Даромади ширкатҳои мобилӣ афзуд, хизматрасонӣ беҳ нашуд

Shared to Facebook

Бино ба маълумоти Хадамоти алоқаи назди Тоҷикистон, теъдоди истифодабарандагони интернет дар ҷумҳурӣ 3,34 миллион нафарро ташкил медиҳад. Муовини сардори Хадамоти алоқа Илҳом Атоев дирӯз дар нишасти матбуотии ин ниҳод гуфт, дар соли 2020 дар Тоҷикистон шумори умумии симкортҳои истифодабарандагони алоқаи мобилӣ ба 7,28 млн расидааст. Дар ин давра дар Тоҷикистон 5,43 млн муштариёни фаъол ба қайд гирифта шудааст.

Дар айни замон 4,5 миллион муштарӣ симкортҳояшонро бо шиносномаи нави ID корти барориши соли 2014 сабти ном кардаанд. Бино ба маълумоти Хадамоти алоқа, айни замон 2,6 миллион нафар симкортҳои худро бо ID-шиносномаҳои намунаи соли 2014 сабти ном накардаанд. Муҳлати сабти симкорт бо шиносномаҳои нав то 15 феврали соли 2022 муайян шудааст.

Бо вуҷуди афзоиши босуръати шумораи муштариёну корбарон, Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯяд, хизматрасонии пасти ҳам интернетиву ҳам тамосии ширкатҳои  мобилии Тоҷикистонро мушоҳида накардаанд.

Атоев гуфт, шояд шикоятҳо дар бораи сатҳи пасти хизматрасонӣ мавҷуданд, аммо онҳо инро мушоҳида накардаанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳатто аз ҷониби шӯъбаҳои назорати ин самти Хадамоти алоқа чунин камбудиҳо ошкор нашудааст.

Ӯ аз як феҳристи байналмилалӣ мисол оварда гуфт, хизматрасониҳои итернетӣ ва ҳам гуфтугӯӣ нисбат ба солҳои қаблӣ хуб шудааст ва миёни давлатҳои минтақа ҷойи созгорро касб намудааст.

Қаблан дар пайи боло бурдани нархи хизматрасониҳои мобилӣ, мақомот ваъда дода буданд, ки сатҳи хизматрасонӣ беҳтар мешавад.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти расмӣ, даромади корхонаҳои зерсохтори Хадамоти алоқа дар якҷоягӣ бо операторон ва провайдерҳои хусусӣ афзуда, дар соли 2020 ба 2,7 млрд сомонӣ расидааст.