Ахбори Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Shared to Facebook

ВКХ: Тоҷикистон САҲА-ро платформаи муҳим барои муколамаи созанда мешуморад

15 апрел Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Вазири корҳои хориҷии Шветсия — Раиси амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) Анн Линдеро, ки бо сафари корӣ ба Душанбе омад, ба ҳузур пазируфт:

“Дар рафти мулоқот доираи васеи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо Шветсия, инчунин ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби САҲА мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо ҳамчунин вазъро дар минтақа ва Афғонистон баррасӣ намуданд”, — хабар дод ВКХ Тоҷикистон.

Мусоҳибон аҳаммияти муқовимати муштарак алайҳи чолишҳои муосир, аз қабили таъсири бемории ҳамагирии COVID-19 ба иқтисодиёт, тағйирёбии иқлим, мубориза алайҳи терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир ва киберҷиноятҳоро таъкид кардаанд.

Сироҷиддин Муҳриддин қайд намудааст, ки Тоҷикистон САҲА-ро ҳамчун платформаи муҳим барои муколамаи созанда шуморида, ҷиҳати тавсеаи муносибатҳо бо Созмон дар доираи ҳар се ченак – низомӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-муҳитзистӣ ва инсонӣ ҳавасманд мебошад.

Дар доираи муносибатҳои дуҷониба тарафайн омодагии худро ҷиҳати истифодаи имкониятҳои фаровон барои густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисодӣ ва савдо, энергетика, маориф, амният, сайёҳӣ ва тағйири иқлим изҳор намудаанд.

Ройзаниҳои сиёсии гурӯҳи кишварҳои Вишеград ва Осиёи Марказӣ

15 апрел ройзаниҳои сиёсии маҷозии муовинони вазирони корҳои хориҷии гурӯҳи кишварҳои Вишеград (Полша, Венгрия, Словакия ва Чехия) ва Осиёи Марказӣ баргузор гардидаанд. Ҳайати Тоҷикистонро дар ин муколама Муовини вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода роҳбарӣ намудааст:

“Дар рафти чорабинӣ ҷонибҳо роҷеъ ба масоили таҳкими робитаҳои байниминтақавӣ, густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, энергетика, сайёҳӣ, маориф ва ҳифзи муҳити зист гуфтугӯ намуданд”,-хабар дод ВКХ Тоҷикистон.

Амалисозии роҳбурди нави Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ, барқарорсозии иқтисодиёт дар пасманзари ҳамагирии COVID-19 ва амнияти минтақавӣ дар меҳвари ин нишаст қарор гирифтаанд.

Мулоқоти Сафир бо президенти Палатаи тиҷорат ва саноати Русия

Ҳафтаи гузашта Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов бо президенти Палатаи тиҷорат ва саноати он кишвар Сергей Катирин мулоқот кардааст:

“Дар он дидор ҷонибҳо дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат ва сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор дода, роҷеъ ба роҳҳои таҳкими шарокат миёни доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Русия табодули афкор намуданд”, — хабар дод Сафорати Тоҷикистон дар Русия.

Сатторов ва Катирин зарурати баргузории форумҳои тиҷоратӣ ва намоишгоҳҳои соҳавиро ба мақсади мубодилаи афкор ва таҷрибаи соҳибкорони ду кишвар таъкид кардаанд. 

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагиро ҷиҳати мусоидат ба рушди баъдии ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Русия дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат ва сармоягузорӣ изҳор кардаанд.