11 март даври сеюми ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҷопон дар шакли маҷозӣ баргузор шуд, хабар доданд аз Вазорати корҳои хориҷӣ.
Ҳайатҳои тарафҳоро Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ ва Намояндаи махсуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Токуда Шуичӣ роҳбарӣ кардаанд:
“Дар ройзаниҳо тарафҳо ҳолат ва дурнамои густариши муносибатҳои ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Ҷопонро баррасӣ карда, пиромуни масъалаҳои муҳимми минтақавӣ ва байналмилалии мавриди эҳтимоми муштарак табодули афкор намуданд”, — омадааст дар хабар.
Зикр шудааст, ки муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷопон дар тамоми арсаҳо пайваста ва ҳадафмандона густариш меёбанд. Дар ин замина аҳаммияти лоиҳаҳое, ки аз ҷониби Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA) дар қаламрави Тоҷикистон амалӣ мегарданд, таъкид гардидааст.
Тарафҳо ба зарурати ҳамкориҳои минтақавӣ дар чаҳорчӯби Муколамаи “Осиёи Марказӣ+Ҷопон” таъкид намуда, таҳкими ҳамкориҳоро дар сатҳҳои дуҷониба ва бисёрҷониба зарур шумориданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин бо ишора ба аҳаммияти идомаи раванди сулҳ дар Афғонистон ба зарурати мусоидати ҷомеаи байналмилалӣ ба ин кишвар таъкид кардаанд.
Дар поёни ройзаниҳои сиёсӣ омодагӣ ва рағбати тарафайн ба густариши бештари муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни ду кишвар дар ҳамаи соҳаҳо изҳор гардидааст.