҳати таъмини ниқобҳои бисёркарата ба фарзандон;

1.6. Муайян ва аз дигарон ҷудо кардани хонандагон ва кормандоне, ки аломатҳои беморӣ доранд (таби баланд, сулфа, душвории нафаскашӣ) ва хабар додан дар бораи ин гуна ҳолатҳо ба муассисаҳои тиббӣ;

1.7. Доштани иртиботи доимӣ бо хонандагон ва кормандоне, ки дар хона маҳдуд шудаанд ва ё ба бемории COVID-19 гирифтор шудаанд;

1.8. Бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва дастурӣ ба хонандагон ва кормандоне,ки аз сабаби вазъи бади саломатӣ дар хона боқӣ монданд;

1.9. Ташкил намудани бозгашти бехатар ба мактаб барои хонандагон ва кормандоне, ки аз COVID-19 сироятёфтаанд;

2. Муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ

2.1. Қабули кӯдакон аз даромадгоҳи ҳавлии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ба роҳ монда шавад;

2.2. Ба дохили бинои муассиса даромадани падару модар ва шахсони бегона қатъиян манъ карда шавад;

2.3. Кормандон баробари ба кор оғоз намудани муассисаҳои томактабӣ ҳатман аз ташхиси таббӣ гузаронида шаванд;

2.4. Гурӯҳҳо ва айвончаҳо, ошхонаҳо ва ҳоҷатхонаҳо безарар ва тоза нигоҳ дошта шавад;

2.5. Машғулиятҳо бо назардошти риояи қоидаҳои санитарӣ- эпидиомологӣ дар саҳни ҳавлӣ ва айвончаҳои тобистона гузаронида шавад;

2.6. Падару модароне, ки имконияти дар хона тарбия ва нигоҳ доштани кӯдакро доранд, метавонанд кӯдаконашро ба кӯдакистон то ба эътидол омадани вазъият наоранд. Дар чунин ҳолат ҷойи кӯдак дар кӯдакистон нигоҳ дошта мешавад. Илова ба ин, дар ин муддат маблағ барои нигоҳубини кӯдак пардохт карда намешавад. 

3. Муассисаҳои таҳсилоти умумӣ

3.1. Бо мақсади риояи масофа байни хонандагон дар саҳни муассисаи таълимӣ ба андозаи 1,5-2 метр хатҳои уфуқӣ кашида шавад;

3.2. Дар даромадгоҳи муассисаи таълимӣ кормандони тиб ва омӯзгорон мунтазам вазъи саломатии хонандагонро муоина намоянд;

3.3. Хонандагон бояд дар машғулиятҳои таълимӣ ҳатман ба ниқоби муҳофизатӣ ва маҳлули безараргардонӣ (антисептикӣ) иштирок намоянд;

3.4. Ҷиҳати пешгирии беморӣ воридшавӣ ва баромадани хонандагон аз даромадгоҳи алоҳида ба роҳ монда шуда, зинапояҳои бино ва баромадгоҳҳои эҳтиётӣ дар ҳолати истифодабарӣ қарор дода шавад;

3.5. Машғулиятҳои таълимӣ бо назардошти имконияти маҳалҳо ва муассисаҳои таълимӣ новобаста аз шакли моликият ва тобеият тибқи муқаррарот ташкил карда шавад;

3.6. Машғулиятҳои таълимӣ аз ҳамаи фанҳо дар синфхонаҳо, бе назардошти кабинети фаннӣ ба роҳ монда шавад;

3.7. Машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ, суруд ва мусиқӣ, омодагии ибтидоии ҳарбӣ мувофиқи имконият аз синфхона берун гузаронида шавад. 

3.8. Дар раванди дарсҳои технологияи меҳнат духтани ниқобҳои муҳофизатӣ ба роҳ монда шавад;

3.9. Дар раванди таълим омӯзгорон бояд аз хонандагон то 2 метр фосила гиранд;

3.10. Толорҳои варзишӣ, маҷлисгоҳ ва дигар иншоотҳои ёрирасон муваққатан ҳамчун синфхонаи таълимӣ истифода шавад;

3.11. Дару тирезаҳои синфхонаи таълимӣ новобаста ба вазъи обу ҳаво бо мақсади таъмин намудани ҳавои тоза ва шамолдиҳии синфхона мунтазам кушода шавад;

3.12. Дар давоми рӯз ва дар байни бастҳо ҷойҳое, ки рафту омади хонандагон зиёд аст, аз қабили ошхонаи мактаб, ҷойҳои дастшӯӣ, ҳоҷатхонаи мактаб мунтазам безарар гардонда ва тоза нигоҳ дошта шавад; 

3.13. Шустани даст ба хонандагон мунтазам таъкид карад шавад;

3.14. Мавҷудияти собун, маҳлули дезинфексионӣ пеш аз оғози дарс ва басти навбатии мактаб зери назорат гирифта шавад;

3.15. Маҳдуд намудани ташрифҳои нолозим ба бинои таълимӣ ва ҳангоми зарурат ворид шудани шахси масъул бо ниқоб;

