Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов дар доираи сафари корӣ ба Афғонистон бо Раисиҷумҳури он кишвар Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, Раиси Шӯрои Олии мусолиҳаи миллӣ Абдуллоҳи Абдулло, Муовини якуми Раисиҷумҳур Амрулло Солеҳ, Раиси парламенти он кишвар Мир Раҳмон Раҳмонӣ, Раиси Шӯрои амнияти миллӣ Ҳамдуллоҳи Муҳиб, Сардори Раёсати умумии амнияти миллӣ Аҳмад Зиё Сироҷ, Вазири корҳои хориҷӣ Ҳаниф Атмар ва дигар роҳбарону намояндагони мақомоти баландпояи Афғонистон мулоқотҳои алоҳида анҷом додааст.
Ин сафари Раиси КДАМ ҶТ рӯзҳои 14-16 феврал ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалии “Мубориза бо терроризм ва густариши ҳамкориҳои минтақавӣ барои рафъи таҳдидҳои террористӣ” ба шаҳри Кобул сурат гирифт.
Бино ба хабари расмӣ, дар рафти гуфтушунидҳо вазъи амниятии ду кишвари дӯст ва минтақа, ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ, мубориза бо терроризм ва экстремизм, қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир мавриди баррасӣ қарор дода шуда, доир ба мавзӯъҳои мазкур табодули афкор сурат гирифт:
“Зикр гардид, ки Тоҷикистон ҷонибдори таъмини суботу амният дар Афғонистон буда, муҳимияти онро барои ҳарду кишвар ва минтақа доимо таъкид медорад. Ниҳоӣ шудани гуфтушунидҳои тарафҳои даргир, хотимаи ҷанг дар Афғонистон ва пешгирӣ аз фаъолияти мақсаднок ва номатлуби доираҳои манфиатдор бо истифода аз гурӯҳҳои байналмилалии террористӣ, аз омилҳои муҳимтарини таъмини амният маҳсуб мегарданд”.
Ҷонибҳо мувофиқати комили мавқеи ҳамдигарро дар масъалаҳои матраҳшуда изҳор дошта, таъкид намудаанд, ки ду мамлакати дӯсту бародар ва ҳамзабону ҳамфарҳанг омодаанд, ҳамгироӣ ва муносибатҳои ҳасанаро дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва алалхусус, амниятӣ боз ҳам тақвият ва тавсеа бахшида, ба ин васила ба сулҳу субот ва оромию осудагӣ дар минтақа мусоидат намоянд.
Ҳамчунин С. Ятимов дар конфронс бо маъруза баромад карда, масъалаҳои мубрами таъмини сулҳ дар Афғонистон, ҳузури густурдаи созмонҳои террористии байналхалқӣ, таҳдиди онҳо ба кишварҳои минтақа, омилҳои солимгардони вазъро дар сарзамини ҷафокашидаи ҳамсоя ва сарҳадот мавриди муҳокима қарор додааст.
Мақомот мегӯянд, сафари ҳайати Тоҷикистон ба Афғонистон дар фазои дустӣ, якдигарфаҳмии комил ва самаранок анҷом пазируфт.
Ин сафари корӣ ба Кобул ва иштироки ҳайати Тоҷикистон дар конфронси байналмилалӣ дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбати телефонӣ бо Раисҷумҳури Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ гуфтанд, Тоҷикистон аз Ҳукумати Афғонистон дар доираи талошҳои пайвастаи он ҷиҳати истиқрори сулҳу субот ва бозсозии кишвар ҳамеша пуштибонӣ мекард ва дар ин мавқеъ минбаъд низ устувор мемонад.