Дар толори маҷлисгоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон имрӯз, 8 январ, қуръакашии марҳилаи пешакии аз рӯи ҳисоб 10-умин Ҷоми ФФТ дар минтақаи Душанбе баргузор шуд.
Чун анъана, Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ду марҳила – пешакӣ ва ниҳоӣ баргузор мешавад. Дар марҳилаи пешакӣ, мусобиқаҳо дар се минтақа – Душанбе, Суғд ва Хатлон баргузор мешаванд. Мусобиқа дар Душанбе 23 январ оғоз меёбад.
Дар минтақаи Душанбе, ки чор дастаи лигаи олӣ ва панҷ намояндаи дивизиони якум ширкат меварзанд, дастаҳои аз рӯи натиҷаи қуръакашии «нобиноёна»-и имрӯза, ба ду гурӯҳ тақсим карда шуданд. Ба гурӯҳи “А” дастаҳои “Локомотив-Помир”, “Регар-ТадАЗ”, “Кӯктош”, КМВА ва “Шоҳмансур” шомиланд. Гурӯҳи “В” аз дастаҳои “Душанбе-83”, “Ваҳдат”, “Истиқлол” ва “Барқчӣ” иборат аст.
Дар минтақаи Душанбе бозиҳои гурӯҳӣ ба тартиби даврагӣ дар як қисм баргузор мешаванд. Аз рӯи натиҷаҳои даври гурӯҳӣ, ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ба финали Ҷоми Федератсия-2021, ки моҳи феврал дар Душанбе баргузор мешавад, роҳ меёбанд.
Ёдрас мешавем, ки бо қарори Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамаи дастаҳо аз аъзоҳақӣ барои иштирок дар Ҷоми ФФТ-2021 озод карда шуданд. Тамоми хароҷоти ташкили мусобиқаро Лигаи футболи Тоҷикистон бар дӯш мегирад.
Натиқаи қуръакашии марҳилаи пешакии Ҷоми ФФТ-2021 дар минтақаи Душанбе:
Гурӯҳи «А»: «Локомотив-Помир», «Регар-ТадАЗ», «Кӯктош», КМВА, «Шоҳмансур».
Гурӯҳи «Б»: «Душанбе-83», «Ваҳдат», «Истиқлол», «Барқчӣ».