Рӯзи 5 август таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи навбатии Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 баргузор гардид.
Бино ба гузориши АМИТ “Ховар”, дар ҷаласа вазъи имрӯза, тадбирҳои омодабошӣ ҷиҳати ташхис ва муолиҷаи беморон, захира ва нигоҳдории маводи доруворию маҳлулҳои безараргардонӣ, тайёр намудани мутахассисони соҳаи тиб, омода сохтани муассисаҳои таълимӣ ба соли нави хониши 2020-2021, ки аз 17 августи соли 2020 оғоз мегардад, пурзӯр кардани тадбирҳо ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ, ҳамкории мутақобилаи сохторҳои аъзои ситод, баргардонидани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кишварҳои хориҷӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шудаанд.
Таъкид гардидааст, ки дар баъзе аз кишварҳои ҷаҳон мавҷи дуюми бемории сироятии COVID-19 ба қайд гирифта шуда, мутахассисони соҳаи тиб сабаби хуруҷи навбатиро дар омилҳои гуногун, аз ҷумла беэътиноии аҳолӣ ба қоидаҳои беҳдоштии шахсӣ ва ҷамъиятӣ, аз қабили истифодаи ниқоб ва риояи ҳатмии фосилаи иҷтимоӣ арзёбӣ мекунанд.
“Мутаассифона, вақтҳои охир дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон низ сокинон ба риояи ин қоидаҳо бепарвоӣ зоҳир мекунанд, ки ин барои пешгирии бемории сироятии COVID-19 халал ворид карда, имкони паҳн гаштани ин вирусро ба миён меорад”, — нигаронӣ шудааст дар ҷаласаи Ситод.
Вобаста ба ин Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 оид ба ҷоннок намудани фаъолияти вазорату идораҳои дахлдор дар самти назорати риояи қоидаҳои беҳдоштии шахсӣ ва ҷамъиятӣ аз ҷониби сокинон, назорати марказҳои хизматрасонӣ, таҳти назорати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додани Комиссияи кории байниидоравӣ бо мақсади муайян намудани ҳолати омодагии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави таҳсили 2020-2021, андешидани чораҳои қатъии пешгирикунанда ва зиддиэпидемикӣ, таъмини иҷрои саривақтии чорабиниҳои беҳдоштӣ, Дастури тавсиявӣ “Оид ба ташкили кори муассисаҳои таълимӣ дар шароити боқӣ мондани хатари паҳншавии COVID-19” ва “Талабот оид ба тартиби истифодабарии ниқоб”, таҳия намудани барномаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ, таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, инчунин баъдидипломиро барои ду ҳафта, яъне аз 17 август то 1 сентябр доир ба мавзӯъҳои азхуднашудаи соли таҳсили 2019-2020, риояи қоидаҳои пешгирикунанда ва зиддиэпидемикӣ ҳангоми гузаронидани тӯю маракаҳо ва маросими дафн, ҳамчунин бо мақсади пешгирии паҳншавии коронавируси COVID -19 роҳандозӣ намудани чораҳои зарурӣ ҳангоми амалӣ намудани парвозҳои байналмилалӣ қарорҳои дахлдор қабул намудааст.