3.16. То ҳадди имкон маҳдуд намудани тамоси байни хонандагон тавассути ба низом даровардани ҷадвали дарсҳо ва вақти танаффус (масалан, 5 дақиқа пештар ҷавоб додани хонандагони синфҳои ибтидоӣ аз дарс; бо навбат ба танаффус ҷавоб додани хонандагон);

3.17. Дар ҳамаи ҳолатҳои имконпазир кам кардани шумораи хонандагон дар синфҳо (баробар ҷудо намудани хонандагони синф ба зергурӯҳҳо);

3.18. Ҷо ба ҷо гузоштани ҷои нишасти хонандагон бо риояи фосилаи на камтар аз 1 метр (масалан, ба тартиби шоҳмот гузоштани курсиҳо);

3.19. То ҳадди имкон маҳдуд кардани ҷамъшавии хонандагон ва омӯзгорон дар синфхона ва берун аз он.

3.20. Баррасӣ намудани имконияти ташкили долонҳои яксамта барои маҳдуд сохтани тамоси наздик (Масалан, ранги сабз барои яктараф ва ранги сурх барои нагузаштан ба роҳрави самти муқобил);

3.21. Барои муайян намудани хатсайрҳои яксамта дар фаршҳо ё девори муассиса (роҳравҳо) гузоштани аломатҳои муайянкунанда;

3.22. Гузоштани аломатҳои шартӣ ба самти ҳаракати хонандагон, омӯзгорон ва дигар шахсони ташрифоваранда;

3.23. Барои истифода аз ошхонаи муассиса дар вақти муайян хонандагон ба гурӯҳҳо тақсим карда шаванд, то бо навбат аз ошхона истифода намоянд; 

3.24. Дар ҳолати будани имконият хонандагони синфҳои ибтидоӣ бо риояи талабот дар синфхонаи таълимии худ ғизо истеъмол намоянд;

3.25. Бо мақсади кам намудани теъдоди хонандагон дар ошхона вақти хӯрокхӯрии хонандагон ба танзим дароварда шавад;

3.26. Ташкил ва истифода аз ҷойҳои иловагӣ ва фазои кушод барои хӯроки нисфирӯзии кормандон ва хонандагон ва донишҷӯён;

4. Зинаи таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва баъдидипломӣ

4.1. Барои тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, ки дар низоми таҳсилоти кредитӣ фаъолият менамоянд тибқи Стандарту барномаҳои таълимӣ дар як ҳафта дар ҳаҷми 15 соат ва дар як рӯз дар ҳаҷми 3 соат дарсҳои фаъол ташкил ва ба роҳ монда шавад (тибқи талаботи нақшаи таълимӣ дар як нимсолаи таҳсил аз теъдоди умумии 720 соати ҷудогардида 240 соат дарсҳои фаъоли аудиторӣ, 240 соат кори мустақилонаи донишҷӯ бо роҳбарии омузгор ва 240 соат кори мустақилонаи донишҷӯ мебошад, ки дар як ҳафта ба 15 соат баробар аст);

4.2. Вобаста ба имконот ва мавҷудияти пойгоҳи таълимии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ машғулиятҳои таълимӣ то 3 баст роҳандозӣ карда шавад;

4.3. Бо мақсади бештар фаро гирифтани донишҷӯён аз синфхонаҳои иловагӣ ва ёрирасон (толорҳои хониш, варзишӣ, китобхона ва амсоли он) истифода бурда шавад;

4.4. Ҳангоми ба роҳ мондани раванди таълим фосилаи иҷтимоӣ дар синфхона ҳатман риоя карда шавад;

4.5. Бо назардошти ҳолати ба амаломада азхудкунии ҳаҷми дарсҳои аудитории мустақилонаи донишҷӯ бо роҳбарии омузгор тавассути омӯзиши мустақилонаи донишҷӯён пурзӯр карда шавад;

4.6. Раванди таълим дар зинаи магистратура ва докторантура, докторантура аз рӯи ихтисос (PhD) дар асоси Стандарту барномаҳои таълимӣ ба роҳ монда шавад. 

Тавзеҳот:

— маъмурияти муассисаи таълимӣ метавонад ошхона ва буфети муассисаро то ба эътидол омадани вазъияти паҳншавии бемориҳои сироятӣ аз фаъолият боздорад; 

— фурӯши ҳамагуна маводи хӯрока ва нӯшокиҳо дар дохили муассисаи таълимӣ қатиян манъ карда шавад;

— хонандагон метавонанд бо худ оби ҷӯшомадаро аз хона биёранд;

— маъмурияти муасисаи таълимӣ метавонад дар ҳолатҳои алоҳидаи хоси маҳал дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори далатӣ барои пешгирӣ ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ чораҳои иловагӣ андешад;

— масъулини муассисаи таълимӣ бо истифода аз имконият ва захираҳои мавҷудаи муассиса то ҳадди ақал бехатарии хонандагону омӯзгорон ва кормандон таъмин намоянд.