Департаменти давлатии Амрико аз осоиштагии интихоботи Тоҷикистон изҳори хушҳолӣ кардааст. Бино ба хабари сомонаи “Озодӣ”, Департаменти давлатии ИМА дар сафҳаи твитерии Бюрои умури Осиёи Ҷанубӣ ва Миёна навиштааст:
“Аз дидани он хушҳолем, ки интихоботи президентии Тоҷикистон дар давраи пандемияи пуразоби ҷаҳонӣ орому осуда ва ботартиб гузашт. Аммо ҳамоно ислоҳоти муҳиме бояд амалӣ карда шавад, ки аз ҷониби САҲА/ODIHR барои кафолати шароити зарурии интихоботи демократӣ тавсия шудааст”.
Қабл аз ин нозирони байналмилалӣ аз ИДМ ва СҲШ интихоботи президентии рӯзи 11 октябр дар Тоҷикистонро шаффоф ва мутобиқ ба меъёрҳои демократия номиданд ва низ аз сатҳи баланди ташкил ва баргузории интихобот тавсиф карданд.
Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон (ODIHR)-и Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо гуфт, арзёбии ниҳоии коршиносони ин ҳайат бо шумули машваратҳо ҷиҳати ислоҳи раванди интихоботро тақрибан пас аз 8 ҳафта нашр мекунад.