Пандемия, қарзи бонкҳо ва банкоматҳои холиву фоизҳои баланд

Shared to Facebook

Бонки миллии Тоҷикистон дар як ҷаласа бо ҳузури роҳбарони ташкилоти қарзии молиявӣ вазъи низоми бонкӣ дар ҷумҳуриро баррасӣ кард.

Дар ин ҷаласа Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ба масъулини ташкилоти қарзии молиявӣ барои азхудкунии маблағҳои ҷудокардашуда ва истифодаи маблағҳои озод барои додани қарз, паст кардани меъёри фоизии қарзҳо ва пешниҳоди қарзҳои дастрас, аз ҷумла баҳри дастгирии бахши истеҳсоли ватанӣ ва ба ин васила саҳм гузоштан дар рушди иқтисодиёт, ҷалби пасандозҳо, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои бонкӣ, коҳиш додани ҳаҷми қарзҳои ғайрифаъол, васеъ кардани шабакаи хизматрасониҳои бонкӣ, бознигарӣ кардани таррофаҳои бонкҳо барои мизоҷон, сари вақт пур кардани банкоматҳо бо пули нақд, таъмини шаффофият дар фаъолият ва пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ дар ташкилоти қарзии молиявӣ дастуру супоришҳо додааст.

Раиси Бонки миллӣ гуфтаст, дар сохтори идоракунӣ риояи муқаррароти нави қонунгузории бонкӣ дар мавриди фаъолияти якҷояи хешовандон дар як ташкилот таъмин карда шуда, тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ ва дохилӣ ба низом, пешниҳоди саривақтии пардохтҳо ба корхонаву муассисаҳои бо воридоти маҳсулоти озуқаворӣ машғул, самарабахш истифода бурдани қарзҳои байнибонкӣ ва кам кардани маржаи фоизии он роҳандозӣ карда шавад:

“Дар баробари ин Ҷамшед Нурмаҳмадзода аз роҳбарони ташкилотҳои қарзии молиявӣ даъват ба амал овард, ки барои бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намудани фаъолияти нуҳмоҳаи низоми бонкии мамлакат ва баҳри дар сатҳи баланди сиёсӣ ва ташкилӣ пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузоранд”, — гузориш дод шӯъбаи матбуоти Бонк.

Дар ҷаласа ҳамчунин вобаста ба сиёсати қарзии ташкилоти қарзии молиявӣ ва таҳлилу ҷамъбасти онҳо бо дарназардошти таъсири пандемияи COVID-19, ҷой доштани масъалаҳои ҳалталаб дар фаъолияти кормандони масъули ташкилоти қарзӣ, пешгирии хавфҳои қарзӣ ва кам кардани таъсири онҳо ба вазъи молиявии ташкилоти қарзӣ, васеъ кардани қарздиҳии хурд ва миёна бо пешниҳоди таҳлилҳо баррасӣ гардидааст:

“Ташкилотҳои қарзии молиявӣ бояд фаъолияти худро дар самти тавсеа бахшидани қарздиҳӣ, ки яке аз вазифаҳои асосии низоми бонкӣ маҳсуб меёбад, таҷдиди назар карда, маданияти қарздиҳиро бо назардошти пешбинии хавфҳои ба он марбут ва риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд”, — таъкид шудааст дар ҷаласа.

Гуфта шудааст, ба таври ҷиддӣ риоя гардидани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунанда ва дастурҳои Бонки миллии Тоҷикистон аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ, диққати ҷиддӣ додан ба чораҷӯиҳо ва коҳиш додани қарзҳои ғайрифаъол, беҳтар кардани идоракунии корпоративӣ, пурзӯр кардани низоми назорати дохилӣ, баланд бардоштани тахассусияти кормандон, кам кардани истифодаи омилҳои инсонӣ зимни амалиётҳо боиси беҳтар гардидани иқтидори идора ва пардохтпазирии ташкилот аст:

“Аз ин рӯ, риояи талаботҳои мазкур барои ҳар як ташкилот ҳатмӣ ва зарур дониста мешавад”, — таъкид кардааст муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода.

Ба гуфтаи ӯ, барои беҳтар намудани сифати сандуқи қарзӣ, пешгирӣ намудани талафоти имконпазир аз рӯи қарзҳо, саривақт баргардонидани қарзҳои додашуда ва таъмини пардохтпазирӣ ташкилотҳои қарзии молиявӣ чораҳои саривақтӣ андешанд. Ташкилотҳои қарзии молиявиро зарур аст, ки барои мақсаднок истифода бурдани қарзҳои додашуда корҳои фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ намуда, баҳри таъмини қарзҳо ва ҷалби пасандозҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.