Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ қарор дар бораи ҷорӣ шудани тарифҳои нави роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии пойтахтро имзо кард. Зикр мегардад, ки қарори мазкур бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои мусофирони воситаҳои нақлиёти мусофирбари коммуналӣ ва дар ин замина беҳтар гардонидани даромаднокии корхонаҳои нақлиётии пойтахт” тасвиб шудааст.
Бино ба ин қарор, ки рӯзи 26 август имзо шудааст, билети нимсолаи равуо дар нақлиёти ҷамъиятӣ барои хонандагони мактабҳо 150 сомонӣ, донишҷӯён — 200 сомонӣ ва дигар шаҳрвандон — 300 сомонӣ муқаррар шудааст. Билети яксолаи истифода аз ин навъи нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахт мутаносибан 200, 300 ва 500 сомониро ташкил медиҳад.
Таъкид шудааст, ки дастрас намудани кортҳои пластикии дорои тарофаҳои “Нимсола” ва “Солона” ихтиёрӣ буда, бе назардошти пардохти фарқияти тариф аз ҳисоби буҷет роҳандозӣ карда шавад.
Айни замон қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шудааст.
Ёдрас мекунем, ки аз 1 марти соли 2018 дар Душанбе корти ягонаи Cityсard амал мекунад, ки нархи ҳадди ақали он ба 7 сомонӣ баробар аст.