Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 20 апрел ба якчанд қонун, аз ҷумла қонунҳо “Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон”, оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ба қонунҳо “Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо”, “Дар бораи ниҳолпарварӣ”, кодексҳои ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо гузоштаанд.
Бино ба маълумоти Хадамоти матбуотии Сарвари давлат, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” қонунҳои мукаммал буда, асосҳои ташкиливу ҳуқуқӣ ва самтҳои фаъолияти онҳоро танзим менамоянд.
“Тағйиру иловаҳои воридгардида ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”, кодексҳои ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба такмили сохтори мақомоти судӣ, беҳдошти фаъолияти он, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои иштирокчиёни мурофиа ва паҳлуҳои дигари соҳа нигаронида шудаанд”, — омадааст дар иттилоия.
Зикр мегардад, ки қонунҳои баимзорасида ба ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини амнияти давлату ҷамъият, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, рушди соҳаи илм ва беҳдошти зиндагии мардум равона шудаанд.