Дар ВКД танзими муҳоҷирати меҳнатиро баррасӣ карданд

Shared to Facebook

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода зимни мулоқот бо сардори Сарраёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия, генерал-лейтенанти политсия Валентина Казакова ҳамкориҳо дар соҳаи танзими муҳоҷирати меҳнатиро баррасӣ кардааст.

Бино ба маълумоти Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, “зимни мулоқот маҷмӯи масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ — шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия кору фаъолият менамоянд, мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор гирифт”.

Ҷонибҳо  раванди ҳамкориро дар соҳаи танзими муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия, пешгирии афзоиши муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва номуташаккил, ташаккули заминаҳои ҳуқуқӣ ва ташкили механизм барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба муҳоҷиронро мавриди баррасӣ қарор доданд, омадааст дар хабар.

Ҳамчунин, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба вазъи ҳамкории мақомоти корҳои дохилӣ дар соҳаи муқовимат бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ, баланд бардоштани самаранокии ҳамкорӣ, мубодилаи иттилоот ва қонунигардонии буду боши муҳоҷирони меҳнатӣ дар қаламрави Русия гуфтугӯ кардаанд.