Брифинг дар ВКХ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон

Shared to Facebook Shared to Max

30 марти соли 2026 таҳти роҳбарии муовини Вазири корҳои хориҷӣ Саноӣ Бойзода дар Вазорати корҳои хориҷӣ бо иштироки роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ брифинг дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2025 ва имкониятҳои сармоягузорӣ ва сайёҳии Тоҷикистон баргузор гардид, хабар додааст ВКХ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.

Дар рафти брифинг муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Аҳлиддин Нуриддинзода, муовини Вазири саноат ва технологияҳои нав Азиз Назар, муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Фаррух Юсуфзода ва муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Рустам Холматиён дар бораи дастовардҳои иқтисодию иҷтимоӣ, рафти татбиқи барномаҳои давлатӣ ва ҳадафҳои стратегӣ, инчунин самтҳои афзалиятноки сармоягузорӣ ва имкониятҳои сайёҳии кишвар маълумоти муфассал манзур намуданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон