Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) таҳти роҳбарии Ҷаъфар Ахмедов дар Чемпионати Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки дар Ӯзбекистон баргузор гардида истодааст, бо пирӯзӣ оғоз намуданд, хабар додааст Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дар оғози мусобиқа дастаи мо бар дастаи Туркманистон бо ҳисоби 5:1 ғолиб омад. Дар ҳайати мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дублҳоро Сиёвуш Назаров ва Муҳаммадҷон Кароматуллозода анҷом доданд. Ҳамчунин як голро Алиҷон Шухратҷонзода ба ҳадаф расонд.
Дар даври баъдӣ, рӯзи панҷшанбе, 9 апрел, мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) бо ҳамсолони худ аз Қирғизистон рӯбарӯ мешавад, ки дар даври аввал бар дастаи Афғонистон бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуда буд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон











